Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Давлати исломӣ» фарзандонро модаркуш мекунад

«Давлати исломӣ» фарзандонро модаркуш мекунад

18-01-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 458 нафар
Назарҳо: 0
«Давлати исломӣ» фарзандонро модаркуш мекунад
Хабари гӯшношуниде аз амали нангини як узви ДИИШ дар расонаҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардид, ки боварнакарданист. Писари бистсола модари чилсолаи худро дар ҳузури садҳо нафар тамошобин ваҳшиёна ба қатл расонд. Ин ҳодиса дар "пойтахти" хунхортарин давлати қарни навин - Ракка рух дод. Силоҳбадасте бо номи Алӣ Сакр-ал Қосим аз насиҳатҳои модараш дар мавриди тарки сафи ҷангиёни ДИИШ ба ғазаб омада, дар ин бора ба қумандонаш хабар дод.

САРВАРОНИ ба ном "Давлати исломӣ" ба қароре омаданд, ки ин модар бояд кушта шавад, то ки дигарон ибрат гиранду фарзандонашонро ба чунин роҳ ҳидоят накунанд. Аммо онҳо дар ин маврид боз як қарори мудҳиши дигар қабул намуданд: модарро бояд фарзанди худаш кушад. Инак, дар маърази ом, дар ҷои кори худ модаре, ки ин фарзанди нохалафро ба дунё оварда буд, аз дасти ӯ тарки дунё кард. Чунин фоҷеаи мудҳиш бори дигар симои "исломии" "Давлати исломӣ"-ро нишон дод...

Дар дини мубини Ислом натанҳо даст бардоштан ба сари волидон, балки ба тарафи онҳо нигоҳи каҷ андохтан гуноҳ аст. Ягона нафароне, ки метавонанд намози шахси намозхонро буранд, ин волидонанд. Беҳуда Паёмбари мусулмонон (с) нагуфта буданд, ки "биҳишт зери қудуми модарон аст". Дар "Давлати исломӣ" бошад, онеро, ки парстишаш касро ба биҳишт мебарад, бо дасти фарзандаш куштанд. Яъне ба биҳишт дастдарозӣ намуданд.

- Ин гуноҳро ҳаргиз Худованд ба ягон бандааш намебахшад. Хоса ба онҳое, ки чунин фармон додаанду ба фарзанде, ки чунин амрро иҷро кардааст, -мегӯяд имомхатиби масҷиди гузари Чаноро 2-и шаҳри Душанбе Азизбек Асламов. - Баъд аз Худою паёмбар ягона касе, ки мавриди эҳтиром бояд қарор гирад, ин онҳоеанд, ки моро ба дунё овардаанд. Наъузамбиллоҳ, аз шунидани ин хабар ҳатто гӯш гунаҳгор мешавад...

Албатта, дар бораи ҷиноятҳои нав ба нави ин ба ном "давлат" мо ҳар рӯз аз расонаҳо огоҳ мешавем. Аммо боз ҳам нафароне ҳастанд, ки аз ҷоҳилӣ, аз бедонишии динию дунявӣ фирефтаи шиорҳои авомфиребонаи онҳо ва ҳаммаслаконашон дар ҳар гӯшаи дунё мешаванд. Бо ҳар роҳу восита барои "хизмат ба Ислом" ба Сурияю Ироқ рафта, ба ин гурӯҳи ҷинояткор ҳамроҳ мешаванду беҳуда аз ҷони ҷавони худ маҳрум мешаванд. Ҳол он ки ҷиноятҳои онҳо худ гувоҳанд, ки ин гурӯҳ ба ислом на хизмат, балки туҳмат мекунанд ва гуфтаҳои олимону фақеҳони ин дини покро ба шакли дигар ва ба манфиати худ тавзеҳу таҳриф менамоянд. Мутаассифона, фиребхӯрдагон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва кишвари мо ҳам буданд. Аммо ҳайратовараш ин ҷо чизи дигар аст. Чаро мо, мардуме, ки аллакай як бор чунин фоҷеаҳоро аз сар гузаронида будем, боз дубора ба ин чоҳ меафтем? Бубинед, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили кишвари мо писар ба муқобили падар ва бародар зидди бародар силоҳ бардошта буданд. Раҳми Худованд омад ва ба мо сарваре фиристод, ки садди роҳи ин хунрезиҳои миллаткуш гардид. Аммо дар солҳои истиқлолият низ хокистари ин ҷанг то дергоҳ дуд мекард ва натиҷаи ин воқеаҳои хунини имсола, ки таҳти роҳбарии "ҳимоягарони ислом" сурат гирифт, буданд. Аммо онҳо зуд сари хеш ба бод доданд ва сокинони кишвар дубора нафаси сабук кашиданд. Ин ҳаводис маънои онро дорад, ки мардум набояд ҳушёриро аз даст диҳанд. Зеро онҳое, ки бо идеяҳои "модаркушӣ" мусаллаҳанд, ҳанӯз кам нестанд. Ин тоифаро кӣ ва барои чӣ таҳрик медиҳад ва чаро ҳадафи онҳо маҳз мардуми диндор қарор мегиранд? Ба қисмати аввали ин савол танҳо як ҷавоб аст: барои мансаб! Яъне бо истифода аз хурофот ва ҷаҳолати мардуми камсавод онҳоро барои пиёда намудани ғаразҳои сиёсии худ истифода мебаранд. Ғаразҳое, ки агар рӯи об биёянд, натиҷаашро мо аллакай дар кишварҳои арабӣ дида истодаем. Ба қисмати дуюми ин савол кайҳо олимону диншиносон ва мутахассисони рӯҳшинос ҷавоб гуфтаанд. Гурӯҳҳои ҷинояткору норозӣ барои он мехоҳанд аз онҳое, ки намозхонанду ба гуфтаҳои Паёмбари ислом пайравӣ мекунанд, истифода баранд, ки ин мардум ба ҳар чизе, ки нисбати дини Ислом ва Паёмбари ӯ (с) гуфта мешавад, хеле ҳассосанд ва ҳаргиз таҳвинро нисбати дини худ таҳаммул надоранд. Муғризон бошанд, аз ин сӯистифода мекунанд. Албатта, дар ҳаҷми як мақолаи хурд шарҳ додану ба риштаи таҳлил кашидани сабабҳои таҳаммулнопазирӣ ғайриимкон аст ва ин кори равоншиносону мутахассисони илмҳои одамшиносист, вале ба андешаи мо ин ҷо се омили муайянкунандае ҳаст, ки фарзандро душмани қаттоли модари худ гардонидааст. Аввал таассуби ноҷо ва бепоя, дуюм ҷаҳолати беандоза ва сеюм хурофот. Ин се омил сабаб мегардад, ки инсон аз худ бехуд шавад, Худорову худро фаромӯш кунад ва мисли ҳайвон амал намояд (узр, нисбати ҳайвон туҳмат шуд).

Аммо дар байни ҳайвонҳо ҳам аз чунин инсонҳо беҳтараш ҳаст. Зиёда аз як моҳ аст, ки дар як боғи ҳайвоноти Русия бузи зиндаеро барои хӯрдан ба назди паланг партофтанд. Аммо паланг ӯро то ҳол нахӯрдааст ва онҳо дӯстона дар як қафас зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳашароте ҳаст, ки мисли Алӣ Сакр модари худро мехӯрад ва он каждум ё ба истилоҳи дигар ақраб ном дорад. Каждуми мода баъд аз он, ки бо наринааш пайваст, ӯро мекушад. Минбаъд фарзандони ӯ шиками худи модарро хӯрда, ба дунё меоянд. Аммо модари "дииш"-ӣ танҳо ба фарзандаш насиҳат кард, ки сафи ин одамкушонро тарк кунаду ҷонашро барҳадар надиҳад. Мисли он ки дар шеъри Эраҷ Мирзо омадааст, ӯ танҳо ғами фарзандашро хӯрд, вале қалбашро писари нохалаф канда ба маъшуқааш бурд (ин ҷо "маъшуқаи" ин ҷавони нохалаф ДИИШ буд, ки дар вақти зери фармонаш будани шаҳри Ракка аллака зиёда аз 2000 шаҳрвандони мулкӣ бо амри ин "маъшуқа" кушта шуданд).

Ҳоло зидди амалҳои давлати ба ном "исломӣ", ки аз Ислом бӯе набурдааст, мардуми сайёра мубориза мебаранд. Зеро ин "давлат" сабабгори дарбадарии миллионҳо мардуми осоишта гардид, ҳазорон нафар кушта шуданд ва даҳҳо ёдгориҳои таърихии ҳазорсола хароб гардиданд. Гӯё аждаҳое ҳамаро ба коми худ мекашад. Аммо ҳарчанд ба марги ин аждаҳо шакке нест, вале тавре бояд кард, ки қадами он ба кишвар наздик нашавад. Барои ин бояд аз се чизе, ки дар боло номбар кардем, орӣ бояд буд...
©А.Аҳмадзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: