Оғози ҷаласаи муштараки ММ ва МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон20-01-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 479 нафар
Назарҳо: 0
20 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум оғоз гардид.
Ҷаласа дар ҳамраисии раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони кишвар -Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров ҷараён гирифта, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзномаи ҷаласаро ки фарогири як масъала -ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буд, тасдиқ карданд. Баъдан аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба сӯи «Кохи Сомон» раҳсипор гардиданд. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, баромад менамояд. Бояд тазаккур дод, ки расо соати 10:00 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути тамоми шабакаҳои радиоӣ ва телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.