Таъмини Ваҳдати миллӣ – вазифаи шарафманди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон26-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 459 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи музаффариятҳои беназири миллати тоҷик буда, заминаи пешрафту рушди минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Касби истиқлолияти давлатӣ ифтихори миллӣ мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин миллату халқиятҳое арзи ҳастӣ доранд, ки то ба ҳол соҳиби истиқлолияти миллӣ ва давлати мустақили хеш нагаштаанд. Соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ орзуву мароми халқҳо ва миллатҳои ҷаҳон буд ва мемонад.
Халқи Тоҷикистон ба мисли халқҳои дигари собиқ шӯравӣ дар фазои пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби истиқлолияти давлатӣ гашт. Таъмини истиқлолияти миллӣ ва барпо намудани давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини халқи Тоҷикистон гардид. Роҳбарияти нави сиёсии Тоҷикистонро мебоист дар як муддати кӯтоҳ ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро гузаронад. Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ зарурати ташкили низоми нави идораи давлатӣ, қабули қонунҳои нави мутобиқ ба шароити тағйирёфтаи ҳаёти ҷомеа, гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ бештар эҳсос мегардид. Аммо ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 раванди муътадили ислоҳоти ҷомеа ва давлатро халалдор намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои пароканда намудани ҳудуди Тоҷикистон ва заиф намудани истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳад. Халқи Тоҷикистон аз имтиҳони ҷиддӣ сарбаландона гузашт. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар атрофи роҳбарияти нави сиёсии Тоҷикистон муттаҳид гашта, баҳри таъмини якпорчагии қаламрави давлати тозабунёд, ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ мубориза мебарад. Тоҷикон бори дигар исбот намуданд, ки ҳаққи таърихӣ ба истиқлолияти давлатӣ дошта, миллати тамаддунсоз ва бунёдкор мебошанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳи тоҷикон барои таъмини ваҳдати миллӣ, якдилии иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи халқиятҳои сокини кишвар, рушди минбаъади ҷомеа, ҳаёти осудаҳолона ва арзандаи сокинони ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дошт. Ба туфайли сулҳи тоҷикон хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, парокандагии миллат аз байн меравад, мардуми тоҷик ба кори созандагиву ободкорӣ, ташкили ҳаёти арзандаи хеш шурӯъ мекунад. Солҳои итиқлолияти давлатӣ собит намуданд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли ин солҳо аз таҷрибаи талхи таърихи наздики худ ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Пас аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо дарназардошти дигаргуниҳои куллӣ дар дохили кишвар ва дар арсаи ҷаҳонӣ аниқтар шуданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ чун ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд. Пойдории соҳибистиқлолии давлат, ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ мисли солҳои қаблӣ ба ҳайси вазифаҳои муҳимтарини давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар мадди аввал меистанд. Тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ғояҳои сулҳҷӯёнаи гузаштагони худро пос медоранд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 зикр гардида буд: «Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем». Кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон низ дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда доранд. Мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар иҷрои қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани хоҷагии халқ, ташкили низоми нави молиявӣ, амалӣ гаштани қонунҳои андоз, гумрук ва дигар, ривоҷи соҳибкорӣ фаъолона иштирок намуда, ба иҷроиши онҳо мусоидат намуданд. Кормандони мақомоти прокуратура дар ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин, ки дар солҳои муқовимати сиёсӣ содир шуда буданд, тафтишоти пешакии ҷиноятҳои махсусан вазнин саҳм гузошта, имрӯз низ дар соҳаи назорати иҷрои қонунҳо дар мамлакат, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳаёти осудаҳолонаи мардум, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолона ширкат меварзанд. С. Ҳамрозода, сардори Шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо дар Прокуратураи генералии ҶТ, мушовири адлияи дараҷаи 1 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.