Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Коре, ки дар он ҷойи истиҳола нест

Коре, ки дар он ҷойи истиҳола нест

23-02-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Коре, ки дар он ҷойи истиҳола нест
Барои тафсир ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита ба рушди ҷомеа, Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наргис Раҳмонова, узви Маҷлиси миллӣ, Ҷамшед Саидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Меҳринисо Бобобекова шоира, узви КИМ ҲХДТ, Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ва дигар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон вохӯрӣ бо намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Коре, ки дар он ҷойи истиҳола нест

Фарҳод Раҳимӣ ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, чанде пеш бо пешниҳоди гурӯҳи аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида буданд, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва барои ташхису мувофиқат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд. Рӯзи 4-уми феврали соли равон Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо мувофиқат кард, ки онҳо ба Сарқонуни мамлакат мухолиф нестанд.

Сипас, Абдураҳим Қодирзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи ҷанбаҳои ҳуқуқии тағйиру иловаҳо ба бахтномаи миллатро бисёр возеҳ шарҳ дода, нуктаҳои иловашударо муфассал баррасӣ намуд.

Рустам Шоҳмурод низ дар хусуси поён бурдани синни номзадӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъин шудани судяҳо дар мақомоти судии мамлакатро, пеш аз ҳама, аз роҳ ёфтани ҷавонон ба ин мақомҳо маънидод кард. Дар ин росто, ӯ дар мавриди гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва дигар ҳолатҳои дар ин хусус ҷойдошта изҳори андеша намуда, ҳадафҳои мушаххаси ин тағйиротро ба таври зарурӣ маънидод кард.

Абдуҷаббор Раҳмонзода нахуст ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард: “Албатта, вохӯрии мо бо шумо асосан барои фаҳмонидан ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, нахуст дар назар бояд дошт, ки сабаби асосии тағйиру иловаҳо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла мувофиқат накардани баъзе мафҳум ва таъбиру ибораҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои амалкунанда аст, ки зимни ҳар як вохӯриҳои дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузоргашта ва баргузоршаванда масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Инчунин, дар мавриди аввал дар ҳама ҷамъомаду суҳбат ва маҷлисҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон, он чизе, ки аз ҳама муҳим ва боиси баҳс мегардид, ин будани низоъҳо миёни баъзе мафҳуму ибораҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда буд. Аз ин ҷост, ки ахиран дар ин замина, роҳи ягонаи ҳалли ин мушкилот, ин ворид намудани тағйиру иловаҳо буд, ки хушбахтона, пешниҳод гардид ва баъди баррасиву масъалагузории вакилони ҳарду палатаи парлумон кабул карда шуд ва имрӯз ба муҳокимаи шумо пешниҳод шудааст. Дар охир бояд таъкид намоям, ки аҳамияти ҳуҷҷати мазкур дар он аст, он муҳимтарин масъалаҳое, ки ба рушди ояндаи кишвар алоқаманд ҳастанд, инъикос кардааст ва мақсад аз ҳамин тағйиру иловаҳо, аввалан мукаммал намудани он мебошад. Ҳамзамон, номбурда бо шарҳи муфассали нуктаҳои забонии тағйиру иловаҳои матраҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, як-як онҳоро тавзеҳ дод.

Дар маҷмӯъ, ҳамаи вакилон ва афроди расмие, ки дар вохӯрӣ ширкат доштанд, ёдовар шуданд, ки дар ин кор, яъне иштирок дар раъйпурсии умумихалқии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳеҷ ҷои истиҳола надорад, бояд тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд ва саҳми худро дар рушду шукуфоии ояндаи ин ватани маҳбуб аз имрӯз гузоранд.
Шаҳриёр ОЛИМӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: