Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ- РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ- РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

24-08-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат тавассути сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар силсиланерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна.
Аз Барномаи ҲХДТ

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати Худододаи давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Нерўгоҳи барқии обии Бойғозӣ, энергетикҳо, кормандони нерўгоҳ ва тамоми мардуми шаҳри Норак ҳамчун нафароне, ки моҳияти нерўгоҳро ба хубӣ дарк менамоянд ва пас аз ба кор даровардани НБО-и Роғун истиқлолияти энергетикии кишвар ба пуррагӣ таъмин гардида, имконияти интиқоли қувваи барқи зиёдатӣ ба хориҷи мамлакат зиёд мегардад. Тайи панҷ соли охир дар нерўгоҳи барқии обии Бойғозӣ таҷдиди дастгоҳҳои системаи ангезишӣ-терристорӣ, назорати ҳароратии генераторҳо системаи муҳофизатӣ, хати интиқоли барқи 8-Д ва системаи компрессорҳои нерўгоҳ ба пуррагӣ иваз гардиданд. Айни ҳол таҷдиду азнавсозии васлакҳои баландшиддати дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва васлакҳои генераторӣ марҳала ба марҳала иҷро гардида истодаанд. Бо пайвастшавии хати интиқоли барқии 500 кВ-и шимолу ҷануби сохтмонҳои НБО-и Сангтуда- 1 ва 2 истеҳсоли нерўи барқ зиёд шуда, маҳдудияти истифодаи барқ мутаносибан кам гардид.
Новобаста аз корҳои истеҳсолӣ аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии нерўгоҳи барқи обии Бойғозӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳмгузор буда, барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар пайваста азму талош меварзанд.

Ҳайати 229 – нафараи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти мазкур ҳамеша ҷиҳати роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда мегузоранд.

Рустам ЗОҒАКОВ, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар НБО-и Бойғозӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: