Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ

16-08-2021, 08:46
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ


Мо ба он рӯз расидем, ки Истиқлол аст,

Мо ҳамон манзара дидем, ки Истиқлол аст.

Дар нафас ғул-ғула кардем фараҳмандиро,

Чун дили хеш тапидем, ки Истиқлол аст.

АНДЕША. Воқеан ҳам мо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз аз он ифтихор мекунем, ки давлати озод дорему 30-сол аст, ки Истиқлолияти комили худро ба даст овардаем. Албатта Истиқлолияти давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст наомада буд. Замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, ҳар як давлати пасошӯравӣ орзуи мустақилиятро мекард. Тоҷикистон низ аз зумраи он давлатҳо буда, дар ҳамон замон бо талошу ҷонбозиҳои миллати сарбаландаш ба ин ганҷи ноёб, Истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардид.

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Дар он вақт барои наҷоти миллату давлат шахсе лозим буд, ки зери сиёсаташ мардум озоду давлат рушд кунад. Ниҳоят ба майдони сиёсат шахсияте омаду бори гарони мардуми азияткашидаю ранҷдидаи тоҷикро ба души худ гирифт. Ин марди хирадманд, донишманду дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки кафолати сулҳу амният, пойдории миллат ва тақдири ояндаи халқу давлатро ба зимаи худ гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон барои зиндагии шоистаи мардум, беҳбуд бахшидани вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ чораҳои зарурӣ андешиданд. Зеро дар он вақт вазъият бисёр муташаниҷ ва ногувор буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи яконаи наҷоти халқро дар ҳамон замони мудҳиш дар барқарор намудани сулҳу субот ва ба ҳам овардани миллат дида, ба мардум муроҷиат намуда бо ҳамин мазмун гуфтанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва «То охирин гурезаро ба хоки Ватан бар нагардонам ман худамро озод ҳис карда наметавонам». Бо ҳамин суханони дилбардорона ба дили мардум роҳ ёфтанду ваъдаҳояшонро амалан дар пеши халқ иҷро намуданд.

Бе шубҳа гуфта метавонем, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30-соли соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ба мо муяссар гардид.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як шахси озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишони пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Шукргузорӣ аз он мекунем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократии ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Танҳо мо ба ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем, ки истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромию шукуҳи як давлату миллат аз ҳар як сокини он вобаста аст. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дораду ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Инчунин, барои боз ҳам устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни ниёгонамон масъулияти бузурге ба душ дошта бошем. Дар ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем.

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину арзишмандтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳамарӯзаи мо мебошад. Аз ин лиҳоз орзу мекунем, ки си соли Истиқлолият чун си зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдилию ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеди эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигзор Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созанда роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад!

Саидзода Абдусаттор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: