Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РУШДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

РУШДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

8-09-2021, 08:48
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
РУШДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР



Ҳамагон шоҳиди онанд, ки дар тўли солҳои истиқлолият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини тинҷию осоиштагии мардуми кишвар, дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрўю нуфузи давлати тоҷикон чӣ қадар заҳматҳо кашидаанд ва ин давраро бешак солҳои вафо ба аҳд номидан мумкин аст.
Мо набояд фаромўш созем, ки ин марди нексиришт бо мақсади пурра амалӣ гардонидани қарорҳои Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳўм ва ба даст овардани сулҳу оштии миллии кишвар мувофиқи ваъдаҳои дар иҷлосия додаашон, ҷони худро борҳо зери хатар гузоштаанд.
Мо шоҳиди он будем, ки дар солҳои 1992-1997 Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба барои вохўрӣ бо мухолифин ба давлати ҳамсоя – Афғонистон (ки маркази амалиётҳои террористон буд) ва дигар минтақаҳои он замон ниҳоят хавфноки ҷумҳурӣ, ҷасурона сафар мекардаанд.
Роҳбари тозиинтихоби давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҳолатҳои дар он рўзҳо ногувор сабру таҳаммулро пеша карда, ба хотири таъмини оромии сиёсии мамлакат гузаштҳои зиёд мекарданд.
Натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар буд, ки тоҷикон моҳи июни соли 1997 ба имзои Созишномаи сулҳ муваффақ гардиданд ва онро яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият ҳисобидан мумкин аст.
Имрўзҳо ҳар як фарди солимақл дарк менамояд, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, пурзўр намудани мубориза бар зидди ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ, тадбирҳои ниҳоят муҳим андешида истодаанд.
Баҳри ноил шудан ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар. 4 ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани ҷумҳурӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва саноатикунонии устувори мамлакат), ки бо иқдоми бевоситаи Сардори давлат қабул гардида, имрўзҳо муваффақона амалӣ шуда истодааст, мавқеи махсус дорад.
Корҳои азими ободонию бунёдкорӣ, аз қабили сохтмонҳои нақбу кўпрукҳо ва роҳҳои ба талаботҳои байналмиллалӣ ҷавобгў, идома ёфтани тадбирҳои судманд бобати бунёди нерўгоҳҳои хурду бузург, алалхусус нерўгоҳи Роғун, ки иншооти бузурги аср ва кафолатдиҳандаи бадастоварии истиқлолияти пурраи энергетикии мамлакат мебошад, ҳамчунин афзоиши мунтазами хароҷотҳои буҷети давлатӣ барои маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ, далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Таҷлили пуршукўҳу ботантанаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори дигар ба ҷаҳониён хиради азалии мардуми тоҷик, дурандешии сиёсию заковати бузурги фарзандони далеру шуҷои миллатро баҳри муттаҳид намудани тамоми қувваҳои солим ҷиҳати аз вартаи касодӣ халос намудани халқу давлат ва ба роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронидани мамлакат муаррифӣ хоҳад намуд.
Ҳар як фарди баору номуси миллатро зарур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдати имрўза расида, аз ҳодисаҳои солҳои 90 асри гузашта ба вуқўъомада, хулосаҳои лозимӣ бароварда, бобати таҳкими дўстиву рафоқат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар, ҳалли муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда ва тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ дар саросари мамлакат саҳмгузор бошанд ва дар ин асос, мо метавонем баҳри ҳарчи зудтар ба иҷро расонидани ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ноил шудан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат мусоидат намоем.
Танҳо бо ин роҳ мо метавонем кишвари азизи хешро дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гардонем ва бори дигар исбот намоем, ки ҳар яки мо ворисони арзандаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Синою Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва дигар алломаҳои миллати тоҷик ҳастем.




КАРАМУЛЛО ОДИЛОВ -
собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди
Шўравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: