Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрии гуруҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии гуруҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

23-02-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии гуруҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи нақшаи вохӯриҳои гуруҳҳои таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи Ватани шаҳри Қӯрғонтеппа бо фаъолони кумитаву раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва идораҳои шаҳр ва бо соҳибкорони бозорҳои “Фаровон – Қӯрғонтеппа”, “Ҳоҷӣ Шариф” ва “НИХИ” вохӯриҳо баргузор гаштанд. Дар ин вохӯриҳо аъзоёни гуруҳи корӣ Ш.Ризоиён – мутахассиси Маркази стратегии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, У.Назаров – намояндаи Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Наҷмуддинов – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, А.Саидмуминов – устоди ДДҚ ба номи Н.Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охир меҳмононро узви КИМ ҲХДТ С.Қосимова хайрамақдам гуфта, аз номи иштирокчиён миннатдории худро барои баромадҳои пурмазмун баён намуда, бовар кунониданд, ки шаҳрвандони шаҳри Қӯрғонтеппа ҳама хурду калон сиёсати имрӯзаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ гаштани он кӯшишу ғайрати худро равона месозанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: