А.Муҳаққиқ: Ифротгароёни динӣ ва наҳзатҳои атеистӣ омили нооромии ҷомеа9-02-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 414 нафар
Назарҳо: 0
Ҷараёну ҳаракатҳои радикалӣ аз ҷониби кадом кишварҳо ва созмонҳо дастгирӣ меёбанд?
Пуштибони созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ киҳоянд? ДИИШ-ро киҳо таъсис доданд ва ҳадафи аслияшон чист? Кадом омилҳо бештар боиси исломҳаросӣ ва исломситезӣ мешаванд? Чи бояд кард, ки ҷавонон фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ нашаванд? Оё имрӯз ниҳодҳои масъул ва рӯҳониёни саршиноси мо қодиранд, ки алайҳи идеологияи гурӯҳҳои террористӣ мубориза баранд? Барои дарёфти посух ба ин ва чанд суоли дигар суҳбате доштем бо Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ, ки фишурдаи онро манзури хонандаи азиз мегардонем. - Чанде қабл матлаби Шумо бо унвони «Моҳияти умраи Пешвои миллат ва бонуи аввал» дар сомонаи «Ховар» ба тасвиб расид, ки дар он назари хешро оид ба фазилати ҳаҷҷи умраи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯ баён намудед. Мегуфтед, ки ҳадаф ва зарурати навиштани матлаби мазкур дар чӣ буд? - Зарурати навиштани ин мақола пеш аз ҳама ба хотири бедории миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик, шинохти шахсияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯ буд. Чаро, ки вақтҳои охир дар фазои иттилоотии байналмилалӣ ва дар шабакаҳои моҳворавии фаромиллӣ, сомонаҳои интернетӣ гурӯҳҳои иғвоангези сиёсӣ, намояндагони ҷараёнҳои такфирӣ-ифротӣ Раҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯро ба таври ошкоро ба куфр ҳукм намуданд ҳарчанд, ки дасисаҳои онҳо асоси шаръӣ надоранд. Афроди иғвоангез далелҳои беасл ва зидди шаръиро ҷиҳати фитнаангезӣ дар фазои иттилоотӣ нашр менамоянд. Ҳадафи навиштани мақолаи мазкур ошкор намудани воқеият ва муаррифии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли байти ӯ аз нигоҳи шаръӣ буд. Пешвои бонувони исломӣ эълон намудани бонуи аввал назари банда буда, дастури супоришӣ нест. Шояд ин пешниҳоди маро напазирад. Аммо таҷассум ва муаррифии чеҳраи исломии модари тоҷик дар нақши апаи Азизамо ҳеч бадӣ надорад. Модари покдоман ва боиффати тоҷик натанҳо пешвои бонувони исломӣ шуда метавонад, балки хайри дунё ва охират аст. Мутмаинам, ки симо, шахсият, мақом, фазилат ва андешаву афкори ҳоҷии ҳарамайни шарифайн бонуи аввал дар тарбияи ахлоқӣ ва покдомании бонувони имонӣ нақши муассир хоҳад гузошт. - Яъне, Ҳаҷи умрае, ки ахиран Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳли байти ӯ ва роҳбарони як қатор ниҳодҳои кишвар анҷом доданд, то андозае ба ҳар гуна сару садоҳое, ки дар фазои иттилоотии байналмилалӣ муғризона роҳандозӣ мешаванд, як посухи саҳеҳ ва қотеъ буд? - Бале, воқеан ҳам сару садоҳои зиёде, тибқи нақшаҳои тарҳрезишудаи иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории экстремистӣ дар фазои фаромиллӣ ва фарокишварӣ тавассути шабакаҳои махсуси таблиғотии ҷараёнҳои ифротӣ ба мисли, «Тавҳид», «Калима», «Висоли ҳақ» ва дигар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мешуданд. Асҳоби такфир ва дигар бемурруватон иддао доранд, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар мубориза бар зидди дини мубини Ислом ва мусулмононро шеваи кории худ қарор додааст. Аз нуӯтаи назари онон озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон хеле маҳдуданд. Ба воситаи ҳамин далоили бесуботи худ ҷавонони ноогоҳи Тоҷикистонро, ки ҳамагон мусалмон ҳастанд, барои ширкат намудан дар сафи размандагони экстремист ва ё созмонҳои террористии «Ан-нусра», «Ансоруллоҳ», «Салафия» ва «Давлати исломӣ» (ДИИШ) ба Сурия ва Ироқ даъват мекунанд. Аксарияти мубаллиғони ғояҳои такфирӣ ва афкори ҷангӣ хатмнамудаҳои мадориси динии кишварҳои Арабӣ ва Покистону Яман ҳастанд! Мутаассифона, ин қабил ҷавононро бо роҳи фиреб ва шустушӯи мағзӣ бар зиддии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бар зидди сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мешӯронанд. Ба ҳамин хотир ман дар ин мақола ишора намудам, ки адои Ҳаҷи умраи Пешвои миллат бо ҳамроҳии ҳамсар, духтарон ва теъдоде аз намояндагии Ҳукумати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ангезаҳои иттилоотии ҷараёнҳои ифротӣ ва атеистӣ, кори афроди муғриз ва созмонҳое мебошанд, ки оромиву суботи Тоҷикистонро аз байн бурдан мехоҳанд, асоси шаръӣ ва воқеӣ надоранд. Ҳадаф аз Ҳаҷ ба даст овардани ризоияти Парвардигор ва адо намудани вазифаи исломии ҳар фарди боимон аст, ки онҳо бо фазли Худои Меҳрубон анҷом доданд. - Агар саҳеҳтар назар афканем пӯшида нест, ки инҳо мехоҳанд дар маҳдудаи як мазҳаб ё як равия давлати худро бунёд кунанд. Мисли ин ки имрӯз давлатҳое ҳастанд, ки як мазҳаб ва ё равияи исломро идеологияи давлатии худ қарор додаанд. Яъне даъвои аслии инҳо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон низ ҳамин гуна як давлат бунёд карда шавад. Дар ин росто онҳо назару андешаҳои дигарро, ки дар ҷомеаи солим мавҷуд аст, эътироф намекунанд. Фаразан, чанде қабл мақолаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад ба унвони «Мо зидди атеизми ҷанговар ва исломи радикалӣ ҳастем» дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» ба нашр расид. Гурӯҳҳое ҳастанд, ки мегӯянд бояд давлат давлати дунявӣ бошад, яъне озодии дин ва эътиқод дар он таъмин бошад, аммо қувваҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд давлат сирф атеистӣ ва ё динӣ бошад. Имрӯз ҳамин се равия бархӯрд доранд, ки баръало эҳсос мешавад. Ба андешаи Шумо мо бояд ба кадом самт майл кунем?.. Матни пурраи мусоҳибаи мазкурро метавонед аз шумораи навбатии (№7) ҳафтаномаи «Минбари халқ» мутолиа намоед. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.