Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » А.Муҳаққиқ: «Моҳияти умраи Пешвои миллат ва бонуи аввал»

А.Муҳаққиқ: «Моҳияти умраи Пешвои миллат ва бонуи аввал»

19-01-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 559 нафар
Назарҳо: 0
А.Муҳаққиқ: «Моҳияти умраи Пешвои миллат ва бонуи аввал»
Тозанигарӣ ва хубнигарӣ аз равзанаи ҳақиқат дар мавриди «Ҳаҷи умра» намудани Пешвои миллат, Президенти муҳтарам, сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амри хайр ва омили зарурӣ аст.

Таҳлилгарон ва коршиносони дохилию хориҷӣ то андозае назар ва дидгоҳи хешро дар мавзӯи зиёрати Каъбаи Эмомалӣ Раҳмон, аҳли байти ӯ ва вузарои Ҳукумати Тоҷикистон матраҳ намуданд. Иддае аз коршиносон ӯро сутуда ва иддаи дигаре аз таҳлилгарон ин ҳолати корро мавриди интиқод қарор додаанд. Банда низ назар, андеша ва пешниҳодоти хешро ҳамчун як коршиноси динӣ оид ба масъалаи мазкур манзури азизон месозам.

Ҳаҷ аз фароизи Илоҳӣ буда, аз аркони муҳими дини ислом маҳсуб меёбад. Қаъбатуллоҳ ва зиёрати оромгоҳи Паёмбари ислом- ҳазрати Муҳаммад (с) рамзи ваҳдат, муттаҳидии уммат, худшиносӣ, гуноҳсузӣ, покшавӣ аз андешаю афкори номашруъ, макони ибодат, иҷобати дуъо, арши бахшиши гуноҳон, чашмаи босафои тавба, маҳзари тамошои раҳмати Худо, омили бедории динӣ ва ҷанбаи шайтоншиканӣ буда, беҳтарин василаи расидан ба авҷи камолот ва қуддсияти одамият ба шумор меравад!

Худои Бузург бо лутфу карами худ гуноҳони ҷумла ҳоҷиёнро мебахшад ва ҳоҷиён чун тифлони маъсум поку муназзаҳ мегарданд, магар ин ки баъд аз мавсими Ҳаҷ баргаштан боз руҷуъ накунанд ба сӯйи маъсият ва гуноҳ!

Истиқололияти миллӣ заминаҳои тоъату ибодатро барои мусалмонон ва дигар пайравони адён дар Тоҷикистон фароҳам сохт. Ҷаҳонбинии исломситезӣ ва ақоиди ифротии «Атеизми ҷанговар» мунҷар ба марги мафоҷо гардид! Аҷзои тафаккур ва пайкараи осебзадаи шиорҳои сохтаву бофтаи хаёлпарастони лоядрӣ шикаставу рехта шуданд.

Дар асоси Конуститутсияи Тоҷикистон муносибати давлат ба дин муйян карда шуд. Низоми давлати демократии дунявӣ дар қаламрави кишвари азизамон ба фаъолият оғоз намуд. Мусалмонон унсури муҳими ҷомеаи шахрвандӣ шинохта шуда, барои онҳо дари масҷиду мадориси исломӣ кушода шуд. Монеа барои донишомӯзии динӣ ва улуми исломӣ боқӣ намонда буд. Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Бадхоҳони миллат ҷанги таҳмилӣ ва шаҳрвандиро дар кишвар роҳандозӣ карданд ва ҳазорон мусалмон андарин ҷанги бемаънӣ ва ватансӯз кушта гаштанд. Сипос Худоро, ки бо талоши фарзандони фарзона ва бедори миллат хатари аз байн рафтани давлат ва кишвари Тоҷикистон бартараф шуд.

Бо ҳама мушкилот нигоҳ накарда, шаҳрвандони Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мушарраф ба зиёрати Каъба ва равзаи Паёмбар (с) гардиданд. Дар қатори миллионҳо мусалмонони ҷаҳон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба зиёрати Хонаи Худо ба шаҳри Маккаи Мукаррама сафар намуд. Ба Ҳаҷ сафар намудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбар ва чеҳраи аввали давлати Тоҷикистон андар қалби ҳазорон мусалмони дунё ва ба хусус дар дили тоҷикони ҷаҳон шодию фараҳмандӣ эҷод намуд. Афроди исломситези ҷомеаи тоҷик ва хориҷ аз он, ки хешро то ин замон аз нухбагони илмӣ ва парчамбардорони сиёсату фарҳанг меҳисобиданд, аз хиҷолат ва ҳайратзадагӣ сари ангушт газидандӣ ва гуфтандӣ: «Чӣ гуна Президенти давлати дунявӣ метавонад ба зиёрати Каъбатуллоҳ равад? Раҳбари давлат набояд расму оинҳои исломиро анҷом бидиҳад».

Алорағми афкори пӯсида ва андешаи ноқобил Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати миллӣ ва иродаи имонӣ афкори ғалат ва андешаи осебзадаи низоми ҳақситезиро, ки андар он корманд ва масъули давлатӣ наметавонист, намоз хонад ва расму оинҳои исломиро ошкоро анҷом диҳад, дарҳам шикаст. Парчами ҳуввият ва мазҳабиро боло бардошт ва ошкоро аз мусалмон будани худ мужда дод! Усулият ва ангезаҳои исломҳаросӣ дар ҷомеа ятим монда, бепарастор гашт.

Шикастани зербинои ҷоҳилият, сипари таассуб ва афкори мулҳидӣ аз ҷониби Президенти муҳтарам дар қаламрави Осиёи Миёна омили бедории миллӣ ва худшиносӣ гардид.
А.Муҳаққиқ: «Моҳияти умраи Пешвои миллат ва бонуи аввал»
Сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон аз баҳри зиёрати Каъба ва оромгоҳи Паёмбари ислом (с) пеш аз ҳама маънии даъват ба ваҳдат ва ҳифзи ормонҳои динӣ буд. Ӯ ба таври расмӣ даҳҳо маротиба изҳор дошт, ки алҳамдулиллоҳ мо низ мусалмон ҳастем ва 99 фисади сокинони Тоҷикистон пайрави дини ислом мебошанд. Муддаъиён барои ноором сохтани авзои сиёсӣ ва динии кишвар талош намуданд, ки низоми демократӣ-дунявии Тоҷикистонро зидди Ислом ва Президент Эмомалӣ Раҳмонро кофиру мушрик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Ба-дин васила онҳо кӯшиш намуданд, ки неруҳои имонии кишварро ба манфиъати созмон ва ҳаракатҳои ифротӣ истифода баранд. Аммо Президенти муҳтарам бо лутфи Худои Бузург ва ба василаи Ҳаҷи фарзию зиёрати оромгоҳи Муҳаммад (с) иддаъои муддаиёни иғвоҷӯйро хунсо намуд ва исбот кард, ки дар баробари Раҳбари давлат будан, шахси мусалмон аст. Ӯ пайваста таъкид мекунад ва шаҳодат медиҳад, ки: Алҳамдулиллоҳ мусалмонам.

Ба ин нигоҳ накарда, тоифаи шаккок ва муздурони созмонҳои террористӣ чун Муҳаммад Ансорӣ бо дастуру супоришҳои хоҷагони такфириаш фатво додӣ: «Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳеч рабте ба дин ва мусалмонӣ надорад. Ӯ барои фиреби назари мардуми мусалмон ва аз барои ҳифзи мансабу курсии худ ба сафари Ҳаҷ рафтааст. Ба Ҳаҷ рафтани Президенти Тоҷикистон ҷуз фиреби мусалмонон дигар чизе нест».

Аз ҷониби дигар баъзе аз асҳоби зиёӣ ва равшанфикроне, ки то кунун дорои тафаккур ва андешаи лоядригӣ ҳастанд муддаии он гаштанд, ки дин ҷаҳолат, таассуб ва хурофот аст. Диндор набояд аз илм ва сиёсат ҳарф бизанад. Шахси боимон наметавонад дар вазифаи раҳбарикунандаи давлат хизмат намояд. Сафар ба Ҳаҷ намудани Президенти муҳтарам оқибатҳои ногувор барои ояндаи ҷомеаи демократии дунявӣ дорад. Дунявият бо дин созгор нест ва дин бо дунявият».

Таассуб ва хурофот андар тафаккури баъзе аз динситезон шакли ифротӣ гирифта, онҳо қобилияти пазируфтани воқеиятро дигар аз даст додаанд. Дар ҳоле ки Президенти муҳтарам дар ҳама вохӯриҳо бо аҳли зиё ва равшанфикрон беҳтарин суханро дар ситоиши онҳо гуфтӣ ва эшонро иззат ва ситоиш намудӣ.

Аз барои худшиносии миллӣ ва шинохти хотираи таммадуни исломӣ бо дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон адабиёт ва китобҳое, ки дорои моҳияти илмӣ-динӣ буданд, аз ҷониби Иститути фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди «Қуръони карим бо забони тоҷикӣ», «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Кимёи саъодат» ва « Эҳёи улуми динӣ»-и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Тафсир» ва «Таърихи Табарӣ»-и Ҷарири Табарӣ, «Каломи Мовароуннаҳр»-А. Шамолов ва даҳҳо асарҳои боҳикмат ба табъу нашр расиданд.

Хизмати собиқ директори Иститути фалсафа ва сиёсатшиносии Акадамияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Абдулвоҳид Шамолов дар ин самт хеле арзишманд ва қобили таҳсин аст. Ӯ бо ифтихори баланди илмию инсонии худ тавонист, ки Академияи илмҳоро ҳамчун як ниҳоди пурқуввати илмӣ дар байни ҷомеа муаррифӣ намояд ва исбот сохт, ки Президенти Тоҷикистон шахси сиёсатмадор ва мусалмон буда, ғамхори миллату давлати худ мебошад. Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ағёр ва иғвоандозони бемурувват ба шӯр омада, иддаъо намуданд, ки А. Шамолов Академияи илмҳоро ба масҷид ва мадраса табдил дода, бастаи табъу нашри Қуръон ва дигар адабиёти исломӣ гашта, илму маърифатро дар канор гузоштааст! Муддаиён хуб медонистанд, ки Абдулвоҳид Шамолов кореро дар табъу нашри китобҳои таърихӣ ва исломӣ, ки омили худшиносии миллӣ ҳастанд, бо дастури Президенти муҳтарам ба табъ расонидааст.. Аммо муғризин бо ин усул кӯшиданд, ки дар ҷомеа китобҳои таърихӣ ва динӣ дигар аз номи Президенти Тоҷикистон ба табъ нарасад ва онҳо дар оянда бигӯянд, ки дар замони давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ягон китоби динӣ ба табъ нарасидааст. Нашри Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ва бо хати сирилик бо дастур ва маслиҳати Президент Эмомалӣ Раҳмон муждаи дигаре буд барои худшиносӣ ва Худошиносии мардуми мусалмони тоҷик!

Фитнаангезии наҳзатҳои иттилооти такфирӣ бар зидди Президенти Тоҷикистон

Дар чунин давраи ҳассоси сарнавиштсоз барои халқи тоҷик дастгоҳҳои фаромиллии маҳворавӣ ва интернетӣ ҷанги иттилоотиро барои шустушӯи мағзии мусалмонон бар зидди Президент Эмомалӣ Раҳмон ва давлати Тоҷикистон дар муносибат ба дин тақвият бахшиданд. Гумоштагон, зархаридон, миссионерҳо ва мубаллиғони ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ҷараёнҳои ифротӣ чун «Салафия» ва амсоли он бардурӯғ худро аҳли «Қуръон ва суннат» муаррифӣ намуда, дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таблиғи ақидаи миллаткӯш ва ватансӯзи бемазҳабӣ тухми нифоқ ва ихтилоф коштанд. Тоифаи нопоки кофирӣ ва хоҷагони онҳо ихтилоф ва низоъи суннӣ ва шиаро барои оғуштаи хун сохтани хоки Тоҷикистон барномарезӣ намуданд!

Лидер ва пешвоёни ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ вазъи динии кишварро осебпазир сохта, бо уламои аҳли суннати кишвар даст ба гиребон гаштанд ва ақидаи фосиду иддаъои террористии таъсиси «Хилофат», яъне «Давлати исломӣ»-ро андешаи исломӣ пӯшониданд. Онҳо андеша ва идеяҳои такфирии Ибни Тайимия ва Ибни Қайими ифротиро таблиғ намуда, асоси шариъат меҳисобанд. Ибни Қайими такфирӣ дар асоси фатвоҳои иғвоангези Ибни Тайимияи ифротӣ Шайхурраис Абӯ Алӣ ибни Синоро, ки ӯ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик аст, кофир ва муртад ҳукм намудааст: «Абӯ Алӣ ибни Сино муъаттил, мушрик, инкоркунандаи Паёмбарҳо ва маъод аст. Назди вай на мабдаъе ҳаст ва на маъоде ва на Паёмбаре ҳаст ва на Китобе. Ибни Сино пешвои мулҳидон ва кофирон аст! Ӯ ба Худо, фариштаҳо, китобҳои осмонӣ, паёмбарон ва рўзи қиёмат имон надорад», — («Иғосату-л-лаҳфон», 2/374).

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президент ва фарди мусалмон тақвиятёбӣ ва решадавонии ақидаи заҳрогини сепарастӣ ва идеялогияи моҷароҷӯйи «Иттиҳодияи экстремистии салафия»-ро наҳӣ ва маҳкум намуд. Ӯ хатари ифрот ва таҳдидҳои геополитикии ҷараёнҳои такфириро беҳтару хубтар аз дигарон дарк намуд. Барои бедории миллӣ ва ҳифзи амнияти давлатӣ дар вохӯрӣ бо мардум ва дар суханрониҳои хеш бо вузарои Ҳукумат ва масъулини ниҳодҳои динӣ барои шакл нагирифтани ақидаи ботили бемазҳабии созмонҳои моҷароҷӯ ва ҳаракатҳои иғвоангези ба ном динӣ ҳамчун исломи суннатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳушдор дод.

Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Куруши Кабир парчамбардори бедории миллӣ ва муборизи ҷонфидо алайҳи ҷараёнҳои такфирӣ ва созмонҳои ифротӣ бархост ва аҳли ҷомеаро барои муқовимат бар зидди ҷараёнҳои иғвоангез даъват намуд, дар ҳоле ки бисёре аз масъулини ниҳодҳои динӣ ва нухбагони илмӣ аз хатари миллаткуши «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» ва ҳампаймонҳои ифротии онҳо бехабар ва ё хомӯш буданд.

Кош ки нухбагони илмӣ ва уламои исломии кишвар дар решакан ва саркӯб намудани идеологияи ташкилот ва ақидаи хунрези созмонҳои экстремистӣ пешқадам мебуданд. Дороии илмӣ ва андешаи солими худро барои саъодатмандии миллат ва мардуми Тоҷикистон сарф менамуданд. Дар ҳоле ки муздурони созмонҳои террористӣ ва хоинҳои тоҷикситез тавассути шабакаҳои иттилоотии такфирии худ бо забони тоҷикӣ-форсӣ барномаҳои зидди давлатии Тоҷикистон ва зидди шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ошкоро роҳандозӣ намуданд.

Мутассифона дар посухи дасиса ва талбисоти шабакаҳои фаромилии иғвоангези салафия то кунун дастгоҳи иттилоотии муқовиматкунандаи мазҳабӣ дар ҷомеа вучуд надорад. Омили набудани дастгоҳи иттилоотии муқовиматкунанди мазҳабӣ дар кишвар мунҷар ба шустушӯи мағзии насли ҷавон аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ва такфирӣ гаштаанд.

Терроризим ва экстремизм падидаи исломӣ нест.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои муттаҳидӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва осори исломӣ дар кишвар соли 2009-ро соли «Бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намуд. Кунгураи байналмилалии «Бузургдошти Имоми Аъзам» бо иштироки уламо, донишмандони исломӣ ва мутафаккирони шинохтаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Баъди сипарӣ шудани кунгураи ҷаҳонии «Бузургдошти Имоми Аъзам» оташи иғво ва тафриқаандозии пешвоёни салафия то андозае авҷ гирифт ва муғризин гуфтанд, ки баргузории кунгура ҳаром аст ва ноҷоиз. Онҳо аз бедории исломии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони фарзонаи миллат огоҳ гашта, самти муборизаи худро ба таври махфиёна тақвият бахшиданд.

Тибқи хулосаҳои таҳлилии мо кунгураи ҷаҳонии бузургдошти Имоми Аъзам (р) зарбаи маҳкам ва камаршикан барои ҷараёнҳои такфирӣ ва пайравони гумроҳи онҳо буд, аммо аз ҷониби дигар ин ҷашнвораи мазкур боиси наҳзатҳои атеистӣ дар ҷомеа гашт. Ифротгароёни аттеистӣ ва мухолифони дин кӯшиш менамуданд, ки исломро сарчашмаи терроризм ҳисобида, омили гумроҳӣ, таассуб ва мардуми мусалмонро аз тамадуни ҷаҳонӣ бегона нишон диҳанд. Ифротгароии зардуштия ва атеистӣ заминаҳои рушди ифротгароии салафия ва ҷамоатҳои такфириро то андозае сурат бахшид. Миссионерҳои одамфурӯши такфирӣ ҷавонони камогоҳ аз динро пинҳонӣ ба созмонҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ фурӯхтанд.

Андар посухи ин гурӯҳ Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта: «Ислом ва мардуми мусалмонро аз тамаддуни башардӯстонаи ҷаҳонӣ ҷудо карда, ба падидаҳои ифротгароёнаи террористию экстремистӣ ҳамранг донистани дини мубини ислом аз рӯи инсофу адолат нест, балки таҳрифи рӯирост ва иштибоҳи бузург аст.

Терроризим ва экстремизмро бояд аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо кард. Ин падидаҳои номатлубро ба ягон дин, аз ҷумла ба дини ислом нисбат додан нодуруст аст. Кирдору гуфтори гурӯҳҳои тундгаро ва нерӯҳои экстремистӣ дар зоти худ хиёнати таърихӣ ва нобахшиданӣ ба дин, таърих ва сирати озодаву сулҳпарвари инсон аст. Мазҳаби ҳанафӣ таърихан ва амалан омили ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъиятӣ аст».


«Суст шудани пояҳои давлатдорӣ ва бетарафии қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан зиёиён ба чӣ бурда мерасонад; ба фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ, поймол гардидани Конститутсия ва умуман қонун, сар бардоштани қувваҳои экстремистию ҷиноятпеша, бенизомӣ дар ҷомеа ва дар аксари мавридҳо ба заволи давлату шикасти миллат мерасонад». “

Дар баробари муборизаҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон бар зидди ифротгароӣ ва ҳифзи миллату давлат муқовимати ақида ва дидгоҳҳои илмию эътиқодӣ дар ҳолати бархӯрди шадид қарор доштанд. Ин ҳолати корро асҳоби такфирӣ ва ҷараёнҳои ифротӣ мубориза ва ҷанг бар зидди дини ислом муаррифӣ намуданд. Дар ин замина аксари ҷавонон майли пайвастан ба ҷараёнҳои такфирӣ намуданд. Мубаллиғ ва миссионерҳои каззоб ба таблиғи «Ҷиҳоди шайтонӣ» ва таъсиси «Давлати исломӣ» пардохта, мафҳум, калима, ибора ва матнҳои фиқҳию фатвоҳои исломиро бардурӯғ ва ғаразнок дар асоси усулият ва ҷаҳонбинии иттиҳодияҳои экстремистӣ шарҳу баён менамуданд.

Фирқаи такфирӣ, тӯдаи шаккокия, афроди беасл ва хоҷагони хориҷии хоинҳои ватанфурӯш дидаву дониста, уламои ҳанафӣ ва фарзандони ҳушманди кишварамонро муттаҳам ба рофизӣ намуда, омӯзиш ва хондани ҳамаи китобҳои динӣ ва осори исломии ҳанафимазҳабонро бидъат ва номашруъ ҳукм намуданд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон заминаҳои муноқишаи ақидавӣ ва ҷанги байни суннию шиаро чун дар Сурия ва Ироқ омода месохтанд.

Мубаллиғони расонагии такфириён ба мақсади эҷоди фитна, ихтилофи суннию шиа ва шустушӯи мағзии навҷавонони исломӣ расмҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳамроҳии расмҳои Раҳбари ҶИЭ дар як радиф гузошта, Президенти кишвари азизро шиаву рофизӣ, кофир, мушрику бидъаткор ва муздури режими охундӣ ҳукм менамоянд! Шабакаҳои такфирӣ дастогоҳи иттиллотии “ДИИШ” буда, ҳадафи онҳо таблиғи хушунат, душманэҷодкунӣ, низоъ, ихтилоф, такфир, эронситезӣ ва тоҷикситезӣ аст!

М. Ансорӣ муздури низоми саҳюнистӣ буда, ҳама дасисаҳои моҳворавияшро бо дастуру фармоиши душманони дин ва хоинҳои дохилии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд. Вазифаи ӯ ҳамворсозии муҳити сиёсӣ ва динӣ барои наҳзатҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Осиёи Миёна мебошад…

Бояд зикр намуд, ки қабл аз ҷанги зидди давлати Сурия ва Ироқ ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ барномаҳои тарҳрезишудаеро барои эҷоди ихтилофи суннӣ ва шиа тавассути мавлавӣ ва муфтичаҳои бемазҳаб амалӣ сохтанд. Даҳҳо китоб ва адабиёти дорои моҳияти ифротӣ ва такфириро ҳамчун дастури таълимӣ дар байни ҷомеа ройгон тақсим намуданд. Аммо натавонистанд, ки байни сунниҳо ва шиа ҷанг биандозанд. Масеҳию, суннӣ, шиаву буддоиён дар канорӣ ҳам истода, бар зидди ҷараёнҳои такфирӣ то ҳол меҷанганд!

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хатари ҷараёнҳои такфирию ифротӣ ҳамагонро ҳушдор ва огоҳ намуда, мегӯяд: «Имрўзҳо мақсадҳои он балвоҳо ошкор шудаанд. Бунёдгароёни исломии дунёи муосир (асҳоби такфирӣ) мавқеи бисёр ҳассоси Тоҷикистонро ба назар гирифта, ҷумҳурии моро ба ҳайси размгоҳи интишори он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интихоб намуданд».

Аммо дар ин самт дигар касе аз мансабдорони воломақом то имрӯз ошкоро мавқеи худро нисбат ба бунёдгароёни такфирӣ ва ифротӣ чун Президенти кишвар изҳор надоштааст!

Дар баробари тақвиятёбӣ ва шаклгирии ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои ғарбӣ раванди Қуръонсўзӣ, таҳқир, карикратурасозӣ ва туҳмат ба Паёмбари ислом- ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҷониби ифротгароёни салибӣ дар Амрико ва Фаронса ба хотири исломҳаросӣ ва исломситезӣ афзоиш ёфтаст.

Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ва геосиёсии ҷаҳон Перезиденти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дифоъи муқаддасоти исломӣ; Қуръон ва ҳазрати Муҳаммад (с) баромада, Қуръонсузӣ ва карикратурасозӣ нисбат ба Паёмбари ислом (с)-ро ба таври расмӣ маҳкум намуд. Ӯ изҳор дошт, ки: «Ғояҳои низоми демократӣ ҳаргиз ба касе иҷозат намедиҳад, ки ба иззату шараф ва муқаддасоти адён, аз ҷумла, ба дини мубини ислом таҳқир ва туҳматро раво бинад». — «Мо дини муқаддаси исломро эҳтиром мекунем, иззати ҳар дини дигарро низ ба ҷо меорем. Ба фикрам дин барои покии ахлоқу имони инсон басо зарур аст. Мо ҳама расму русумро эҳтиром ва иҷро мекунем, рӯза медорем, намоз мехонем…»

Эмомалӣ Раҳмон 8.09.2003 дар суханронии худ бахшида ба муносибати 1000 солагии зодрӯзи Носири Хусрав таъкид намуда: «Имрӯз равияҳои ифротгароӣ на танҳо дар ислом, балки дар дигар дину оинҳои ҷаҳонӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф ба чашм мерасанд, ки мисоли равшани онҳо густариши фаъолияти гурӯҳҳои неофашистӣ, ҳаракатҳои шовинистӣ ва ҷумбишҳои миллатгароӣ шуда метавонанд».

Аммо мухолифони низоми давлати Тоҷикистон ва мухолифони сиёсатҳои пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон дидаву дониста, аз рӯйи ғараз мафҳумҳои диниро барои асоснок намудани афкору андешаи худ истифода бурда, Президенти кишварро дар дастгоҳҳои иттилоотии фаромиллӣ кофир ва мушрик ҳукм мекунанд, ки ин амали онҳо аз рӯи шариъат ҷоиз нест. Интиқоду напазируфтани сиёсат чизи дигар аст ва кофиру мушрик будан чизи дигар! Маҳдудиятҳои динӣ ва мазҳабӣ чизи дигар аст!

Масҷиду мадорис дар бисёре кишварҳои дунё моҳияти ибодатии хешро аз даст дода, онҳо ба дастгоҳи идиолужӣ ва таблиғии созмонҳои иғвоангезу моҷароҷӯй табдил ёфтаанд. Танзими мунсибат оид ба масҷиду мадорис беҳтарин омили пешгирии наҳзатҳои такфирӣ ва ифротӣ мебошад! Такфир ва ифрот танҳо хоси ислом нест, балки ин падидаи шум ва бехосият дар дигар адён низ ҷой дорад.

Сиёсати давлати Тоҷикистон тибқи Конститутсия буда, ягон мафкураи динӣ ба ҳайсӣ мафкураи давлатӣ пазируфта намешавад. Аммо ин методи давлатӣ ҳаргиз маънии онро надорад, ки давлати Тоҷикистон зидди адён, аз ҷумла зидди дини мубини ислом мебошад ва шахси мусалмон натавонад ба ҳайси раҳбари давлат ва корманди мақомот бошад! Касоне, ки динро ба давлат ва давлатро ба дин зид мегузоранд, дар иштибоҳи бузурганд.

Сафари дастаҷамъонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон, бо аҳли байт, хешу табор ва як қисмати ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ба «Ҳаҷи умра» дар моҳи январи соли 2016-и мелодӣ бори дигар нишон медиҳад, ки иддаъои афроде, ки Президент ва хонаводаашро кофир ва мушрик ҳукм мекунад, ботил ва бемантиқ аст.

Раҳбари давлат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳҳои мусаллаҳи ҶТ, Пешвои Миллат номҳое мебошанд, ки моҳияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ доранд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо ёд мекунанд.

Вақте ки Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба давлати Арабистони Саудӣ рафт, ҳамчун шахси мусалмон бо ҳамроҳии ҳамсар, фарзандон, ҳозирбошон, мушовирон ва ҳайати кории Ҳукумат ба зиёрати Каъбатуллоҳ ва оромгоҳи Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳамад (с) камар баст.

Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсари ӯ апаи Азизмо ва дигарон вориди хонаи Каъбатуллоҳ гашта, андаруни ин ҷойи муқаддас намоз гузориданд. Ба намоз ният карданд ва дар адаи намоз қиём намуданд, дар қиёми намоз сураи Қуръон хонданд, ба рукӯъ рафтанд, саҷда бар хок заданд, тасбеҳ гуфтанд, салавот хонданд, салом гуфтанд. Дуъо, тазарруъ ва гиря намуданд. Бо усули суннатии мазҳаби ҳанафӣ намоз гузориданд. Ҳамаи ин ибодат аломат ва нишонаҳои равшани фарди мусалмон аст, ки онро дар ин маросими «Ҳаҷи умра» шоҳид гаштаем!

Агар аз рӯи инсоф бигӯем чунин неъмати бузурги Илоҳӣ насиби ҳар мусалмоне то имрӯз нагаштааст. Дар ҷаридаи таърих кам хонаводаеро медонем, ки насибашон шуда бошад, ки дастҷамъона дар дохили Каъба намоз гузорида бошанд ва кам Ҳукуматеро медонем, ки намояндаҳои он дастҷамъона ба зиёрати «Ҳаҷ» ва оромгоҳи Паёмар (с) мушараф шуда бошанд!

Апаи Азизмо ҳоҷии Ҳарамайни шарифайн

Апаи Азизмо ҳамсари Президент Эмомалӣ Раҳмон нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки бо духтаронаш чун Озода, дар дохили Каъбатуллоҳ намоз гузориданд ва аз баракати ин макони муқаддаси исломӣ мушарраф гаштанд. То ин замон даҳҳо модарон ва бонувони тоҷик ба зиёрати Ҳаҷ рафта, аммо онҳо андар дохили Каъба ворид нагашта буданд.

Ин рӯйдоди таърихӣ барои занону бонувони тоҷик падидаи тоза, дарси ибрат, муждаи саъодат буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки модарон ва хоҳарони мусалмони Тоҷикистони азиз бояд ҳуввияти миллӣ, бедории динӣ, худшиносии худро фаромӯш насозанд. Иффату назофати имонии худро ҳифз намоянд.

Андар ин марҳила рафтори апаи Азизмо намунаи беҳтарин занҳои боимон аст. Ӯ чун модари муъминин — ҳазрати Оиша (рт) ба зиёрати Каъбатуллоҳ шитофт. Дар Маккаи Мукаррама ва оромгоҳи ҳазрати Муҳаммад (с) дар Мадинаи Мунаварра изҳори бандагӣ намуд..

Чӣ зебогист ва чӣ давлати сармадист, ки ҳамсари оқила ва духтарони Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давлати дунявӣ зиндагӣ ва ҳаёт ба сар мебаранд, мушарраф ба номи ҳоҷӣ гаштанд. Нақши зани исломӣ чун офтоби ҷаҳоннамо қалбҳои имониро равшан ва муаттар сохт. Кош, дигар бонувони тоҷик метавонистанд ба зиёрати Каъба ва равзаи мубораки Расулуллоҳ (с) мушараф мегаштанд.

Сазовор аст, ки апаи Азизмо — ҳамсари Президент Эмомалӣ Раҳмонро пешвои занони исломӣ дар Тоҷикистон эълон ва эҳтиром намоем, ба хотире, ки ӯ нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки аз Осиёи Миёна дар дохили ҳуҷраи Каъбатуллоҳ намоз гузоридааст! Хушо ба ҳолу ба ҷони ӯ ва хушо ба миллати тоҷик, ки апаи Азизмо парвардаи хоку оби Тоҷикистон аст!

Ба андешаи банда, апаи Азизмо ҳамчун ҳоҷии ҳарамайни шарифайн ифтихор ва шарафи зани тоҷик аст! Аз рафтор ва кирдори апаи Азизмо бояд дигар бонувон ибрат бигиранд. Муддаъиёне, ки аҳли байти Президентро такфир мекунанд, дигар далоил ва санади шаръӣ дар ихтиёри худ надоранд, ки афкор ва ақидаи ифротии худро машруъият бахшанд!

Банда тасмим гирифтам нисбати апаи Азизмо, ки чун нахустин зани ҳоҷии мусалмони тоҷик, бо фарзандони хеш ба зиёрати дохили Каъба ва оромҳои Паёмбари ислом (с) мушараф гаштааст, китоби дигареро навишта намоям! Ҳаргиз зани мусалмон мутаассиб, ҷоҳил, гумроҳ нест, балки он олиҳаи ҳусн, муҳаббат, тароват, афзали одамият, беҳтарин мураббӣ, сарпараст ва чароғи рӯзгори башарият аст!

Аз фазли Худо умед дорам, ки афкори кӯтоҳандешонеро, ки мехоҳанд аҳком ва аркони исломро, ки нисбат ба зан ва эҳтирому иззати модари мусалмон бахшида шудааст, бо мизони фикрӣ ва меъёрҳои ғарбӣ бисанҷанд, хунсо намоям!

Такфир, бегонапарстӣ ва ихтилоф омили исломҳаросӣ

Агар ин воқеаи таърихиро аз зовия ва равзанаи сиёсӣ бингарем мебинем, ки низоми давлати демократии дунявии Тоҷикистон мухолиф бо дин ва иҷрои расму оинҳои он нест, зеро чеҳраи аввалияи кишвар бо ҳайати баландпояи Ҳукумати Тоҷикистон дастҷамъона ба Маккаву Мадина- маркази тамаддуни исломӣ сафар намуда, зиёрати Ҳаҷ намуданд. Аркон ва аҳкоми ҳаҷро иҷро намуданд. Ин омили муҳим ва далоили раднашаванда, бори дигар иддаъои афродеро, ки Президент ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба мулҳидӣ ва исломситезӣ муттаҳам мекунанд, маҳкум менамояд. Пас омили исломситезӣ ва ангезаҳои ифротӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон киҳо ҳастанд, ки барои дастгоҳҳои иттилоотии фаромиллӣ маводҳои ботил ва иғвоангезро ҳамчун асноди раднашавандаи шаръӣ ва далоили маҳками мантиқӣ пайваста ҳадя менамоянд? То имрӯз ин муаммои сарбаста ва кургиреҳ нокушода боқӣ мондааст. Комёб гаштан ва нагаштани шахс дар сиёсат омили кофир ва мушрик шудан нест!

Афкори такфирӣ ва аносири бегонапарастӣ бинобар халогиҳои маънавӣ дар ин замина бисёр таъсиргузор буда, ҷавононро аз доираи ахлоқи ҳамида ва мазҳаби ҳанафӣ хориҷ менамояд! Идеологияи бегонапарастӣ аз ҷониби дастгоҳҳои пурқуввати хориҷӣ дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ реша давондааст.

Донишманди тоҷик Ибни Қурбон андарин маврид хеле зебо изҳори ақида намудааст: «Бингаред, ки насли имрӯзу ояндаи наздик майл ба куҷо доранд: Ба мудпарастии бегонагон, аниқтараш тақлиди кӯр-кӯрона ба фисқу фасоди ғарбиён, ки ҳатто худи олами Ғарб имрӯз дар пайи ислоҳи он афтода ва дар ҳалли он музтар мондааст. Рӯ овардан ба фаҳшу фоҳишагӣ; Пӯшидани либосҳои нимаурён; Баргузидани мусиқии Ғарб (реп) ва бад-ин восита аз тарафи баъзе овозхонон завқи суханфаҳмии мардум ба ҳадди бемаънигию бемазмунӣ поин бурда мешавад ва касе инро дар ҳоли ҳозир гӯё пай намебарад; Беҳурматӣ ба забони миллӣ-надонистани оддитарин қавонини луғавӣ, ночиз донистани забони модарӣ ва дар камоли бемазмунию беназмӣ ва парокандагӣ сухан гуфтан ва аҳаммият надодан ба забони адабӣ ва ҳамчунин дар муқобили забонҳои ҳукмрони Ғарб забону лолгуна доштани забони модарӣ», — Ибни Қурбон, Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим, с.140.

Бегонапарастӣ, худношиносӣ, ихтилоф ва низоъ бузургтарин империя, давлат, салтанат ва низомҳои ҷаҳониро дарҳам шикаста, нобуд сохтааст! Душманони амният ва суботи Тоҷикистон зиракона ва усулҳои санҷидаи созмонҳои террористӣ авомили ифрот, такфир, бегонапарастӣ, низоъ ва ихтилофро дар шакли «модагароӣ» ва «ақидаи тавҳидӣ» дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ташвиқ ва талбиғ менамоянд.

Касоне, ки тухми низоъ ва ихтилоф мекоранд, ҳамоно душмани Тоҷикистони азиз ва душмани миллати мусалмони тоҷик ҳастанд. Оромӣ ва амниятро дар ҷомеа намехоҳанд! Муздуроне ҳастанд, ки мазҳабу Ватан ва миллату фарҳанги миллӣ барояшон арзиш надорад!

Ҳоҷии ҳарамайни шарифайн Эмомалӣ Раҳмон фармуда: «Ватан осуда бошад, ҳар кадоми мо осудаем. Ватан обод бошад, мо ободем. Агар дар як гӯшаи хона нотинҷию нооромӣ бошад, дар гӯшаи дигари он ором нишастан номумкин аст…

Шарофатмандона ба шумо мегӯям: барои ман аз осудагию ободии Ватанам, тинҷию осоиштагии ҳар як хонадони тоҷикистонӣ дида муқаддастар чизе нест», - А. Муҳаққиқ, Амнияти суннатҳои миллӣ, с. 42.

Ба хотири бақои миллат, рушди иқтисодиёти миллӣ, ваҳдат, таъмини якпорчагии кишвар ва бехатари давлат, фанноварӣ, ҳифзи мазҳаби ҳанафӣ, ҳуввият, хотираи таърихӣ ва омилҳои муттаҳидкунандаи ислом бояд сарҷамъона аз тафриқа, низоъ, иғвоангезӣ дур бошем. Дӯстро душман ва душманро дӯст напиндорем. Аносир ва авомили шомилшавии ҷавонон ба созмон ва ҳаракатҳои террористиро дар дохили ҷомеаи шаҳрвандӣ решакан намоем. Исломҳаросӣ ва исломситезӣ барои ҷомеаи мо бегона ва хатарнок аст. Исломситезӣ омили саратонӣ ва шеваи носипосоне мебошад, ки оромӣ, амнияти давлату ҷомеа ва саодатмандии миллати тоҷикро намехоҳанд!

Пас месазад, ки ҳамчун мусалмони воқеӣ барои созандагӣ ва фановариҳо аз сидқ кӯшиш намоем. Инсони комил ва ғамхори миллату дин бошем. Худкушу худситез набошем. Сазовор нест, ки динро дар муқобили сиёсати давлат ва давлатро дар муқобили дин бигузорем.
©Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси динӣ.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: