Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Музаффариятҳои Истиқлолият...

Музаффариятҳои Истиқлолият...

6-09-2016, 14:21
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
Музаффариятҳои Истиқлолият...


9–уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Ҳамин тавр, пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Таҳкимбахши асосии ин Истиқлолият Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири нерӯҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате чанд Истиқлолияти деринтизори мо таҳти фишору хатар монд. Ниҳоят гурӯҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирӯзӣ расиданд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши калидӣ мутааллиқ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Cолҳо мегузаранд, вале номи Пешвои миллати кунунии тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо то абад пайванд хоҳад монд.
Истиқлолияти давлатӣ барои халқу миллат бозёфти нодирест, ки қарнҳо метавонад дастоварди арзишмандро эҳдо намояд. 6–уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он кишвари моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Асъори миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиқлолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда, ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳала ба марҳала меафзояд. Ҳарчанд эъмори давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеи аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт.
Дар Иҷлосияи таърихии 16–уми Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Вале он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гашт ва дар Иҷлосияи мазкур ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аввалин сухани ӯ “Ман ба Шумо сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Ӯ коре кард, ки ҷанги таҳмилӣ хотима ёфт, гурезаҳо бар Ватани аҷдодӣ баргаштанд, сулҳу Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор гардид. Ҳаёти осоишта ҳукмрон шуд ва сипас барои ҳамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ Ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони мардумӣ, аъзои парлумон, намояндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ оғоз мекунам” ва ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Дар ҳақиқат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон воқеан ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.
Ба шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт.
Ба ҷасорат ва диди фаррохи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ додан камоли хирад ва инсонӣ аст. Зеро дар ҳамон замони пурмоҷаро иҷрои ин вазифа хело гарон буд. Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кард.
Мо метавонем танҳо бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии Ватан бошем. Музаффариятҳои Истиқлолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тоҷикистонро шинохтани 177 кишвари ҷаҳон далели равшани сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил ҳастем.
Дар даврони 25–солагии Истиқлолият мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем. Ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо пулҳои боҳашамат сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки аз пешравии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миёна, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпайкараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар тӯли 25 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам рушду нумӯъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт.
Боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард.

Фарҳод Раҳимӣ, академик,
президенти АИ ҶТ, раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоии
“Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АИ ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: