А.Муҳаққиқ: Ифротгароёни динӣ ва наҳзатҳои атеистӣ омили нооромии ҷомеа16-02-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 698 нафар
Назарҳо: 0
1.Ҷараёну ҳаракатҳои радикалӣ аз ҷониби кадом кишварҳо ва созмонҳо дастгирӣ меёбанд?
2.Пуштибони созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ киҳоянд? 3.ДИИШ-ро киҳо таъсис доданд ва ҳадафи аслияшон чист? 4.Кадом омилҳо бештар боиси исломҳаросӣ ва исломситезӣ мешаванд? 5.Чӣ бояд кард, ки ҷавонон фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ нашаванд? 6.Оё имрӯз ниҳодҳои масъул ва рӯҳониёни саршиноси мо қодиранд, ки алайҳи идеологияи гурӯҳҳои террористӣ мубориза баранд? Барои дарёфти посух ба ин ва чанд суоли дигар суҳбате доштем бо Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ, ки фишурдаи онро манзури хонандаи азиз мегардонем. - Чанде қабл матлаби Шумо бо унвони "Моҳияти умраи Пешвои миллат ва бонуи аввал" дар сомонаи "Ховар" ба тасвиб расид, ки дар он назари хешро оид ба фазилати Ҳаҷҷи умраи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯ баён намудед. Мегуфтед, ки ҳадаф ва зарурати навиштани матлаби мазкур дар чӣ буд? - Зарурати навиштани ин мақола пеш аз ҳама ба хотири бедории миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик, шинохти шахсияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯ буд. Чаро, ки вақтҳои охир дар фазои иттилоотии байналмилалӣ ва дар шабакаҳои моҳворавии фаромиллӣ, сомонаҳои интернетӣ гурӯҳҳои иғвоангези сиёсӣ, намояндагони ҷараёнҳои такфирӣ-ифротӣ Раҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯро ба таври ошкоро ба куфр ҳукм намуданд ҳарчанд, ки дасисаҳои онҳо асоси шаръӣ надоранд. Афроди иғвоангез далелҳои беасл ва зидди шаръиро ҷиҳати фитнаангезӣ дар фазои иттилоотӣ нашр менамоянд. Ҳадафи навиштани мақолаи мазкур ошкор намудани воқеият ва муаррифии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯ аз нигоҳи шаръӣ буд. Пешвои бонувони тоҷик эълон намудани бонуи аввал назари банда буда, дастури супоришӣ нест. Шояд ин пешниҳоди маро напазиранд. Аммо таҷассум ва муаррифии чеҳраи модари тоҷик дар нақши бонуи аввал ҳеҷ бадӣ надорад. Модари покдоман ва боиффати тоҷик натанҳо пешвои бонувони мусалмон шуда метавонад, балки хайри дунё ва охират аст. Мутмаинам, ки симо, шахсият, мақом, фазилат ва андешаву афкори ҳоҷии ҳарамайни шарифайн-бонуи аввал дар тарбияи ахлоқӣ ва покдомании бонувони имонӣ нақши муассир хоҳад гузошт. - Яъне, Ҳаҷи умрае, ки ахиран Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳли байти ӯ ва роҳбарони як қатор ниҳодҳои кишвар анҷом доданд, то андозае ба ҳар гуна сару садоҳое, ки дар фазои иттилоотии байналмилалӣ муғризона роҳандозӣ мешаванд, як посухи саҳеҳ ва қотеъ буд? - Бале, воқеан ҳам сару садоҳои зиёде, тибқи нақшаҳои тарҳрезишудаи иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории экстремистӣ дар фазои фаромиллӣ ва фарокишварӣ тавассути шабакаҳои махсуси таблиғотии ҷараёнҳои ифротӣ ба мисли "Тавҳид", "Калима", "Висоли ҳақ" ва дигар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мешуданд. Асҳоби такфир ва дигар бемурруватон иддао доранд, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар мубориза бар зидди дини мубини Ислом ва мусулмононро шеваи кории худ қарор додааст. Аз нуқтаи назари онон озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон хеле маҳдуданд. Ба воситаи ҳамин далоили бесуботи худ ҷавонони ноогоҳи Тоҷикистонро, ки ҳамагон мусалмон ҳастанд, барои ширкат намудан дар сафи размандагони экстремист ва ё созмонҳои террористии "Ан-нусра", "Ансоруллоҳ", "Салафия" ва "Давлати исломӣ" (ДИИШ) ба Сурия ва Ироқ даъват мекунанд. Аксарияти мубаллиғони ғояҳои такфирӣ ва афкори ҷангӣ хатмнамудаҳои мадориси динии кишварҳои арабӣ ва Покистон ҳастанд! Мутаассифона, ин қабил ҷавононро бо роҳи фиреб ва шустушӯи мағзӣ бар зиддии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бар зидди сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мешӯронанд. Ба ҳамин хотир ман дар ин мақола ишора намудам, ки адои Ҳаҷи умраи Пешвои миллат бо ҳамроҳии ҳамсар, духтарон ва теъдоде аз намояндагии Ҳукумати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ангезаҳои иттилоотии ҷараёнҳои ифротӣ ва атеистӣ кори афроди муғриз ва созмонҳое мебошанд, ки оромиву суботи Тоҷикистонро аз байн бурдан мехоҳанд, асоси шаръӣ ва воқеӣ надоранд. Ҳадаф аз Ҳаҷ ба даст овардани ризоияти Парвардигор ва адо намудани фаризаи исломии ҳар фарди боимон аст, ки онҳо бо фазли Худои Меҳрубон анҷом доданд. - Агар саҳеҳтар назар афканем пӯшида нест, ки инҳо мехоҳанд дар маҳдудаи як мазҳаб ё як равия давлати худро бунёд кунанд. Мисли ин ки имрӯз давлатҳое ҳастанд, ки як мазҳаб ва ё равияи исломро идеологияи давлатии худ қарор додаанд. Яъне даъвои аслии инҳо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон низ ҳамин гуна як давлат бунёд карда шавад. Дар ин росто онҳо назару андешаҳои дигарро, ки дар ҷомеаи солим мавҷуд аст, эътироф намекунанд. Фаразан, чанде қабл мақолаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад ба унвони "Мо зидди атеизми ҷанговар ва исломи радикалӣ ҳастем" дар ҳафтаномаи "Минбари халқ" ба нашр расид. Гурӯҳҳое ҳастанд, ки мегӯянд бояд давлат давлати дунявӣ бошад, яъне озодии дин ва эътиқод дар он таъмин бошад, аммо қувваҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд давлат сирф атеистӣ ва ё динӣ бошад. Имрӯз ҳамин се равия бархӯрд доранд, ки баръало эҳсос мешавад. Ба андешаи Шумо мо бояд ба кадом самт майл кунем? - Суоли бисёр бамаврид аст. Вақте вазъияти бархӯрди ақидаи аҳзоб ва ё созмонҳоро дар Тоҷикистон баррасӣ ва таҳқиқ мекунем, андешаҳои собиқ атеизми ҷанговар дар шакли "Наҳзатҳои атеистӣ" авҷ гирифтаанд. Дар муҳити сиёсиву фарҳангӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон имрӯз дар баробари решадавонии афкору андешаи такфирии ҷараёнҳои ифротӣ наҳзатҳои атеистӣ аз нав ба иғвоангезӣ оғоз намудаанд. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки мафҳуми давлати демократӣ-дунявиро ҳамчун як мафҳуми зиддидинӣ муаррифӣ намоянд. Ба ибораи дигар, ифротгароёни атеистӣ ба мардуми Тоҷикистон ва созмонҳои байналхалқӣ фаҳмонданиянд, ки Тоҷикистон комилан як кишвари зиддидинӣ ва зиддиисломӣ аст. Албатта, андешаву афкори соҳибони наҳзатҳои атеистӣ билкул ғалат ва хилофи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шарҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан омадааст, ки низоми идории Тоҷикистон зидди ягон адён нест. Ба хотири ҳифзи амнияти давлатӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ягон мафкураи динӣ (исломӣ, масеҳият, буддоӣ, зардуштия) ба ҳайси мафкураи давлатӣ пазируфта намешавад! Истилоҳи "давлати демократӣ-дунявӣ" ҳаргиз маънии зидди дин буданро надорад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз дар муқобили дин равона нашудааст. Афроде, ки амнияти давлатӣ ва оромии ҷомеаи моро намехоҳанд, истилоҳи "давлати демократӣ-дунявӣ"-ро низоми зидди исломӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Агар мо ба андешаи афроди атеистмаъоб амал намоем, дар ин ҳолат ҳамон сиёсатҳои ғалате, ки дар солҳои 20-30-юм буд, ки мусулмонҳоро қатли ом мекарданд ва масҷидҳову ибодатхонаҳоро тахриб менамуданд, аз сари нав падид меояд. Аммо ин як назари ботил аст, чунки мо аз суханрониҳои Пешвои миллат дарк мекунем, ки ӯ як шахсияти мусулмон аст ва дар ҳама ҳолат аз манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои исломӣ ҳимоят мекунад ва ошкоро мегӯяд, ки "мусалмонам". Албатта, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки арзишҳои милливу диниро дар муқобили ҳам бигузорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар пушти наҳзатҳои атеистӣ гурӯҳ ва шабакаҳое пинҳон ҳастанд, ки пешрафти иқтисодиёт, фановарӣ, бедории миллӣ ва амнияту оромишро дар Тоҷикистон намехоҳанд. Ифротгароии атеистӣ як шохаи терроризми байналхалқӣ буда, мардуми бофарҳанг ва боимони Тоҷикистон ниёз ба идеологияи он надоранд. - Дар мавриди ҷараёну ҳаракатҳои радикалӣ чӣ назар доред? Пӯшида нест, ки онҳо низ аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳо дастгирӣ меёбанд ва мехоҳанд, ки вазъ дар кишвари мо ноором бошад. Тавре Шумо дар мақолаатон зикр намудаед, ҳамаи офатҳое, ки ба сари мардуми тоҷик омад, аз сангарнишинии ин ду қувва, яъне қувваҳои атеистии ҷанговар ва неруҳои созмонҳои иртиҷоӣ буд. - Бисёр хуб зикр кардед, ки дини мубини Ислом бениёз аз ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротӣ мебошад. Созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ таъсис ёфта, онҳо ячейка ва дастгоҳҳои идеологии ҷинояткорони байналмилалӣ мебошанд. Нерӯҳои иртиҷоӣ ва ифротӣ дар асоси сармоягузориҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ҷавонони исломиро шустушӯи мағзӣ намуда, онҳоро аз доираи таълимоти дин хориҷ месозанд. Имрӯз тақрибан 30-40 дарсади уламои ҳанафимазҳаб дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва дигар тамоми риштаҳои таблиғоти динӣ дар дасти афроде ҳаст, ки дорои тафаккури ифротӣ ва бегонапарасти салафия мебошанд. Аммо онҳо худро дар зоҳир аз тарси мақомот ҳанафӣ муаррифӣ мекунанд. Моҷароҷӯёни такфирӣ вобаста ба вазъи сиёсӣ ва амниятии ҳар кишвар ва минтақа фаъолиятҳои худро роҳандозӣ менамоянд. Инчунин атеистони ифротӣ то андозае фаъол шудаанд, ки дар конфронс ва ҳафтаномаҳо муқаддасоти динии мардуми тоҷикро маҳкум ва таҳқир намуда, онҳоро хурофот ва таассуб эълон намуданд! Яке аз намояндаи онҳо дар ҳузури аҳли зиё дар ҳамоише ошкоро таъкид намуд, ки "Истифода бурдани номи Худо кори ҷоҳилон аст, Худо вуҷуд надорад. Худо маҳсули тафаккури ҷоҳилона аст. Набояд, ки шахси бо ақлу хирад номи Худоро истифода барад ва набояд шахси олим мусулмон бошад". То ин андоза бархурди андешаи атеистӣ барои мусулмонҳои кишвар як падидаи бисёр манфӣ ва хатарзо аст. Чунин бархурди тундгароёна бо мусалмонон ва муқаддасоти исломӣ омили ба терроризм рӯ овардани ҷавонони тоҷик мегардад. Гурӯҳҳои ифротӣ андешаҳои ҷоҳилонаи атеистҳоро барои худ далели шаръӣ қарор дода, дар Тоҷикистон машрӯъияти ҷангу ҷиҳодро фарз меҳисобанд. Шаклгирии ифротгароии динӣ ва идеологияи атеизми ҷанговар ба манфиати миллат ва оромии ҷомеа нест. Тақвиятёбии ифротгароии атеистӣ ва тундгарои созмонҳои такфирӣ барои иттиҳодияҳои террористӣ монанди "ДИИШ" ва "Хуросон" заминаи сиёсии динӣ ва иделогӣ омода месозанд. Дар кишвар ниҳодҳои динӣ аз қабили Шӯрои уламо ва Маркази исломӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва зиёда аз 4000 ҳазор масҷид фаъолият мекунанд, масъулини ин ниҳодҳо вазифадоранд, ки пеш аз дигарон дар ҷомеа симои аслии башараи лидери ҳаракатҳои ифротӣ ва хатари созмонҳои иртиҷоиро ба таври равшан фош ва наҳй намоянд. Мардум аслан ба суханҳои инҳо бояд эътимод дошта бошанд. Дин ахлоқ аст. Дин ибодат аст. Дин сулҳу оромиш аст. Дин таҳдид ва қатлу куштор нест. Дин тахриб ва тундгароӣ нест. Дин эҳтиром ба пирон ва хурдсолон аст. Ислом дини шамшер ва хунрезӣ нест. Ислом интиҳор, инфиҷор, забҳи инсон ва худкафонӣ нест! Дар самти хунсо ва маҳв намудани хатари ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ саҳми ниҳодҳои амният ва интизомии кишвар бисёр арзишманд аст. Аммо масъулини Шӯрои уламо ва дигар ниҳодҳои динӣ сари вақт натавонистанд шаклгирии иттиҳодияи экстремистии салафияро аз нигоҳи динӣ бигиранд. Ҳатто як мақола, як асар оид ба ошкор сохтани хатари сарчашмаҳои таҳрикдиҳандаи ҷараёнҳои такфирӣ ва пешвоёни иғвоангези онҳо нанавиштанд. Боре ҳам аз хатари идеология ва даъватҳои таблиғотии лидерҳои салафия чун Муҳаррамов Муҳаммадӣ, Муътадии Мадхалӣ (лидери ҷадиди салафия), Абӯ Марям-Назратуллои Аштӣ, Муҳаммадазизи Раҷабӣ, Муҳаммадҷони Абдуҷалил ва дигар аъзои ҷоҳил ва тундхӯи "Иттиҳодияи экстремистии Салафия" мардумро огоҳ насохтанд. Худ қазоват намоед як салафӣ, ки тариқи воизони хоин, "мавлавиҳо"-и такфирӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ мағзшӯӣ мешавад, ӯ ба хотири ҳифзи андешаҳои террористӣ мазҳаби ҳанафиро тарк менамояд ва унсурҳои миллиро куфр эълон намуда, бо террористон мепайвандад. Бо зану фарзанд ва ҷону моли худ ба Ироқу Сурия ва Афғонистон барои ширкат намудан дар ҷанг меравад. Дар ин ҷода ҷони ширин ва зану фарзанди худро аз даст медиҳад. Ҳамсар ва духтарони худро ба террористон ҳадя мекунад. Мекушад то кушта шавад. Оташ мезанад, то оташ зада шавад! Мутаассифона, масъулини Маркази исломӣ, Шӯрои уламо ва кормандони масчидҳо пеши ин фоҷеаи миллаткуш, яъне шомилшавии ҷавононро ба иттиҳодияи террористӣ аз нигоҳи динӣ гирифта натавонистанд! Салафия дар канори онҳо даву тоз намуда, тартиботи намозхониро вайрон менамуд, гуё онҳо чизеро намедиданд. Аз ин ҷо бармеояд, ки дар зери коса нимкосаҳои дигар пинҳон аст! То вақте ки Президенти кишвар оид ба ҳамин масъала бевосита дахолат накард, масъулини ниҳодҳои динӣ ба ҳайси бетараф ва тамошогар худро нишон дода, гӯё афзоиши шумораи салафия ва пайвастани онҳо ба сафи ДИИШ ва Алқоида ҳеҷ хатаре барои ҷомеа ва амнияти давлатӣ таҳдид намекунад. Дар ҳоле ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2004 ин ҷониб ошкоро алайҳи гуруҳҳои бадхоҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мубориза мебарад. Натанҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва дар миёни дигар давлатҳо якумин шуда, аз дини Ислом пуштибонӣ намуда, борҳо таъкид карда, ки ислом дини террористӣ ва ҳаракати террористӣ нест, Исломро ба терроризм омезиш додан иштибоҳ аст. - Мутаассифона, имрӯз яке аз таҳдидҳои хело хатарноке, ки ба афкори ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад, идеологияи ба ном "Давлати исломӣ" (ДИИШ) мебошад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, имрӯзҳо беш аз 1000 нафар ҳамватанони гумроҳшудаи мо дар сафи ин гурӯҳ қарор доранд. Ба андешаи Шумо мо чи гуна алайҳи ин идеологияи ифротӣ мубориза барем, ки то андозае тавонад шиддати гароиши ҷавононро ба он коҳиш диҳад? - Пеш аз ҳама бояд як нуктаро таъкид кунам, ки дар истифодаи ибораву вожаҳои қуръонӣ бояд ҳар як инсони соҳибхирад аҳамият бидиҳад, ки онҳоро кӣ ва кадом гурӯҳҳо бо кадом ҳадаф истифода мебаранд. Шахсони ҷинояткор ва ташкилотҳои террористӣ тавассути мавлавӣ, мулло, воиз ва гумоштаҳои худ Қуръон ва меъёрҳои шаръиро бардурӯғ шарҳу тавзеҳ дода, онҳоро барои таъмини бехатарии худ сипари амниятӣ месозанд. Набояд дин дар дасти ҷинояткорон қарор бигирад! ДИИШ "Давлати исломӣ" нест, балки он Иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Ҷинояткорони байналмилалӣ "ДИИШ"-ро барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис додаанд. ДИИШ ташкилот ва дастгоҳи иблисӣ аст, на исломӣ! ДИИШ ва "халифа"-и исроилӣ- Абӯбакри Бағдодӣ симои воқеии салафия ва ҳаммаслакони тахрибкор ва ҷинояткори онҳо мебошад. Ҳиллари Клинтон, яке аз роҳбарони сиёсии кишвари Амрико ба таври расмӣ эълон намуда буд, ки "мо ба хотири сохтани ДИИШ дар беш аз 100 кишвари дунё гаштугузор кардем. Мо ДИИШ-ро сохтем то кишварҳои Осиёро аз ҳам ҷудо кунем ва манофеи иқтисодиву молии онро дар натиҷаи ҳамин тафриқаандозӣ роҳандозӣ намоем". -Дар ин замина мо бояд кадом корҳоро анҷом диҳем? -Бозшиносии симои иблисии ДИИШ ва башараи хатарноки ҷараёнҳои такфирӣ, аз ҷумла салафия яке аз беҳтарин роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонони мутаддайин ба сафи террористон мебошад; -Уламои исломӣ бояд фаъол бошанд, нагузоранд, ки "мавлавӣ"-чаҳои такфирӣ ва ифротии салафия дар муҳити динии Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳ пайдо намоянд; - Волидайн бояд нисбат ба тақдири фарзандони худ бепарво набошанд, онҳоро аз хатари салафия огоҳ намоянд; - Уламои суннатии бумӣ, ки дониши хуби исломӣ доранд, барои ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор даъват карда шаванд; - Воридот ва истифодаи адабиёт ва барномаҳои ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ қатъиян манъ карда шавад; - Рӯйхати пешвоён, муфтӣ, мавлавӣ ва лидерҳои онҳо ошкор ва наҳй карда шавад; - Тамоми қишрҳои ҷомеа дар мубориза бар зидди ифротгароии ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ ҷалб карда шаванд ва онҳо масъулияти шаҳрвандии худро иҷро намоянд; - Шабакаи муқовиматкунандаи доимии телевизионӣ барои фош ва маҳкум намудани дигар расонаҳои моҳворавӣ роҳандозӣ карда шавад; - Рӯйхати адабиёт ва муаллифону пешвоёни ҷараёни салафия ошкор ва фош карда шавад…. Дар акси ҳол ҷавонони бехабар аз таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ба доми фиреби созмонҳои экстремистӣ меафтанд ва аз он ҳам роҳи гурез надоранд. Онҳо дар Афғонистон, Сурияву Ироқ мусулмонҳоро сар мебуранд, занону кӯдаконро зинда ба зинда оташ мезананд, асиронро гӯшу бинӣ мебуранд, биноҳои маъмуриро вайрону валангор карда, осори таърихиро ба коми оташ мекашанд. Тамоми рафтору кирдори аъзои ДИИШ хилофи таълимоти дини мубини Ислом, Қуръони азимушшаън ва хилофи таълимоти Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Ба ҳамин хотир, пеш аз ҳама таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бояд дар муҳити динии Тоҷикистон садрнишин бошад. Чунки мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ бо аслиҳа роҳи ҳалли худро ёфта наметавонад. Пеш аз ҳама бояд муборизаи идеологии давлат аз ҳисоби худшиносиву худогоҳии миллӣ ва аз нигоҳи ватандӯстии ҷавонон қавӣ гардонида шавад. Ҷавонони диндор бояд мазҳаби худро шиносанд. Огоҳ бошанд ва донанд, ки Абӯбакри Бағдодӣ ва дигар пайравони ӯ ҳеҷ иртиботе ба дини мубини Ислом надоранд. Яке аз роҳҳои дигар ин аст, ки бояд уламои диниву мазҳабӣ ва донишмандони мо ҳамчун як мусулмон ва ҳамчун як фарди ватандӯст бе ягон супориши зиёдатӣ бар муқобили ангезаҳои гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон баранд. Ва аз лиҳози ақидаи динӣ рафтору кирдор ва амалҳои террористии афродеро, ки аъзои ДИИШ ҳастанд, ошкор намоянд. Ҳар як ҷавоне, ки худро мусулмон мешуморад, тибқи фармудаҳои мазҳаби Абӯҳанифа (р) бояд дорои ақидаи солим бошад. Чунки дар мазҳаби ҳанафӣ кофир эълон намудани як нафари дигар ба хотири ақида ҷоиз нест. Мазҳаби Абӯҳанифа манбаи таҳаммулпазирӣ ва муътадилӣ аст. Худованд фармудааст: "Ло икроҳу фид-дини" яъне, "дар дин иҷборият нест". Тибқи принсипи ҳамин ояти Қуръон шахси мусалмон ҳақ надорад, ки афроди масеҳӣ, будоӣ ва аҳли заммаро таҳқир, таҳдид ва ё ба қатл расонад. Аммо салафия дар Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки ба таври махфӣ идеологияи террористӣ ва ҷангиро дар шакли "ақида" таблиғ мекунанд. Ҷавон ва ноболиғе, ки олудаи ақидаву тафаккур ва ҷаҳонбинии салафия мешавад, вазифадор аст, ки дар муқобили давлатҳои сохтораш дунявӣ ва мусалмонон ҷиҳод кунад, рӯҳониёни маъруф, роҳбарият ва ташкилотҳои давлатиро ҳадафи муборизаи хуношоми худ қарор диҳад. Мутаассифона, рӯҳониёни муътабари мо ҳамин нуқтаи калидиро то вақте ки Президенти кишвар уқдаи онро боз накард, нодида гирифтанд ва дарк накарданд, ки асҳоби ифротӣ ақидаи иртиҷоиро таблиғ мекунанд ва он ба амнияти давлату дин хатар дорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки аввалин қатлу кушторҳои оммавӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ аз ҷониби салафиҳо зери шиорҳои "Аллоҳу акбар" ба анҷом расонида шуд. Ва имрӯз намояндаҳои ҷараёну созмонҳои такфирӣ бо роҳбарии мавлавиҳову муфтиҳои "сохташуда"-и худ кӯшиш доранд, ки ҷанги мазҳабиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд. Пеш аз ҳама онҳо ният доранд, ки мардуми бародару ҳамзабон ва ҳамдини мо-бадахшониҳоро, ки пайрави мазҳаби исмоилиянд, бо мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистон, ки суннимазҳабанд, ҷанг андозанд. Дар тӯли таърих ҳатто дар давраи атеизми ҷанговар ҳам миёни пайравони аҳли суннат ва шиаи бадахшӣ ягон муноқишаву ихтилофи мазҳабӣ набуд ва имрӯз ҳам ихтилофу низоъ вуҷуд надорад, балки мо ҳамаи мо мардуми як миллат ҳастем ва дар як муҳити дӯстиву хешутаборӣ зиндагӣ мекунем ва фарҳанги ягона, расму оинҳои муштарак дорем. Дар масҷидҳои мо қариб 4-5 шахси мусалмон ба ҳайси коргар фаъолият мекунанд. Агар теъдоди инҳоро ҳисоб кунем 12-13 ҳазор нафар ҳастанд, ки бевосита дар соҳаи дин кору фаъолият мекунад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамин нерӯи бузург бояд бедор бошад, аз дин ва мазҳаб пуштибонӣ карда тавонанд. Агар инҳо аз дин, осори исломӣ, сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон дифоъ накунанд, дар назди Худо ва дар назди Паёмбари Худо гунаҳгор мешаванд. Чунки мо огоҳ ҳастем дар кишварҳои исломӣ то кадом андоза бетартибиҳо ва хунрезиҳо рӯи кор аст. Душманони башарият марказҳои тамаддуни исломиро бо дасти фарзандони худи мусалмонҳо харобу вайрон намуданд. Аз ин лиҳоз бояд сатҳи маънавӣ ва диншиносии сархатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта бояд боланд бардошта шавад ва афроде, ки дорои тафаккури такфирӣ ва тафаккури ифротӣ ҳастанд, ба таври ошкорову расмӣ аз минбарҳои исломӣ ва ниҳодҳои динӣ барканор карда шаванд. Мутаассифона, баъзе адабиёти диние, ки имрӯз чоп мешаванд, дорои ақидаи золлаи салафианд, аммо ба унвони "ҳанафӣ" нашр шудаанд. Вақте хонанда ин китобҳоро мехонад, дигар на ба ҳарфи падару модар ва на ба сухани ҷомеа аҳамият медиҳад. Чунки пешвоён ва муздурони созмонҳои ифротӣ дар ин китобҳо ғараз ва тавтиъаҳои ифротии худро аз номи Худо ва Паёмбар бардурӯғ асоснок намудаанд. - Бале, масъалаи мазкурро воқеъан хеле хуб ва ба таври возеҳ шарҳ додед. Таълимоти ин "ҷадидисломиҳо", ки бо андешаҳои салафиву ваҳҳобӣ ва мисли ин мағзашон заҳролуд шудааст, аз фармудаҳои дини мубини Ислом комилан тафовут дорад. Ривояте ҳокист, ки баъд аз реҳлати ҳазрати Муҳаммад аслиҳаи эшон ҳамчун амонат дар дасти як яҳудие қарор доштааст. Яъне ин нишонаи он аст, ки Паёмбари Ислом бо пайравони дигар дин низ муносибату муоширати хуб ва доду гирифт доштанд. Вале, мутаассифона, имрӯз ҳамин таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи муосири исломӣ аз байн рафтааст ва ин тамоюл гоҳо дар байни баъзе гурӯҳҳои мутаассиб дар ҷомеаи мо низ ба назар мерасад. Кор то ба ҷое расидааст, ки баъзеҳо гумон мекунанд, номҳои миллие, ки онҳо доранд, номҳои ғайриисломӣ буда, ин нишони "куфру ширк" аст. Инҳо ҳатто фарқ намекунанд, ки номҳои Муҳаммад, Умар ё Абӯбакру Абӯсӯфён ва мисли ин қабл аз Ислом ҳам буданд ва ба он ҳеҷ иртибот надоранд. Аксгирӣ ва расмкаширо инкор намуда, ба тӯю маъракаҳо намераванд ва шунидани садои мусиқиро гуноҳи кабир меҳисобанд. Бигӯед, ки ҳамин назару андешаҳо то кадом андоза аз Ислом обишхур доранд? - Китоби муқаддаси Қуръон ва Паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад омили муттаҳидкунандаи қавму миллатҳои гуногун буданд. Ислом мактаби муттаҳидкунанда, омили дӯстии қавму фирқа ва миллатҳои гуногун мебошад. Паёмбар Билоли Ҳабашӣ ва Салмони Форсиро бародари худ хонд. Салмони Форсӣ яке аз беҳтарин мушовирони Муҳаммад буд. Ӯ дар ҷанги "Ҳандақ" тарзи хандақ канданро ба асҳоби Паёмбар омӯхт ва аз ҷону номуси онҳо дифоъ намуд. Паёмбари муаззам дасти мубораки худро дар китфи Салмони Форсӣ гузошта, гуфт: "Салмони Форсӣ узви хонадони ман аст". Дар ҳадиси дигар ҳазрати Муҳаммад мефармояд: "Гар илм гиёҳе шавад ва дар Сурайё бирӯяд, онро фарзандони Форс мегиранд". Эҳтиром ва назари неки Муҳаммад нисбат ба мусалмонҳои ғайриараб хеле арзишманд ва беназир аст. Мутаассифона, имрӯз ҳамон идеологияи язидӣ-панарабгароӣ дар шакли нав ва бисёр пурқувват бо дастгирии қудратҳои ҷаҳонӣ дар хориҷи кишвар шакл гирифта, вориди кишварҳои Осиё гардидаанд. Хатари он ба адабиёт, фарҳанг, мазҳаб ва амнияти давлатии Тоҷикистон таҳдид мекунад. Дар сурати "Тавба" Худои таборак ва таъоло ошкоро мегӯяд, ки "Ҳар гоҳе, ки мушрикҳо ба шумо паноҳ ҷустанд, шумо, эй мусулмонҳо ба онҳо паноҳандагӣ бидиҳед ва онҳоро ба ҷойи амн бурда расонед". Бузургтарин гуноҳ ширк аст. Шахси мушрик ба ягонагии Худо бовар надорад, дупараст ва сепараст мебошад. Худованд ба Паёмбар ва ба мусулмонҳо амр мекунад, ки "ҳар гоҳе мушрикҳо ба шумо паноҳ ҷустанд, ба онҳо паноҳандагӣ бидиҳед". Ҳамин нуқтаи меҳварии Қуръон аз назари тамоми мусулмонҳо дур монда, дар муқобили он қатлу куштор, исломҳаросиву исломситезӣ авҷ гирифтааст. Мутаассифона, ҳамаи он иғвоангезиҳое, ки аз номи дини мубини Ислом роҳандозӣ мегарданд, ҳеҷ иртиботе ба дини Ислом надоранд. Мо бояд хуб огоҳ бошем, ки иғвоангезиҳо аз ҷониби ҷараёнҳои такфирӣ ва ҳаракатҳои ифротӣ амалӣ карда мешаванд. Дар масъалаи иваз кардани ном пеш аз ҳама бояд ҳаминро ёдовар шуд, ки бадбахтии баъзе ҷавонон дар он аст, ки номҳои худро Абуумар, Абуҳусайн ва Абӯбакр мегузоранд, инҳо ягон муҳаббати самимии диниву эътиқодӣ ба ҳазрати Умар ё ба ҳазрати Абубакри Сиддиқ надоранд. Балки инҳо авбошҳои ифротие ҳастанд, ки барои бадном кардани дини Ислом ва саҳобагони Паёмбар ба худ чунин номҳоро мегузоранд ва аз онҳо истифода мекунанд. Тавре шумо пештар дар мавриди расму оинҳои миллӣ ишора кардед, пеш аз ҳама мехоҳам як ривояти саҳеҳи исломиро аз ҳаёти Паёмбар ёдовар шавам. Паёмбари гиромӣ Муҳаммад бо ҳамроҳии асҳоб ба Мадина мераванд. Мардуми Мадина дар маросими шодию сурур машғули сурудхонӣ буданд. Ногаҳон мебинанд, ки Паёмбар ва асҳоб назди онҳо мерасад. Чун Паёмбари Худоро диданд, сурудхониро қатъ карда, таҳти навои доира салавот гуфтанд. Паёмбари Худо онҳоро боз медорад ва мегӯяд, "бо ҳамон равише, ки сурудхонӣ мекардед ва бо ҳамон шеваи мардумӣ ба расму оини худ мутобиқ идома диҳед". Дар ин ҳол мардуми маҳал ба сари Паёмбар ҳар гуна шириниҳо пошиданд, ки дар оини эшон нишони эътиқод ва эҳтиром буд. Паёмбар ва саҳобагон ба онҳо мухолифат накарданд, балки онҳоро таҳсин гуфта, аз шириниҳои пошидаи онҳо гирифта, нӯши ҷон намуданд.. Расму оинҳои мардуми тоҷик, ӯзбек, қирғиз ва қазоқ, ки дорои хусусияти миллӣ ҳастанд, ба ҳамин хотир ҷараёнҳои такфирӣ онҳоро бидъату ширку куфр мегӯянд. Либоси миллӣ ва забони тоҷикиро низ ҳукм ба куфр менамоянд. Ягон навъи санъатро қабул надоранд, расмкаш ва расмгирро ба қатл мерасонанд. - Пӯшида нест, ки Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти худ, барои бознашри осори таърихӣ, аз ҷумла, "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров, "Таърихи табарӣ", осори Шайхурраис Сино ва чандин китобҳои дигари арзишманд замина гузоштанд. Инчунин "Тоҷикон дар оинаи таърих", ки яке аз китобҳои бунёдӣ барои шинохти миллати мо маҳсуб мешавад, ба қалами эшон тааллуқ дорад. Гузашта аз ин, барои тарҷума ва паҳн кардани китоби "Қуръони карим" бо забони тоҷикӣ низ кӯшишҳои зиёд анҷом доданд. Сабаб дар чӣ аст, ки муддаиёни ифротӣ пайваста бар зидди эҳё ва ҳифзи мероси таърихӣ кӯшиш менамоянд? -Паёмбари Худо мегӯяд: "Талабул ъилми фаризатун ъало кулли муслимин ва муслиматун". Яъне талаб кардани илм ба мардон ва занони мусулмон фарз аст. Агар мо аз ҳамин равзана назар афканем, дармеёбем, ки талаб кардани илм ба ҳар фарди мусулмон фарз аст, аммо аксарияти мусалмонҳо фарз будани илмомӯзиро ба эътибор намегиранд. Илм намеомӯзанд. Дастури Паёмбари муаззамро фаромӯш кардаанд. Аз ҳамин лиҳоз, иллати қафомондагӣ ва камбизоатии аксарияти мусалмонҳо надоштани илмӣ кофӣ аст. Президенти мамлакат дар баробари худшиносии миллӣ дар асоси табъу нашри адабиёти динӣ, ки онҳо аз ҷумлаи мероси таърихӣ мебошанд, пайваста мардуми кишвар, бахусус ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват мекунад. Аммо гурӯҳҳои фитнакор ва ғаммоз мехоҳанд мардуми тоҷик бесавод ва дар доираи як муҳити ҷоҳилият қарор дошта бошанд! Тоҷикон даргири ихтилофу низоъҳои дохилӣ ва дастнигари хориҷиён шаванд. Ба ҳамин хотир, душманони миллати тоҷик табъу нашри мероси таърихӣ ва ба хусус тарҷумаи "Қуръон"-ро нолозим медонанд ва бар хилофи гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои муғризонаи худро баён мекунанд. Осори ирфониро маҳкум менамоянд. Инсон, ки ҷоҳил шуд, гузаштаи худро надонист, ҳамеша душман ӯро истифода мебарад. Инсон, ки мутаассиб гашт, ҳамеша барои манофеи душманони миллат хизмат мекунад. Ҷоҳил ва мутаассиб силоҳи душман ва ғуломи Шайтон ҳастанд. Мунофиқ мавқеи сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ надорад! Аз китобҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки афроде ба миллат хиёнат карданд, ки онҳо дорои тафаккури солими миллӣ ва дорои андешаи қавии динӣ набуданд. Миллат ва дин барои онҳо арзиш надошта! Ҷавононе, ки имрӯз ба Сурияву Ироқ рафта, худро метарконанд ва даҳҳо нафари бегуноҳро қурбон мекунанд, натанҳо ҷоҳиланд, балки хидматгузори душманони Ислом ҳастанд. Муздури сервисҳои хориҷӣ, хоин ва гумоштаи ташкилотҳои террористӣ мебошанд. Мусулмон ҳеҷ гоҳ ба куштани дигарон талош намекунад, худро наметарконад, худкушӣ намекунад! Худкушӣ ва дигаронро қатл намудан ҳаром аст. Аҳли хушунат ва ҷоҳилони такфирӣ натанҳо худро мекушанд, балки омили исломҳаросӣ ва исломситезӣ хастанд. Қуръон ва суннат зидди принсипи "мекушам, то кушта шавам" аст. Барои салафия принсипи "Куштан ва кушта шудан" шараф ва дин маҳсуб меёбад! Принсипи террористии "мекушем, то кушта шавем"-ро пешвоён ва аъзои такфирии Иттиҳодияи экстремистии Салафия дар дохил ва хориҷ рангу бори динӣ медиҳанд. Афроде вориди иттиҳодия ва ташкилотҳои такфирӣ ва ифротӣ мешаванд, ки оддитарин маълумот нисбат ба мероси таърихӣ ва сарчашмаҳои суннатӣ надоранд. Ғофил аз роҳу равиши таълимоти дини мубини исломанд. Паёмбар ва мактаби инсонгароии исломро намешиносанд. Адабиёти ирфонӣ ва суфияро, ки онҳо намунаи олии мероси таърихии уммати исломӣ ҳастанд, хурофот, бидъат, ширк ва куфр меҳисобанд. Мутаассифона, имрӯз чунин принсипҳои иғвоангез дар миёни баъзе гурӯҳҳои атеистии ифротӣ дида мешавад. Шинохти шахсият ва муддаъиёни ирфонситез бисёр зарур аст. Ин тоифа дар зери ниқоби "андешаи миллӣ" бар зидди мероси таърихӣ, андешаи солими миллӣ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат ва бар зидди оромию амнияти давлатӣ машғули иғвоангезӣ ва дасисакорӣ ҳастанд. Пешвоёни суфияро "бачабоз" ва "зинокор" эълон намуданд. Бо равишҳои мухталиф дар шикастан ва маҳвсозии мероси таърихӣ ва ирфонӣ камар бастаанд! Боварии комил дорем, ки ин тоифаи меросситези ифротӣ дар ин самт низ ба мақсадҳои нопок ва миллаткуши худ намерасанд! - Дар ҳаҷи умрае, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилаашон ва бархе аз намояндагони дигари ҳукумати кишвар анҷом доданд, Роҳбари давлат дар ҳаққи мардуми шарифи тоҷик ва барои оромиву суботи Тоҷикистони азиз дуо карданд ва дар баробари эшон мо низ дуо кардем, то Ватани мо, ки дар гузаштаи на чандон дур ба майдони ҷангу даргириҳо табдил ёфта буд, орому осуда бошад ва мардуми он зиндагии амн дошта бошанд. Шумо дар бораи моҳияти арзиши ҳаҷи умраи Роҳбари давлат суҳбат кардед, ба андешаи Шумо фазилати ҳаҷи умраи бонуи аввали кишвар дар кадом поя қарор дорад? - Ман дар мақолае, ки дар АМИТ "Ховар" чоп гардида буд, сари ин масъала ишорае карда будам, вале чанд нуқтаи калидии ин масъаларо матраҳ накарда будам, чунки дар маҳдудаи як мақола мо наметавонем ҳамаи андешаҳоро баён созем. Албатта, ба сафари ҳаҷи умра рафтани бонуи аввали кишвар ва фарзандони ӯ бисёр як воқеаи таърихӣ ва сарнавиштсоз ва омили муттаҳидкунандаи занони исломӣ ва бонувони мусалмони Тоҷикистон аст. Ва ин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ як паёмади нек буда метавонад. Албатта, Пешвои миллат метавонист, ки танҳо ва бидуни ҳамсару фарзандонаш ин сафари худро анҷом бидиҳад. Агар мо аз нуқтаи ахлоқи сиёсӣ ва меъёрҳои динӣ баҳогузорӣ кунем, бонуи аввал рамзи иффату назофати зани тоҷик аст ва то имрӯз ин хислати наҷиби модари тоҷикро дар худ ҳифз ва таҷассум намудааст. Бонуи аввал ба хотири адои қарзи имонӣ, дифоъ аз шарафу номуси модарон ва бонуҳои исломии тоҷик аз шарри иттилооти фитнаангез ва ба хотири ҳимояи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дасисаҳои душманони дохилию хориҷӣ бо шавҳару фарзандони худ сафари ҳаҷ рафт. Ҳамаи рукнҳои фарзӣ, суннатӣ ва воҷиботи Ҳаҷи умраро ҳамчун як зани мусулмони точик ба ҷо овард. Ин рафтору кирдори ҳамсар ва духтарони Роҳбари давлат намунаи покдоманиву иффати тамоми бонувони тоҷик буда метавонад. Дуюм нуқтаи калидӣ ин аст, ки бонуи аввал нахустин занест, ки ба сифати ҳамсари Роҳбари давлат дар таърихи Тоҷикистон дар ҳарами Каъба намоз гузошт ва дар ҳақи хонадони худ ва дар хақи ҳар як фарзанди хонадони миллати тоҷик дуои хайр намуд. Ба сафари Ҳаҷи умра рафтани бонуи аввал барои занону бонувони тоҷик як инқилоби маънавӣ буд. Онҳо ба занону модарони тоҷик паём ва мужда доданд, ки "мо ҳам зан ва духтари тоҷик ҳастем, ки урфу одатҳои миллии хешро гум накардаем. Мусалмон ва дар доираи андешаҳои миллию мазҳабии худ собитқадам ва устуворем". - Баъд аз чопи ин мақолаи Шумо, ки пештар дар мавриди он ҳарф задем, бархурдҳои зиддунақзе ба вуҷуд омад. Чун Шумо бонуи аввали кишварро Пешвои занони мусулмони Тоҷикистон муаррифӣ кардед, баъзеҳо Шуморо ба чоплусиву тамаъҷӯӣ муттаҳам карданд. Ҳамин назару андешаҳоро чӣ гуна қабул кардед? - Хуб огоҳам, ки баъд аз нашри мақолаи мазкур дастандаркорони баъзе ҳафтаномаҳои ватанӣ, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои байналмилалӣ, гурӯҳҳои ғаразнок, аз ҷумла ба ном "Гурӯҳи 24", "Анҷумани қувваҳои созанда" ва баъзе сиёсатмадороне, ки дар кишвари Русия ва дигар кишварҳои Аврупо мустақар ҳастанд, аз ғараз маро ба чоплусиву тамаллуқкорӣ муттаҳам кардаанд. Ба иддаои онҳо гӯиё, ки банда ба хотири мансаб ва ё барои ба даст овардани маблағи ҳангуфт хушомадгӯӣ карда бошам. Гӯё чоплусӣ ва тамаллуқ дар Тоҷикистон як амали маъмулӣ гаштааст. Интиқоди онҳо муғризона буда, аз воқеият дур аст. Назари онҳо моҳияти илмӣ ва характери динӣ надорад. Ҳадафи онҳо ангехтани хусумат ва кинаву адовати миллӣ ва динӣ мебошад! Интиқод набояд хушунатангез ва ғаразнок бошад. Ба таври фаврӣ дар шабакаи иҷтимоии интернет "назарсанҷӣ"-и ғаразнокро зимни ҳамин масъала анҷом дода, беинсофона аз номи мардуми тоҷик маро чоплус ва хушомадгӯи хонадони Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон намудаанд. Албатта, ин гуна назарсанҷиҳо ҳамон идомаи дасисаҳои гурӯҳҳои 24-25 мебошад. Аз назари ман Пешвои миллат ва бонуи аввал ниёз ба тамаллуқ чоплусӣ ва хушомадгӯӣ надоранд. Мақом ва мавқеи эшон болотар аз чоплусӣ ва тамаллуқ аст. Онҳо маҳбубият, эҳтиром, иззат ва мавқеи хешро бо меҳнати худ дар ҷомеа пайдо намудаанд. Инъикоси воқеияти таърихӣ вазифаи ҳар фарди мусулмон аст, ки онро танҳо оғоз намудам. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз: Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам, Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон ғам махӯр! Дар ин маврид Паёмбари Худо мегӯяд: "Қулил ҳаққа ва инкона муран"-яъне сухани ҳақро бигӯед, агарчанде талх бошад. Нафратэҷодкунӣ нисбат ба хонадони Пешвои миллат амали шаръӣ нест, балки ин як барномаи тарҳрезишуда дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Доираҳои муайяни тангназар ва душахсиятҳо дар дохил бо либоси "дӯсту хайрхоҳ" ва дар хориҷ ба сифати "ғамхори ватану миллат" ба душманэҷодкунӣ ва фитна ангехтан нисбат ба Президент ва аҳли байти ӯ машғуланд. Банда ба навиштани як мақола ба ин масъала нуқта намегузорам, балки барои таҷассуми чеҳра ва симои модари тоҷик китоби таҳқиқотие хоҳам навишт. Бонуи аввали кишварро ба ҳайси Пешвои занони мусулмони Тоҷикистон муаррифӣ кардани ман танҳо ба ҳамин маъно аст, ки ӯ сазовори ин мақом аст ва намунаи ибрат буда метавонад. Ин идеяи хаёлӣ ва сухани хушку холӣ нест, балки воқеияти шаръӣ, илмӣ ва падидаи фарҳангӣ мебошад. -Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур арз мекунем ва ҷиҳати анҷом додани иқдомҳои наҷибе, ки дар нақша доред, барор мехоҳем. ©Бахтиёр ҲАМДАМОВ, Ибодуллоҳи ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.