Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пайравӣ намудан ба фарҳанги бегона як навъи таассуб аст

Пайравӣ намудан ба фарҳанги бегона як навъи таассуб аст

19-01-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 436 нафар
Назарҳо: 0
Пайравӣ намудан ба фарҳанги бегона як навъи таассуб аст
Мусоҳиба бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода

Дар пасманзари ҳодисаҳои хунинбори Ховари Наздику Афғонистони ҳамҷавор ва мавзӯи таҳаммулнопазирии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоиву ифротгарои муосир, инчунин вазъи мазҳабии дохили кишвар ва дигар мавзуъот мо тасмим гирифтем бо Раиси шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода сӯҳбат ороем:

- Ҳазрат, мо дар фазое сӯҳбат дорем, ки ҷаҳони муосирро хатарҳои гуногун, аз ҷумла бархӯрди тамаддунҳо, ифротгароиҳои диниву милливу нажодӣ ва терроризму таҳаммулнопазирӣ таҳдид мекунад. Дар радифи ин, қувваҳои манфиатҷӯ кӯшиши муқобил гузоштан ва паси сангарҳои ба ҳам зид қарор додани ҷонибдорони сохти динӣ ва дунявиро пайгири доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст, ки ин дар Сарқонунаш зикр гардидааст. Аммо айни замон, тибқи баъзе маъхазҳои оморӣ бо вуҷуди он ки аксарияти аҳолии кишварро мусулмонон (ё онҳое, ки худро чунин мешуморанд) ташкил медиҳанд, намояндагони дину мазҳаби дигар низ мавҷуданд. Лутфан бигӯед, ки муносибати байни ин мазҳабҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?


- Ҳарчанд як омори дақиқи сартосарӣ роҷеъ ба мансубияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба дину мазҳаб нест, вале аз дидгоҳи мо аксари мутлақи сокинони Тоҷикистон новобаста аз миллату забон ва мавқеи иҷтимоӣ, алҳамдуллилоҳ, мусалмон ҳастанд ва аз маҷмуи мазоҳиби исломӣ аксаран эътиқод ба мазҳаби ҳанафӣ доранд. Ғайр аз ин, дар кишвар муътақидони равияи исмоилия низ озодона аз мазҳаби хеш тибқи қавоиду дастурҳояшон пайравӣ мекунанд. Хуб, намояндагони динҳои дигаре, чун насоро, яҳудия ва ғайра низ ба сар мебаранд ва дар маҷмуъ, дар муносибати байниҳамдигарии мусалмонон бо пайравони динҳои дигар ва ҳамчунин аҳли мазҳаби ҳанафӣ бо мазоҳиби дигар мушкиле нест.

Ман чунин тарзу усул ва роҳу равиши диндориро аз файзу баракати давлати соҳибистиқлол ва мусоидати комил доштани он ба риояи озодиҳои эътиқодии мардуми кишвар мебинам. Таҷрибаи на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои рушдёфтае чун Малайзияву Индонезия ва Туркия он ҳақиқатро исбот мекунад, ки барои ривоҷи дин ва таъмини эҳтиёҷоти диндории мардум маҳз шакли дунявияти кишвар феълан бисёр муносиб ва созгор аст. Моҳиятан агар ба таърих нигарем, сохти давлатдории Сомониён низ дунявӣ буд. Дар ин хусус, албатта, уламои соҳаи сиёсату фалсафа ва ҷомеашиносӣ таҳқиқоти зиёде рӯи даст доранд ва дар ин хусус зиёд ҳарф задан лозим ҳам нест.

Акнун ба қисмати дуюми пурсишатон мегузарам. Дар ҷаҳони пуртаззоди муосир, ки тавассути ҷаҳонгароӣ ё худ глобализатсия вазъи кишварҳо ва минтақаҳо зуд-зуд тағйир меёбад, ҷараёни умумии мазҳабӣ ҳам аз ин таҳаввулот истисно намешавад. Омилҳо ва василаҳое ҳастанд, ки вазъиятро тағйир медиҳанд, чун низоми иртиботиву мухобиротӣ, фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ хеле таъсир дорад ва аз сӯи дигар, равуои мардум ба хориҷа хеле осон ва зиёд шудааст. Вазъи мазҳабии мардуми мусалмони Тоҷикистон, аз назари банда, суботи қавӣ дорад, мардум аз озодиҳои эътиқодиашон бархӯрдоранд, озодона ибодат мекунанд ва расму русуми диниашонро дилпурона ба ҷо меоранд. Фикр мекунам, ки Тоҷикистон дар минтақа ягона кишваре ҳаст, ки дар масоили дину диндорӣ суботи комил дорад. То ҳол миёни аҳли мазҳаби ҳанафӣ, ки аксариятро ташкил медиҳанд, бо намояндагони мазоҳиби дигар муноқишае нашудааст ва барои содир шуданаш ҳам сабабе нест. Ҳамагуна муносибот дар чаҳорчӯби дину мазҳаб тавассути қонунгузорӣ танзим шудааст ва иловатан қонунҳое қабул шудаанд, ки пеши роҳи исрофу хурофотро мегиранд ва ба тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи ҷомеаро низ ҷалб мекунанд. Ман қонунҳои миллии марбут ба танзими расму ойину анъанаҳо ва масъулияти волидон дар тарбияи фарзандонро дар назар дорам, ки падидаҳои нодир дар қонунгузорӣ эътироф шудаанд.

Аз ин ки аксарияти мардуми кишвар пайравӣ ба мазҳаби ҳанафӣ доранд, решаву омилҳои таърихиву фарҳангӣ дорад, ки ҳоло маҷоли шарҳи онҳо нест ва ин мавзӯъ хоси як суҳбати муфассале хоҳад буд. Агар ба имрӯз аз нигоҳи манфиат ва ё мазаррати яккамазҳабӣ бингарем, посух мусбат хоҳад шуд. Яккамазҳабии мусалмонони кишвар, ё худ аксариятро ташкил додани пайравони Имоми Аъзам худ як омили муҳими суботи сиёсӣ ва динӣ дар мамлакат шудааст. Зеро дарунмояи ин мазҳаб ва ҳикмати асосии он таҳаммулгароист. Ана ҳамин хӯю хислати таҳаммулгароӣ ва як заминаи муҳими рушди давлат будани асосҳои мазҳаби ҳанафӣ ба ҳама душманони миллату давлат, чӣ аз дохилу чӣ дар хориҷ, мақбул нест ва маҳз ҳамин иттиҳоду ҳамбастагии мусалмонон монеаи ҷиддӣ барои тарғиби мафкураи пурзарари салафияву ваҳҳобия ва дигар равияҳои ифротӣ гардидааст. Солҳои ахир хурӯҷи салафия боиси то андозае рахна шудани ин иттиҳод шуд, вале тирашон билохира хок хӯрд. Афкори тезутунде дар заминаи салафия ва дигар ҷараёнҳои такфириву ҷиҳодии дурӯғин ба таври ҳамешагӣ аз ҷониби раёсати Маркази исломӣ ва масъулини масоҷид пешгирӣ мешавад ва натиҷаи ниҳоияш ин шуд, ки ҳам Суди Олии кишвар фаъолияти онҳоро расман манъ кард ва ҳам Шӯрои уламо пайравӣ ба идеология ва рафтору пиндори онҳоро ҳарому мамнуъ фатво дод. Қабл аз ин, фатвои дигаре дар мавриди ҳаром будани пайравӣ ба ДИИШ эълон шуда буд, ки дар масоили пешгирии ҷалби ҷавонон ба ин ҳаракати бадномкунандаи дини ислом иқдоми саривақтӣ ва ниҳоят зарурӣ буд.

Хуб, дар ҳошияи ҳаводиси дар кишвар соли гузашта баамаломада, аз қабили баста шудани ҲНИТ, кӯшиши балвои муовини вазири мудофиа, ки мавсуф ҳам ҷонибдори Ҳизби наҳзат будааст, назари Шумо оид ба ин падидаҳо чӣ гуна аст?

- Мо мавқеи худро роҷеъ ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ кардани як идда ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода дар баёнияи Маркази исломӣ, ки дар санаи 12.09.2015 интишор шуда буд, рӯшан намуда будем. Ин амали як гурӯҳ бадкирдорон агар аз нигоҳи қонунгузории давлати дунявӣ ҷиноят бошад, пас аз нигоҳи шариати ислом зулму ситам ва фитнаву иғвогарист.

Ин кирдор комилан зидди фармудаҳои Ислом, зидди ахлоқи исломӣ ва куллан рафтори ғайримусалмонист. Дини мубини ислом ва хосатан мазҳаби ҳанафӣ сулҳу суботи ҷомеаи мусалмониро беҳтарин арзиш эътироф мекунад, ки барои ҳар фарди мусалмон комилан фаҳмову равшан аст. Исломи муқаддас билкулл муқобили фитнаву зулм ва беадолатист. Зулм аз мавқеи ислом, ба чизе зарар расонидан, аз ҳад гузаронидан, аз роҳи рост баромадан, аз адолат берун будан, ҳақро ба соҳибаш надодан, рафтори ношоиста кардан аст. Ба ҳамин мазмун ин мафҳум дар 58 сураи Қуръони карим 289 маротиба такрор ба такрор омадааст.

Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтаанд: «Ба бародари муъминатон, хоҳ золим бошад ва хоҳ ба зулм гирифтор, кумак кунед». Яке аз саҳобагон аз Расули Худо пурсон шудаанд: «Ба нафари ба ноҳаққӣ гирифторшуда кумак мекунем, вале ба нафари зулмкарда чӣ хел кумак кунем?» Пайғамбари Худо (с) дар посух гуфтаанд: «Бо нагузоштани ӯ ба зулм кардан». Аз ин гуфтори мубораки Расули Акрам чунин хулоса мешавад, ки Ислом зидди зулму ситам аст ва вазифаи ҳар фарди мусалмон аст, ки монеаи зулму бадкирдорӣ ва тахрибкорӣ бишавад. Ба ҳамин маънову муҳтаво Сайидои бузург мефармоянд:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…


Дар урфият мегӯянд, ки таърих беҳтарин омӯзгор аст ва касе, ки аз таърих ибрат намегирад, аз ҳеҷ каси дигар сабақ гирифта наметавонад. Мардуми тоҷик сабақи муноқишаҳои маргбори солҳои 90-умро, ки бо пешхезиҳои гурӯҳе аз ифротиёни наҳзатӣ кишварро дар вартаи нобудӣ қарор дод, ҳеҷ гоҳ аз ёд намебароранд. Хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони беинсофаш идомаи ҳамон нақшаест, ки ду даҳсола қабл тарҳрезӣ шуда буд: барҳам задани субот ва дар ин замина ба даст овардани суди зиёде аз хоҷагонаш. Аҷаб он аст, ки дар рӯзи нахустини ин вайронкорӣ раҳбарияти ҳизби ғайриқонунӣ эълоншудаи наҳзати исломии Тоҷикистон эълом доштанд, ки бо саркардаи ин исён - Ҳоҷӣ Ҳалим равобите надоранд, гӯиё ин одам дар узвияти ин ҳизб нест… Аммо аз шарҳи ҳоли ин ҷинояткор маълум аст, ки яке аз размандагони фаъоли ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд ва то охир равобити устуворе бо ин ҳизб ва фаъолони он дошт. Масъулияти худро аз ин фоҷиа дур кардани роҳбарияти ҲНИТ, ба назари мо, хеле содалавҳона буд. Мардуми тоҷик акнун сиёҳро аз сафед хеле хуб фарқ мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ин диёри обод дубора ба гирдоби фано биафтад. Мо бо камоли масъулияти имониву инсонӣ хиёнати ин гурӯҳи ҷиноятпешаро маҳкум мекунем. Аз ин амалкарди Абдуҳалим Назарзода ҷомеаи муслимини кишвар ба эътироз омад. Зеро ҳар фарди муъмин ва мусалмоне, ки аз кӯраи оташи ҷанги хунини солҳои навадум гузаштааст, арзиши сулҳ ва қимати ваҳдатро хуб медонад.

Мардуми иззатманди Тоҷикистон, чӣ муслиму чӣ ғайр, тӯли солҳои ваҳдату истиқлол лаззати зиндагии шоистаи инсониро аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кард ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат такрори он солҳои бесуботиро намехоҳад. Ягон фарди муъмин вазъи Афғонистону Сурияву Ироқ ё шимоли Африқоро, ки ҳамааш, қабл аз дигар омилҳо, натиҷаи нотифоқиву номуттаҳидии мардум аст, барои Тоҷикистон намехоҳад. Дар ин радиф мусоҳибаи Муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Саидмурод Фаттоҳзодаро, ки чанде қабл дар ҳафтаномаи «Азия-плюс» таҳти унвони «Мо муқобили исломи радикалӣ ва атеизми ҷанговар ҳастем» нашр шуда буд, бояд махсусан қайд кунам. Мавсуф бисёр дақиқкорона ва бамаврид нисбат ба ифрот ва хатарҳои дигари манфӣ андешаҳои худро баён кардааст, ки такя бар далелҳо ва зеҳнияти солим аст. Дар ҳақиқат, ҳар ду ин «ҷаҳонбинӣ»- ҳам исломи радикалӣ ва ҳам атеизми ҷанговар аз бунёди худ ҷараёнҳои таҳаммулнопазир ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ амну суботи ҷомеаро таъмин сохта наметавонанд, ба истиснои аҳдофи гурӯҳҳое, ки мехоҳанд аз ин суд бардоранд. Ва чунин ҷаҳонбинӣ дар ҷомеаи мо бояд ҳеҷ ҷойгоҳе надошта бошад.

Оид ба қазияи «ришу ҳиҷоб», ки хеле забонзада ҳам шудааст, Шумо ҳамчун сарвари мусалмонони кишвар чӣ гуфтаниҳое доред? Масалан, оё дар ойини мо зарурияти бечунучаро ва ё «эстетика»-и мондани риш аслан вуҷуд дорад? Ахиран, пӯшиши ҳиҷоб ҳатмист?

- Аз нигоҳи шаръӣ, билхоса тибқи мазҳаби ҳанафӣ мондани риш суннати муаккада аст. Аммо манзур аз гузоштани риш он нест, ки ҳеҷ мӯйе аз он кам нашавад, то тӯлу арзи он аз андоза таҷовуз намояд ва боиси азияти соҳибаш шавад, балки бояд нисбат ба ислоҳи он аз ҷиҳати арз ва тӯл низ иқдом шавад. Дар ҳадисе, ки Тирмизӣ онро ривоят кардааст, омадааст, ки баъзе аз салафи солеҳ ҳам дар арз ва тӯл риши худро ислоҳ мекарданд. Ришгузорӣ хоси танҳо мусалмонон нест, дар саросари мамолики олам одамони диндору бедин ҳам бо назардошти ақида ва ҳам бо тасаввури зебоипарастӣ ин корро раво медонанд.

Дар фаҳми умумӣ гузоштани риш маънои босалобат будан, дорои хираду тамкинро дошт. Шахси ришдор эҳсоси эҳтироми дигаронро ба вуҷуд меовард. Аз одами ришдор ахлоқи пастро мунтазир будан имкон надошт. Аз як сӯ, гузоштан ё нагузоштани риш як масъалаи шахсӣ бошад ҳам, ба он муносибат бояд ҷиддӣ бошад. Дар замонаш Бедили бузург аз ришгузориҳои бесарҳад то ҷое нигарон низ будааст:
Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад,
Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад…


Хуб, ҷиҳати шаръиашро гуфтем, ҷиҳатҳои дигараш пайванд дорад ба тарбия, ахлоқ ва диди инсон ба зебоӣ ва ғайра. Масъалаи ҳиҷоб низ асоси шаръӣ дорад, ки баҳсро нашояд. Бонувон, тибқи фарҳанги бостониамон, бо назардошти урфу одатҳо ва анъанаҳои либоспӯшии маҳаллӣ, вижагиҳои миллӣ ва ҳам ҷуғрофӣ либосҳои гуногун ба бар мекарданд. Яъне либосҳое доштанд, ки ҳам ҷавобгӯ ба талаботи шариат буд ва ҳам хусусиятҳои милливу ҷуғрофиро дар назар дошт. Гумроҳона пайравӣ кардан ба тарзи либоспӯшии бегона навъе аз таассуб аст, тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳангҳои бегона аст, инро мудом бояд ба инобат гирифт.

Дар кишвари мо, ки хусусияти секулярӣ дорад, намояндагони дигар адён низ сукунат доранд, ҳарчанд, ки шумораашон бузург набошад. Дар масъалаи ҳамзистӣ бо афроди ғайримусулмон Ислом чӣ мефармояд? Муносибати муслимин бо онҳо чӣ гуна бошад?

- Агар мо ба таълимоти дини мубини Ислом ҷиҳати муносибат бо пайравони дигар динҳо назар кунем, мебинем, ки Худованди бузург ва Пайғамбари гиромии Ислом Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) эҳтиром ва риоя намудани арзиши инсондӯстиро борҳо таъкид намудаанд. Худованд дар ояти 46, сураи «Анкабут» мефармояд: «Ва бо аҳли Китоб ҷуз ба он сурате, ки некӯ бошад, муҷодала макунед, магар бо касоне аз онҳо (муҷодала кунед), ки ситам кардаанд ва бигӯед: «Ба он чи ба сӯи мо фуруд оварда шуд ва ба он чи ба сӯи шумо фуруд оварда шуд, имон овардем ва Худои мо ва Худои шумо яке аст ва мо ӯро фармонбардорем». Аз тарафи дигар, дини мубини Ислом ба пайравонаш иҷозат намедиҳад, ки «олиҳа», яъне он ашёеро, ки мушрикон мепарастанд, дашном диҳанд, зеро ин дашному таҳқири онҳо сабаби беэҳтиромӣ ва ҳақорати Худованди барҳақ мегарданд. Хилофи таълимоти ислом террористон чандин осори таърихиро харобу валангор намуда, онро ҷиҳод бо ширк меноманд. Аз ҷумла, тарконидани муҷассамаҳои буддоия дар Бомиёни Афғонистон, хароб кардани шаҳри қадимаи Палмира дар Сурия ва садҳо мисоли дигар. Дар Қуръони карим омадааст: «Онҳоеро, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном мадиҳед, зеро ки онҳо аз рӯи зулм ба ғайри дониш Худоро дашном хоҳанд дод». (Сураи «Анъом», ояти 108). Дини мубини Ислом тамоми ҳуқуқҳои асосии инсон - мусулмон ва ғайри мусулмонро дар ҳаёт ҳифз менамояд ва ҳамеша инсонро барои идора намудани нафси худ аз пойбандии ҳавову ҳавас амр менамояд. Худованд мефармояд: «Эй мардуаслам, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост, Худо Донои Хабардор аст». (Сураи «Ҳуҷурот» ояти 13).

Он чи ки баён шуд, масоили шаръӣ буд, дигар тамоми муносиботи иҷтимоӣ дар давлати дунявӣ бар асоси қонун танзим аст.

Шумо изҳор намудед, ки хавфи «тасаллути шииён» сари кишвари мо вуҷуд дорад. Ин гуфтаҳоятон асос доранд ва агар ҳа, пас ин хатарҳо аз кадом ҷониб ба мо таҳдид мекунанд? Дар кишвар ақаллияти мазҳабии шиаёни исмоилӣ сар мебаранд. То ҳол, хушбахтона, дар дохил ягон моҷарои мазҳабӣ сар назадааст. Оё Шумо андеша доред, ки имкони роҳандозӣ шудани кашмакашиҳои мазҳабӣ дар дохили кишвар аз ҷониби қувваҳои манфиатдор ҳастанд? Агар бошанд, пас онҳо кистанд?

- Аслан баҳси шиаву суннӣ як мавзӯи қадима аст ва дар замони муосир хеле хатарзост. Беҳтар аст, ки ин баҳс умуман набошад, зеро ҷони ҳазорон-ҳазор мусалмонон сари ин баҳс талаф шудааст. Он чизе, ки банда аз он дар ташвиш ҳастам, ин аст, ки таблиғи мазҳаби бегона дар ҷамъияти асосан якмазҳабии мо боиси ноамнӣ ва хавфи сар задани муноқишаҳо хоҳад шуд. Дурандешона ин хатарро пешгирӣ кардан лозим аст. Барои ҷомеаи суннатии мо чунин «навгониҳо» саргумӣ ва парешониро ба бор меорад, иттиҳоди мардумро рахна месозад, суботро аз байн мебарад, хавф дар ҳамин аст. Сӯистифода аз камсаводии ҷавонон ва дар ин замина таблиғи мазоҳиби барои мо бегона боиси аввал муноқишаҳои лафзӣ ва баъдан зӯровариҳо хоҳад шуд. Таҷрибаи салафия инро исбот намуд. Аз инҳо андеша бояд кард. Аз фаъолияти гурӯҳҳое пешгирӣ намудан лозим аст, ки бо истифода аз нодониву бетаҷрибагии ҷавонон маҷбуран онҳоро ба тарафи худ мекашанд, албатта, бо дарёфти маблағҳои зиёде аз хориҷа.

Дар масъалаи муносибат бо пайравони шиаҳои исмоилии дохили кишварамон мо ягон мушкил надорем, намояндаи онҳо дар Шӯрои уламои мамлакат ҳаққи узвият дорад, онҳо тибқи расму ойини хеш ибодати худро ба ҷо меоранд ва тадбирҳои мазҳабиашонро озодона барпо мекунанд.

Бигӯед, ки дар дар давлати дунявӣ сарвари рӯҳонӣ будан мушкилӣ эҷод намекунад?

- Асли дунявият маънои муқобил будан бо дин ва маҳдуд намудани озодиҳои динии шаҳрвандон нест, баръакс, моҳияти он дар муҳайё намудани шароити озод ва баробари татбиқи озодиҳои динию эътиқодии шаҳрвандон ифода мегардад. Аз ин хотир, ман гумон дорам, ки дар давлате, ки дини ислом ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ, маънонавиёт ва ахлоқи ҷомеа эътироф гардидааст ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом маҳдуд накардааст, масъули мусулмонон будан мушкил нест, аммо масъулияти зиёдеро тақозо мекунад.

Муфтии Сурия Аҳмад Бадруддин Ҳассун зимни як мусоҳибааш ба як шабакаи русӣ гуфт, ки «на Ҳазрати Мӯсо, на Ҳазрати Исо ва на Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар кадом на барои яҳудиён, на барои насрониён ва на барои мусулмонон дар алоҳидагӣ давлат бунёд накардаанд. Онҳо давлатҳои таҳаммулпазир ва сохти дунявӣ дошта сохтанд». Шумо ба ин ақидаи муфтии Сурия розӣ ҳастед?

- Дар ҷавоби ин суол вазъи таърихиву фарҳангии ҳамон давраҳоро бояд мадди назар дошт. Ҳазрати Мӯсо қавми яҳудро муттаҳид кард, меъёрҳои давлатдориро қабл аз ҳама барои ҳамдинони хеш матраҳ сохт. Давраи ҳазрати Муҳаммад (с) комилан дигар буд, дину давлат дар ин сарзамин печидаи ҳам буд, яъне Расули Акрам ҳам раиси давлат буданд ва ва ҳам раиси дин. Он замон мафҳуми давлат ба маънои имрӯзааш дарк намешуд. Он замонҳоро бо имрӯз қиёс кардан нашояд. Албатта, бо назардошти гурӯҳе, дину мазҳабе барпо кардани давлат нодуруст аст, имкон надорад. Ҳоло дар сайёра кишвареро ёфтан муҳол аст, ки сокинонаш куллан намояндагони як дину як мазҳаб бошанд. Муҳим ин аст ки дар байни мусалмонон адолат бошад ва озодона ибодатҳои худро анҷом диҳанд.

Бунёди шумораи нави масоҷид дар кишвар. Онҳо метавонад ҳам макони маърифату Худошиносӣ бошанд, аммо, мутаассифона, дар навбати худ макони фитнаву ҷудоиандозӣ ва хушунат низ, агар аз минбари онҳо ғаразнок истифода бурда шавад. Таъсиррасонии ин ҷойгоҳ ба зеҳнияти омма хеле зиёд аст, чун ҷомеаи мо ғолибан суннатист. Назари Шумо дар ин мавзӯъ.

- Дар ҳар давру замон тибқи талаботи мардуми намозгузор дар сурати пеш омадани зарурат дар шаҳру рустоҳо масҷидҳо бунёд мегардиданд. Бо афзун шудани шумори мардум, табиист, ки бунёди макони ибодат тақозо мешавад. Барои давлат он чиз муҳим аст, ки ин масоҷид чӣ гуна истифода мешаванд, агар дар масоҷид мардум тибқи қавоиди шаръӣ ба ибодати хеш машғул шаванд, ҳеҷ зиёне ба давлату ҷомеа намерасад. Ибодат ба хотири ризои Худо асли масҷидравию масҷидсозист. Он гаҳ мушкил хоҳад шуд, ки агар хонаи Худоро ба мақсадҳои ғаразнок, ҷойи баҳси сиёсат, таблиғи афкори номатлубу барои суботи ҷомеа хатарнок истифода баранд. Инҷо бояд ба як нуқтаи муҳим ишора намоям, ибодат ду гуна мебошад; ибодатҳои шаоирӣ ё асли, ин рукнҳои панҷгонаи ислом; ибодатҳои муомилавию муоширатӣ, дар ин қисмати ибодат, эҳтироми волидайн, тарбияи фарзанд, муносибати нек бо ҷомеа ва дар умум инсони муфиду безарар будан дар ҷамъият. Ҳоло агар дар ин муносибатҳо мусалмон ноком шуд, ибодатҳои аслиаш қабул нест.

Дар саҳифаҳои ҳафтанома мо мавзӯи хурофот миёни ҷомеаро пайгирӣ карда будем. Бигӯед, ки Ислом оид ба ин зуҳуроти манфӣ чӣ мефармояд?

Оре, ман мавзӯи пайгирӣ намудаатонро мутолиа намудам, азҷумла матлаби шуморо низ, ки таҳти сарлавҳаи «Хурофот асоси ҷаҳлу оқибмондагии мост» нашр шуда буд. Бо қаноатмандӣ бояд бигӯям, ки мавзӯи хеле муҳимро пайгирӣ намудед. Матлабатонро такя ба далелу асноди муътамад ва хеле ҷолибу хонданӣ манзури хонандагон кардед, ки хеле хуб аст ва пешниҳоди чунин мақолот, бешубҳа сафи хонандагонатонро хоҳад афзуд ва нуфузи нашрияро боз ҳам зиёд хоҳад кард.

Дини мубини Ислом аз ибтидои зуҳур то кунун зидди ҳамагуна мавҳумот ва ақоиди пучу беасос аст. Ба шаҳодати аксар олимони диншинос, Ислом динест, ки танҳо ба ақлу хирад ва донишу ҳикмат такя мекунад. Хурофот бошад, маҷмӯи ақидаҳоест, ки ба ягон далел ва меъёрҳои ақлӣ такя намекунанд, мавҳумоте беш нестанд, асоси илмӣ надоранд. Ислому хурофот ҳеҷ гоҳ ба ҳам намеоянд ва ҳеҷ қаробате ба ҳам надоранд. Онҳо зидди ҳамдигаранд. Бузурге фармуда, ки «тиббу фалсафа инсонро аз ҳама мавҷудоти дигар хирадмандтар кард, фолкушоиву астрология ба бехирадӣ расонид, аммо хурофот инсонро аз ҳама бадбахттар намуд».

Сарчашмаи хурофот, бешак, дар ҳама давраҳои рушди башар ҷаҳолату нодонӣ будааст ва имрӯз низ ҳаст. Бинед, бузурге фармуда, ки «вақте одамон ба ҳеҷ чиз бовар надоранд, онҳо тайёранд, ки ба ҳама чиз бовар кунанд». Дигар ин ки ҳама шакли хурофот, бовар ба мавҳумот ва ҳама зуҳуроти ғайриақлӣ зулм кардан ба ҷони хештан аст.

Бадтарин зулме, ки инсон мебинад, натиҷаи нодониву ҷаҳолати ӯст ва ягона роҳи наҷот аз ин зулму ситам донишу маърифат, амал кардан тибқи фармудаҳои Илоҳӣ ва берун нашудан аз марзи одамият аст. Асли дин чист? Дин иборат аз аҳкоми Илоҳия аст, ки тобеони худро ба саодати ҳарду олам мерасонад ва мусулмон комил он аст, ки ҳам толиби саодати ин дунё ва ҳам толиби саодати охират бошад. Дунёро тарк карда, толиби охират будан мувофиқи шаръи шариф нест. Сухани Худованд аст, ки «Худо он Худоест, ки кураи Замин ва ҳар чизе, ки дар ӯст, ҳамаро барои фоидаи Шумо халқ кардааст» (Сураи «Бақара», 2:29).

Айни хурофот аст, ки баъзеҳо меӯянд: «Дунё ҷаннати кофирон ва дӯзахи мусалмонон аст». Ҳол он ки дар Ислом чунин меёр нест ва ин афсонаи хурофотӣ бофтаи онҳоест, ки ҳам ба худашон ва ҳам барои дигарон тавассути ин ақидаи нодуруст зулму ситам мекунанд.

Худованди Таъоло (дар сураи Юнус, 10:44) мефармоянд: «Инна-л-Лоҳа ло язлиму-н-носа шайъан ва локинна-н-носа анфусаҳум язлимун», яъне «Худо мардумонро зулм намекунад, лекин онҳо дар ҳаққи худашон зулм мекунанд». Ё дар сураи мубораки «Шӯро» (42:30/31) гуфта мешавад: «Ва мо асобакум мин мусибатин фи би мо касабат айдийкум ва яъфу ъан касир. Ва мо антум би муъҷизина фи-л-арзи ва мо лакум мин дуни-л-Лоҳи мин валййин ва ло насир», яъне «Ҳар мусибате, ки ба шумо расад, ба сабаби афъолу аъмоли носазои шумост, бисёре аз гуноҳонатонро Худо авф мекунад (агар мусибатро ба қадри гуноҳонатон фиристад, вой бар ҳоли шумо!). Шумо дар дунё аз ин мусибатҳо, ки ҷазои амали худатон аст, халос нахоҳед шуд. Шуморо ғайр аз Худо соҳибе, ки ҳифз кунад, ва мададгоре, ки дафъи бало намояд, нест».

Албатта, оид ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала ҳарфи зиёде ҳаст, аммо асли ҳақиқат ҳамин аст, ки дар боло изҳор шуд: дуруст омӯхтани дин, омӯхтани илму дониш ва пайравӣ кардан ба накӯкорон, сабақ гирифтан аз таҷрибаи рӯзгор ва пайваста зоҳир намудан хисоли ҳамидаи инсонӣ хурофотро аз миён мебардорд.

Суоле, ки қаблан дода будам, бо каме тағйирот дигарбора медиҳам. Шумо чигунагии муносиботи кулли аҳли Исломро бо дигарон шарҳ додед. Муомилаи пайравони мазҳаби Имоми Аъзамро бо намояндагони дигар адён чӣ гуна бошад? Имрӯз идеологҳои ДИИШ ҳамаи онҳоеро, ки гӯё бо «исломи асил» нестанд, ба марг ҳукм кардаанд. «Исломи асил» чист, ки мо онро тӯли ин қарнҳо ахиран нафаҳмидаему ДИИШ-ро «хушбахтӣ»-и дарки он насибаш шуда?

- Мазҳаби мубораки Имоми Аъзам, агар аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ ва муносибат ба динҳо ва равияҳои эътиқодии берун аз марзи ислом бингарем, комилан гуманистӣ ва ботаҳаммултарин аст. Дар ин мазҳаб он миқдор озодиҳо ва принсипу усулҳои қадршиносии инсон ҳаст, ки дар ягон мазҳаби дигар ба ин гуна муҳташамӣ нест.

Беҳтарин ҷиҳати ин мазҳаб ин аст, ки таълимоти Абӯҳанифа Нӯъмон аз ибтидо то ба интиҳо ҳамагӣ асоси қуръонӣ ва ақлгароӣ дорад. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки дар ҷустуҷӯи мушкилоти зеҳнӣ аввал далелҳои қуръонӣ пайдо кунад. Дар сурати аз Қуръон пайдо нашудани ҷавоби қонеъкунанда ба суннатҳои Паёмбари гиромӣ мутавваҷеҳ мешуд. Агар дар ин ҷо ҳам ҷавоби саҳеҳ пайдо намешуд, ба қарори иҷмоъ рӯ меовард. Дар сурати дар ин ҷо ҳам пайдо нашудани ҷавоб ақлу хирад, қиёс ва хулосаҳои мантиқиро ба роҳбарӣ мегирифт.

Баъдан асоси таълимот ва амалияи ин шахсияти беназирро инсонгароӣ, эҳтироми аҳли илму ҳунар, доништалабӣ, заҳматписандӣ, худдорӣ аз ғайбату бадгӯӣ, сабру таҳаммул, сариштакорӣ, хайрхоҳӣ, ҳалолкорӣ, ҳимматбаландӣ, бадхоҳу бадкина набудан, покдоманӣ, вафодорӣ, садоқат ба кори Худо, меҳрубонӣ нисбат ба ҳама, шафқату эҳсон, ҳидмату эҳтироми калонсолон ташкил медиҳад. Бузурге баъди омӯзиши асосҳои ин мазҳаб ба чунин хулоса омадааст: «Инсон бояд худро шиносад, рафторашро ба назм дарорад, хирадро пеша карда, коинотро биомӯзад ва ҷисму рӯҳашро мунаввар созад. Инсон бояд бо тамоми мавҷудот, алалхусус бо башарият аз рӯи меҳру шафқат муносибат намояд». Ана ҳамин аст муносибати пайравони Имоми Аъзам ба адёни дигар, яъне эҳтиром ва хайрхоҳӣ.

Идеологияи ДИИШ хилофи Ислом ва таълимоти Имоми Аъзам ва рафтори пайравони ӯст. Он чӣ, ки онҳо зери ибораи «исломи асил» мегӯянд, комилан зидди арзишҳои на танҳо Исломи мубин, балки умуман хиради одамист. Ислом ҳатто сухани бад гуфтанро раво намебинад, куҷо расад ба куштору исён ва тороҷи мулкҳои бегона…

Алҳол тамоми олам фаҳмидааст, ки ДИИШ ба Ислом умуман муносибате надорад, сарчашмаи шаръӣ надорад, таълимоташ аз таълимоти фашизму терроризм фарқе надорад. Ин зуҳуроти манфур воситаи онҳоест, ки меҳоҳанд дунёро тақсим кунанд, яъне манфиатҳои худро мадди назар доранд. Аслан дар матбуот ва дар гуфтугӯ дурусттар мебуд мегуфтанд: на «Давлати исломии Ироқу Шом», балки «Давлати ғайрисломии Ироқу Шом». Ин ном барои онҳо тибқи гуфтору кирдорашон дуруст аст.

Бале, ё тавре, ки Раиси Чеченистон Рамазон Қодиров ишора карда «Давлати Иблисии Ироқу Шом»… Ҳазрат, барои ин суҳбати пурмуҳтаво сипосгузориамро баён мекунам.

- Ба шумо низ ташаккур. Тамоми аҳли эҷоди идора, хонандагони шумо, кулли мардуми Тоҷикистон зери раҳмати Худовандӣ бошанд.
©Мусоҳиб Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: