Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Хизмат ба ватан – шараф аст!!!

Хизмат ба ватан – шараф аст!!!

15-10-2015, 08:40
Хабарро хонданд: 481 нафар
Назарҳо: 0
Хизмат ба ватан – шараф аст!!!Бо мақсади иҷрои вазифагузории дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мувофиқи нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум аксияи «Мо ҳомиёни ин Ватанем» гузаронида шуда истодааст. Баҳри мусоидат намудан дар муташаккилона доир гардидани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон ба қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонони коллеҷи тиббии шаҳр ва синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1,14 ва гимназия бо ҷавонон вохӯриҳо гузаронида шуда, дар бораи муқаддас будани хизмат ба Ватан ва қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард буданаш аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо бонувон Бадалова С.Р ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» Анис Ҳотамӣ баромад шуд. Дар шаҳраки Зарнисор бошад, чорабинҳои ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аз рӯи намуди карате-до, вазнбардорӣ ва гӯштингирӣ байни мактабиён гузаронида шуд. Дар ҷамъомад Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум Қосимова К.М ва раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Зарнисор Шарифова Ш.Р дар мавзӯи «Хизмат ба ватан – шараф аст» баромад намуда, дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон, муҳофизати Ватан-модар, дар бораи содиқ будан ба ватани худ ва аз дилу ҷон дӯст доштани он, дар бораи ифтихори миллӣ ва ифтихори ватандорӣ доштан, дар бораи хештаншиносӣ сухан ронданд. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбиӣ-ватанпарастии ҷавонон ва ҳамеша омода будани онҳо барои муҳофизати марзу буми Ватан, нигаҳдории сулҳу амнияти Тоҷикистони азиз ва ба ободонию созандагӣ роҳандозӣ намудани ҷавонон равона карда шуд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: