Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд

Вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд

23-02-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Тоҷикистон дар Хуҷанд силсиламулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ба гурӯҳи корӣ олимону суханварон, аҳли илму адаб, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохтору мақомоти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ шомиланд.

Чунин як вохӯрӣ дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ширкати муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Ҳамроҳ Атаева бо занони фаъоли шаҳри Хуҷанд, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мулоқотро раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мақсад аз ҷамъомади имрӯза ҳар чӣ бештар огоҳӣ ёфтан аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва фаҳмонидани зарурияти тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Паёми Президенти кишварро ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Хуҷанд, аъзоёни ҲХДТ бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд. Зеро Паёми имсола ҳамаи масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро дар бар гирифта, дастуру вазифагузориҳои дар Паём омада, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона шудааст.

Сипас, Раънохон Маҳмудзода, муовини Раиси ҲХДТ зимни суханронии хеш доир ба нуктаҳои асосии Паём сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки амалӣ гаштани се ҳадафи стратегии кишвар, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт, имкон фароҳам меорад, ки зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар шавад. Номбурда бо мисолҳои воқеӣ беҳбудии таъминоти барқ ба мардум, зиёд шудани иқтидори он, мумфаршу аз нав кардани роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, афзун шудани сабади истеъмолии мардумро бо факту далелҳои мӯътамад иброз дошт.

Дар идомаи мулоқоти озоду самимии хеш Раънохон Маҳмудзода аз дастгирии давлат ва ҳукумат бобати рушди соҳибкории хурду миёна, афзун намудани истеҳсолоти маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент сухан карда, гуфт, ки танҳо дар 6 соли охир барои дастгирии соҳибкорӣ аз буҷаи давлат 20 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Номбурда ҳамчунин аз соҳаҳои барои ҷамъият муҳим ва зарурӣ маориф ва тандурустӣ сухан карда, тарбияи насли худогоҳу солимро аз дастовардҳои ояндаи кишвар донист.

Раънохон Маҳмудзода ҳамчунин тағиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла қайд кард, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: