Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Bусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани тамоюлҳои бегонапарастӣ

Bусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани тамоюлҳои бегонапарастӣ

13-10-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 407 нафар
Назарҳо: 0
Bусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани тамоюлҳои бегонапарастӣ13-уми октябр дар маҷлисгоҳи раёсати хочагии коммуналию манзилии шаҳри Чкалов мулоқот бо сокинони шаҳр баргузор гардид. Дар он раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Усмонов И. баромад карда, оиди масъалаҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои иғвогарона ва тундрав, вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани тамоюлҳои бегонапарастӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил шудани ҷавонон боиси таҳдиди хатар ба амнияти миллату давлат, ноустувории ҷомеа ва яке аз амалҳои нангин барои ҳар як шаҳрванд мебошад. Мавсуф даъват ба амал овард, ки бояд ҳар як сокини соҳибмиллат баҳри пешгирӣ кардани ин падидаи номатлуб камари ҳиммат баста бошад. Ҳамчунин оиди даъвати наваскарон барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳур, ки вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард мебошад, сухан карда иброз намуд. ки ӯҳдадории ҳарбӣ - ин ӯҳдадориест, ки ба дӯши шаҳрванди ҳар кишвар гузошта мешавад ва он иборат аз хизмат кардан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ баҳри амнияти кишвар аст. Усмонов И. ҳамчунин иброз дошт ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, вай далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди бо нангу номусро нишони медиҳад. Ҳозирин суханони дар боло зикршударо ҷонибдорӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки бояд ҷавонон хизмати Ватан намуда, худро обу тоб диҳанд, то марзу буми кишварамонро ҳимоя карда тавонанд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: