Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯриҳои судманд

Вохӯриҳои судманд

25-02-2016, 14:20
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯриҳои судманд Бо карори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар ҳама шаҳру навоҳии кишварамон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади шинос намудани аҳолӣ бо нуктаҳои, Паёми Асосгузори ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намуда истодаанд.

Айни замон, чунин вохӯриҳои судманд дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳои ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар сатҳи баланди оммавию сиёсӣ баргузор гардида, дар он дар баробари роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, ҳуқуқшиносон, вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович, Азимова Маҳбуба, мудири бахши иттиллоотии шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қудусов Хуҷамурод, омӯзгори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Пиров Аламшоҳ, омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок ва ҷиҳати паҳлӯҳои Паёми ироа гардида ва ҳамчунон оид ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мақсад ва моҳияти Паём ва баргузории раъйпурсии умумихалқиро ба таври муфассал шарҳ доданд.

Баромадкунандагон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як ҳуҷҷати сарнавиштсоз арзёбӣ карда,қайд намуданд,ки дар сурати пурра татбиқ гардидани нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳим кишвари мо ва мардуми сарбаланди он ба пешравию дастовардҳои назаррас муваффақ мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: