Вохӯрии судманди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар ноҳияи Хуросон14-09-2015, 17:30
Хабарро хонданд: 433 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардида, дар мувофиқа бо узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ҷомӣ-28 Сафаралӣ Раҷабов бо интихобкунандагони ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва оммаи васеи меҳнаткашони ноҳия шуруъ аз санаи 14 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардида истодааст.
Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳия рӯзи 14 сентябр ду вохӯриву суҳбатҳои судманди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов бо интихобкунандагони касбу кори гуногун доир карда шуд. Дар вохӯриҳо зиёда аз 100 нафар интихобкунандагон ширкат доштанд. Дар рафти вохӯрӣ Сафаралӣ Раҷабов оиди дастовардҳои 24-солаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон ҳисобот дода, суханрониҳо намуд. Дар фарҷоми суханронӣ ба саволҳои интихобкунандагон аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов посухҳои қаноатбахш дода шуд. Чунин вохӯриҳову суҳбатҳои пурмуҳтаво дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бо интихобкунандагон идома доранд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.