Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ АМАЛИКУНАНДАИ ОРМОНҲОИ МАРДУМ

ҲИЗБИ АМАЛИКУНАНДАИ ОРМОНҲОИ МАРДУМ

2-12-2020, 14:34
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ АМАЛИКУНАНДАИ ОРМОНҲОИ МАРДУМ
Моҳи декабри соли 1994 ҳизби нави сиёсӣ, бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат ворид шуд. Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 25 июни соли 1997, дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардид ва дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар тӯли солҳои сипаригардида ҳизби мазкур баҳри амалигардонии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, таҳкимбахшии пояҳои давлатдорӣ, таъмини фазои ороми сиёсӣ ва тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, саҳми арзандаи хешро гузошта меояд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳизби мазкур дар давраи ниҳоят мушкили сиёсию иқтисодии мамлакат ба фаъолият шурӯъ намуд ва дар он солҳо ҳатто ба узвияти ҳизб ҷалб намудани аъзои фаъолу соҳибтаҷриба мушкилотҳои зиёдеро дошт.
Ҳангоме, ки қисми ҷануби мамлакат дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошту гуногунандешиҳо бобати пойдории давлат, муборизаҳои пасипардагӣ баҳри ба даст овардани қудратҳо, маҳалгароию мансабталошиҳо ва дигар зуҳуроти зӯровариҳо баҳри соҳиб шудан ба дороиҳо дар авҷ буд, таъсис додани ҳизби нави сиёсиро баҳри наҷоти миллат аз ин вазъиятҳои ногувор, худ як қаҳрамонӣ ҳисобидан мумкин аст.
Шоҳидони бевоситаи нооромиҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта хуб медонанд, ки пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди 15 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод давлатҳои соҳибистиқлоли алоҳида ба вуҷуд омаданд, ки дар қатори онҳо, моҳи сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳибистиқлолии хешро эълон намуд.
Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолиаш, кишвари мо ба вазъияти хеле мудҳиши сиёсию иқтисодӣ дучор гардид, ки дар натиҷаи мухолифатҳои маҳалгароёнаи дохилию дахолатҳои беруна, моҳи майи соли 1992 дар қисми ҷануби Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ барангехта шуд.
Миллати куҳанбунёди тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷангҷӯ набуд, вале ихтилофҳои зери ниқоби ошкорбаёнию демократияи дар он солҳо ҷомеаи моро фарогирифта, нокифоягии таҷрибаи давлатдории мустақилонаи сиёсатмадорони вақт, мавҷудияти як қатор муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ниҳоят боло гирифтани ҳисси мансабталошию маҳалгароии гурӯҳи сиёсатмадорон ва фирефтаи дасисабозиҳои аҷнабиён гардидани аксари мардуми ноогоҳ, боиси қонуншиканиҳои бесобиқа ва қатлу кушторҳо дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои қисми ҷануби кишварамон гардид.
Ҳодисаҳои даҳшатборе, ки солҳои 1992-1993 дар минтақаҳои собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омаданд, вазъи сиёсию иҷтимоии кишвари моро хеле мураккаб гардонида, ҳатто хатари аз байн бурдани давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷиконро ба амал оварда буд.
Хушбахтона, ақли солим ва хиради азалии фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик ғалаба карда, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихию наҷотбахши XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (алҳол, Суғд) баргузор гардида, қарорҳои вакилони ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ баҳри аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ додани кишвар ва ба арсаи сиёсати калон ворид намудани як шахсияти ҷонфидою нодир, инсони хирадпешаю сулҳовар, Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хеле нақши муҳим бозидааст.
Таъкид намудани он бамаврид аст, ки аз оғози фаъолияти хеш, Сарвари кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон бобати ба талаботҳои демократия ҷавобгӯ гардондани низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии мамлакат, эътибори махсус дода меоянд.
Дар хотир дорам, ки ҳанӯз солҳои 1993-94, бо мақсади заминаи воқеӣ гузоштан дар самти фаъолияти бонизоми ҳизбҳои сиёсӣ ва мусоидат намудан ба таҳияи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо, дар шароити мавҷудияти бисёрҳизбӣ, Эмомалӣ Раҳмон тарафдори таъсис додани ҳизбҳои нави сиёсӣ буданд.
Таърих гувоҳ аст, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсафони содиқи он кас, 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номнавис гардид ва зина ба зина кумиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявии ҳизб дар саросари кишвар ба фаъолият оғоз намуданд.
Ҷоизи зикр аст, ки дар вазъияти мушкили сиёсию иқтисодии он солҳо дар ҷойи холӣ таъсисдиҳии ин ҳизби нави сиёсӣ хеле мушкилоти зиёдеро дошт, вале ҷасорату иродаи мустаҳками поягузори ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдорони бовафои он кас баҳри муваффақона паси сар кардани кулли монеаҳои мавҷуда, мусоидат намуд.
Дар хотир дорам, ки солҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ масъулини кумиҷроияҳои ҳизб доир ба оинномаю барномаи ҳадафҳо ва зарурияти ба арсаи сиёсат воридшавии ҳизби мазкур бо ҳама шахсиятҳои фаъоли ҷомеа корҳои ташфиқотию тарғиботиро васеъ ба роҳ монда, корхона ба корхона ва маҳали зисти шаҳрвандон рафта, баҳри ба сафи ин ҳизби сиёсӣ ҷалб намудани фардҳои пешқадаму барӯманд, кӯшиш ба харҷ медоданд.
Вазъи молиявии ҳизб дар он солҳо имконият намедод, ки ҳатто хароҷотҳои аввалиндараҷаи кумитаҳои иҷроияи минтақавии ҲХДТ ба пуррагӣ маблағгузорӣ карда шаванд ва аксар кормандони ҳизбӣ ба умеди ояндаи нек, бидуни маош фаъолият мекарданд.
Азбаски ҳадафи асосии таъсисдиҳии ҲХДТ, ҳарчи зудтар раҳои додани кишвар аз вартаи нобудшавӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, дар ин замина, ноил гардидан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, рӯз аз рӯз сафи аъзоёну тарафдорони ин ҳизб афзоиш ёфта, дар айни ҳол, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як ҳизби бонуфуз, дар арсаи байналмилалӣ низ шинохта шудааст.
Дар ин бобат сухан ронда, таъкид кардани онро зарур мешуморам, ки ҳар ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятие, ки манфиатҳои мардумро ҳимоя карда, баҳри тинҷию оромии давлат, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ҳалли муаммоҳои мавҷудаи ҷомеа мунтазам саҳмгузор мешавад, ҳатман сазовори эҳтироми халқу давлат мегардад, ки онро дар мисоли фаъолияти 26-солаи ҲХДТ дидан мумкин аст.
Ҳаёт борҳо исбот намудааст, ки он ҳизбу ҳаракатҳое, ки барномаи созандагӣ надоранд, дар рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлати хеш, ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи он ширкат намеварзанду танҳо мақсадҳои ғаразнок дошта, дар арафаи интихоботҳо ё худ, дигар чорабиниҳои сиёсӣ бо бадномкунии давлату дигар ҳизбҳо ё худ, Сарвари кишвар аз мавҷудияти хеш хабар медиҳанд, ҳеҷ гоҳ ба дастгирии мардуми оқил, ноил нахоҳанд шуд.
Ҷоизи зикр аст, ки роҳбарии бевоситаи ҲХДТ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд ва ин масъулияти аъзоёни ҳизбро ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ва пешбурди сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, хеле баланд мебардорад.
Дастовардҳои беназири кишвари мо дар зарфи солҳои истиқлолият аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Раиси ҲХДТ, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон давлати мо дар шароити оромии сиёсӣ бомаром рушд карда истодааст ва дар ин ҷода, бешубҳа аъзоёни ҳизби мо низ, саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Бобати тарғиботу ташвиқоти ғояҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дар минтақаҳо сари вақт амалигардонии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати мамлакат, нашрияҳои ҳизбӣ мақоми бузургро мебозанд ва дар ин ҷода, ҳафтаномаи «Сухани халқ» низ саҳми арзандаи хешро гузошта меояд .
Агар ба таърихи фаъолияти ҳизбиёни вилоят назар афканем, мебинем, ки дар тӯли солҳои 1994-2020, сарварии кумиҷроияи вилояти Суғдии ҲХДТ-ро Ҷалилов А.Р, Қосимов Қ.Р, Бибихон Азизова, Даврон Зоҳидов, Сарфароз Фаттоҳзода, Матлубахон Амонзода ба ӯҳда доштанду, ҳар яки онҳо бобати ташкили бонизоми фаъолияти ҳизб дар минтақаи шимоли кишвар ва амалигардонии барномаҳои созандаи ҲХДТ, саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.
Аз моҳи ноябри соли 2020 ин ниҳоди масъулиятноки ҳизбиро, боз як инсони соҳибтаҷриба, Исмоилзода Зуфар роҳбарӣ карда истодаанд ва вохӯрию мулоқотҳои самимии раиси тозаинтихоби кумиҷроияи вилоятии ҳизб бо фаъолону тарафдорони ҳизб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳояш, комёб хоҳад шуд.
Рӯз аз рӯз зиёдшавии сафи ҳизбиёни вилоят, ки алҳол ба 150 ҳазор нафар расидааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҲХДТ таҳти Сарварии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳизби созандаю пешбарандаи ҷомеа буда, аъзоёну тарафдорони он баҳри амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат: аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва саноатикунонии устувори кишвар, фаъолона заҳмат мекашанд.
Таъкид кардани он бамаврид аст, ки дар тӯли 26 соли фаъолияти ҲХДТ, роҳбарият ва кулли аъзоёни ҳизби мазкур баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат, сари вақт амалигардонии барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Раиси ҳизб, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешсафиро аз даст намедиҳанд.
Хусусияти фарқкунандаи фаъолияти ҲХДТ аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ дар он аст, ки барномаҳои ҲХДТ бо барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадифанд ва ин масъулияти аъзоёни ҳизбро баҳри иҷрои на танҳо барномаи ҳизбӣ, балки ҷиҳати иҷрои босамару саривақтии барномаҳои умумидавлатӣ боло мебардорад.
Сокинони мамлакат хуб медонанд, ки таклифу пешниҳодҳои Раиси ҲХДТ, Сарвари муаззами кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз тарафи мардуми Тоҷикистон, балки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ пурра дастгирӣ ёфта, як қатор низому қонунҳои дар давлати мо амалкунанда, мавриди омӯзишу истифодабарии дигар давлатҳои сайёра қарор дода шуда истодааст, ки ин боиси хушнудию сарфарозии ҳар яки мо мебошад.
Мо имрӯз хуб дарк мекунем, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бӯҳрони иқтисодию молиявие, ки вобаста ба пандемия бисёр мамлакатҳои абарқудратро фаро гирифта истодааст, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир монда наметавонад.
Вале ҳангоме, ки дар пешорӯи давлат коҳишёбии иқтисодиёт ва вазъияти ноустувори молиявӣ вобаста ба ин вабои аср – бемории сироятии коронавирус меистад, кулли мардуми кишвар, алалхусус, онҳоеро, ки дорои таҷрибаи бойи зиндагию касбӣ мебошанд, тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро новобаста аз ғаразҳои сиёсиашон зарур аст, дар атрофи Сарвари мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳои баамаломада, таклифу пешниҳодҳои худро манзур намоянд ва дар амалисозии барномаҳои зиддибӯҳронӣ фаъолона ширкат варзанд.
Дар ин бобат сухан ронда, нисбати баъзе ашхосе, ки худро «ватанпараст» ҳисобида, танҳо аз хориҷи кишвар ба корҳои анҷомдодашаванда, баҳои ғаразнок медиҳанд, гуфтаниам, ки ҳар фарди ватанпарвар дар мавридҳои мушкилӣ бояд бо халқу ватани худ на дар сухан, балки дар амал якҷоя бошад, роҳи ҳалли кулли муаммоҳо дар ваҳдату ягонагист ва он давлат обод мешавад, ки мардумаш ба ақлу хиради азалии хеш, қувваи бозуи фарзандони бовафояш такя намуда, баҳри таъмини ҳаёти худу пайвандонаш, бо дилу нияти пок заҳмат мекашад.
Умед дорам, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тарафдорони ҳизби мо, баҳри сари вақт амалӣ гардонидани ҳадафҳои барномавии ҳизб чораандешӣ намуда, дар самти ба даст овардани нишондиҳандаҳои беҳтарини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳарчи зудтар ноил гардидан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат, пешсафиро аз даст намедиҳанд.
Солгарди навбатии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакатон бод, ҳамсафони гиромиқадр !

Карамулло Одилов,
муовини раиси Шӯрои собиқадорони
КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: