Ихтилофи вуҷуди ҲНИТ ба низоми давлатдории миллию дунявӣ30-09-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 881 нафар
Назарҳо: 1
Ҳодисаҳои шаби 4 сентябри соли 2015 ҳеҷ фарди миллатдӯсту ватанхоҳ ва инсонгароро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодиса бори дигар ба мардуми дар тӯли таърих аз дасти ба ном «ҳомиён»-и дини ислому мусулмонон азияткашидаи тоҷик нишон дод, ки пайванди дину сиёсат ба ин миллати фарҳангсози ситамдида ҳамеша бо оқибатҳои сангин анҷом ёфтааст. Ҳанӯз баъд аз истилои араб, вақте ки давлати Тоҳириёни тоҷик дар муқобили хилофати араб ба вуҷуд омад, халифаи араби аббосӣ дар ҳамкорӣ бо рӯҳонияти тоҷик онро аз байн бурда буданд. Дар ҳамкорӣ бо хонҳои турку рӯҳонияти дар дастгоҳи ҳукумати Сомониён нуфуздошта низ хулафои аббосии араб ҳукумати миллии Сомониёнро, ки беш аз 100 сол давлатдорӣ карда, ба араб итоат намекард ва дар ҳифзи арзишҳои миллию давлатдории миллӣ қарор дошт, аз байн бурда ва ба ҷои он хонҳои туркро ҷойнишин карда буданд. Бо ҳамин хиёнати рӯҳониён, тоҷикон дигар натавонистанд давлати миллии худро бо он ҳашамату қудрате, ки Сомониён доштанд, аз нав эҳёву бунёд созанд.
Вақте ки лашкари хунхори муғул ба шаҳри Самарқанд даромада натавонист, муғулҳо ба воситаи туркон, ки онҳоро ҳамтабори худ медонистанд, ба қалби шайхулисломи Самарқанд роҳ дарёфтанд ва бо фармони шайхулислом пинҳонкорона шабонгоҳ дарвозаҳои Самарқандро боз карданд ва лашкари муғул вориди шаҳр гашта, дар як зарба 60 ҳазор тоҷикро аз дами теғ гузаронид. Чуноне ки донишманди эронӣ дар асараш «Сохти давлат дар Эрон» нигоштааст, чун дар Бухоро Чингиз савора ба масҷиди ҷомеъ даромад, лаҷоми аспонро ба дасти рӯҳониёни баландпояи Бухоро дода, сандуқҳои Қуръонро охури аспон кард ва ба минбар баромада, худро таҷассуми хашму ғазаби Худо хонд. Рӯҳоният ба ҷойи мардумро ба мубориза даъват кардан онҳоро ба сабру таҳаммул даъват мекарданд. Дар давраи «табартақсим» кардани тоҷикон ба ҳудудҳои мухталифи ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ дар садаи ХХ бо далели ҳаммазҳаб будани тоҷикон бо мардумони турк рӯҳонияти тоҷик ба пантуркистон, ки мавҷудияти тоҷикро дар қаламрави Осиёи Миёна инкор мекарданд, ягон муқобилият нишон надоданд. Ҳол он ки онҳо он замон қувваи бузурге буданд. Ҳамин тариқ, намунаҳои ҳамкории рӯҳониён бо халифаю султон, хону амирони бегона кам нестанд. Онҳо, ки дар низоми давлатдории миллӣ мақоми иҷтимоии хос доштанд, дар асоси иттиҳоди динӣ, на миллӣ, ҳамеша ҳамкори ҳукуматдорони бегона буданд ва бо арзишҳои миллӣ мубориза мекарданд, зеро онҳо пайваста худшиносии диниро дар партави космополитизми исломӣ, ки таҷассумгари андешаи панарабизм буд, аз худшиносии миллӣ боло мегузоштанд. Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобиовари фаъолияти сиёсӣ-динии ҲНИТ ҳанӯз бартараф нагардидаанд. Ҳарчанд Ҳукумати Тоxикистони навистиқлол бо сарварии фарзанди миллатдӯсти худ Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу ваҳдат ва таъмин сохтани амну суботи ҷомеа бо ҲНИТ созишномаи сулҳ баста, ин ҳизбро аз нигоҳи ҳуқуқӣ қонунӣ сохт, вале дар асл дар сохтори сиёсӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ мақоми муайян касб кардани ҳизби мазкур ҳам ба низоми давлатдории миллӣ ва ҳам дунявӣ ихтилоф дошт ва ҳатто аз нигоҳи он таҷрибаи талхи таърихие, ки тоҷикон аз сар кардаанд, як андоза такрори иштибоҳҳои пешин буд, вале иштибоҳи бошуурона ва ногузир ба хотири сулҳу ваҳдат ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ. Мусаллам аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар манотиқи мухталифи он, аз ҷониби Fарб ва ИМА пинҳонкорона бо мақсади аз дохил вайрон кардани низоми Шӯравӣ таъсис ёфта буд ва чуноне ки худи сарварони ҲНИТ низ қоиланд, он соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис ёфтааст. Ҳизби мазкур дар дасти нерӯҳои беруна ҳамчун василаи вайрон намудани Иттиҳоди Шӯравӣ то андозае хизмат карда, имрӯз низ дар амалисозии нақшаи геостратегии қувваҳои манфиатҷӯи минтақавӣ дар Осиёи Миёна метавонад нақши бориз дошта бошад. Ба ин робитаи хеле наздики ҲНИТ бо созмону ташкилотҳои «байналмилалӣ» шаҳодат медиҳад. Намунаи чунин ҳамкорӣ ин дар Европарламент вуҷуд доштани бахши ҳуқуқ доир ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ мебошад, ки аз ҷониби ин созмон ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии исломӣ дар Осиёи Миёна шинохта шудааст ва таҷрибаю нақши он дар Тоҷикистон омӯхта мешавад. Далели ихтилоф доштани ҲНИТ ба низоми давлатдории миллӣ дар он аст, ки дар оинномаи он ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад. Ба ҳамаи онҳое, ки аз диншиносӣ ва исломшиносии илмӣ бархӯрдоранд, маълум аст, ки ислом дини космополитикӣ (оламватанӣ) буда, дар ақидаи исломӣ на миллат ва давлати миллӣ, балки уммат (умумияти динӣ ва хилофат) ҷой дорад. Бо истифода аз ин ақида араб давлатҳои миллии аҷамро барҳам ва арзишҳои миллии онҳоро такфир намуда, империяи худро бо унвони «Хилофат» бунёд намуд ва дар мафкураи мусулмонон идеяи хилофатро бо нақши меҳварӣ доштани қабилаи қурайш дар он ҷойгузин кард, ки ин яке аз сабабҳои асосии бештар сиёсишавии ислом ва ба фирқаҳо тақсимшавии мусулмонон ва пайдошавии низою ҷангҳои байнимазҳабӣ дар ҷаҳони ислом буд, ки оқибат хилофатро заиф сохт ва дар садаи XIV дар он туркони усмониро сарнишин кард. Аз садаи XVIII инҷониб ҳарчанд арабҳо аз тариқи созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатӣ ба мисли ваҳҳобия, Ҳизбуттаҳрир, Даъват, Ихвону-л-муслимин, ал-Қоида, имрӯз «Давлати исломӣ» ва ғайра кӯшиши барқарор кардани мақоми таърихии худ, яъне хилофатро доранд, вале ин кӯшишҳо бесамаранд, зеро ин ҳизбу ҳаракатҳо замоне рӯи кор омаданд, ки ҷаҳони ислом аз нигоҳи иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ заиф гардида, дигар қудрати бо давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва ИМА рақобат карданро надошт ва ба мустамликаи ин давлатҳо табдил ёфта буд. Ҳаракату ҳизбҳои ғайрисуннатии динӣ-сиёсӣ бошанд низ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геостратегии онҳо дар Шарқи исломӣ табдил ёфтанд. Баъдан қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамин давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуктаҳои низоъ дар байни мусулмонон ва сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи геостратегии худ истифода мебаранд, ки ҲНИТ низ аз ин силсила истисно нест. Бинобар ин ҲНИТ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин созмонҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтаанд. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мушоҳида мекунем. Аз ин нигоҳ дар таркиби сохторҳои давлати миллӣ фаъолият кардани намояндагони ҲНИТ ҳар замон метавонад хатаре барои давлатдории миллӣ эҷод намояд, зеро барои ин ҳизб на андешаву арзишҳои миллӣ, балки андешаву арзишҳои динӣ авлавият доранд. Далели ба давлатдории дунявӣ ихтилоф доштани ҲНИТ дар он ифода меёбад, ки дар низоми давлатдории дунявӣ ҳеҷ гуна дин ба ҳайси дини расмӣ пазируфта намешавад ва ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд. Аммо ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ба ҳайси ҳизби қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, ки намояндагонаш дар мақомоти мухталифи давлатӣ, аз ҷумла мақомоти қудратӣ, ба вазифа таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки ҳадафи ҷудо кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат аз он иборат буд, ки ташкилоти динӣ барои пиёда сохтани манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсии худ аз мақомоти давлатӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон истифода бурда натавонанд. Вале ҲНИТ дар низоми давлатдории дунявӣ ба ҷои ташкилоти динӣ ҳамчун як исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи ваҳдати дину сиёсатро пайваста тарғиб намояд ва аз ҳамин роҳ низоми давлатдории дунявиро бадном созад ва аз мақомоти қонунгузорию қудратӣ барои амалисозии андешаҳои динӣ-сиёсии худ сӯйистифода карда, бо ҳамин амалҳо созишномаи сулҳро, ки мувофиқи он ҲНИТ давлати дунявиро эътироф карда буд, зери шубҳа барад ва ниҳоят эътимоди мардумро нисбат ба худ коҳиш дода, боз даст ба ошӯб занад. Ошӯби ҲНИТ бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 намунаи равшани ҷузъе аз ҳамин пайванди дину сиёсат дар мисоли фаъолияти расмии ҲНИТ дар сохторҳои давлатӣ мебошад, ки ба низоми давлатдории дунявӣ зид аст. Маврид ба ёдоварист, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар ба ҷараёни созандагӣ ворид шудаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда, ба арзишҳои исломӣ ҳамчун фарҳанги волои маънавӣ-ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии ифротӣ дар хизмати неруҳои манфиатхоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор гирад. Агар ҳамин тавр намебуд, сарварони ҲНИТ ҷангҳои дар Либияву Миср, Сурия ва дигар кишварҳо бо дасти бегонагон суратгирифтаро дар матбуоти худ ба мардуми кишвар пайваста ҳамчун «тазоҳуроти мардумӣ» ба қалам дода, аз ба Тоҷикистон интиқол ёфтани ин падидаҳои даҳшатбор пешгӯиҳо намекарданд. Чуноне ки дар низоми давлатдории дунявӣ ягон дин ба сифати дини расмӣ пазируфта намешавад, ба ҳамин тартиб низоми мазкур ба ҳеҷ гуна ҳизби сиёсии хусусияти динидошта низ ниёзе надорад. Давлати миллии тоҷикон ниёз ба ҳизби миллие дорад, ки ормонҳои садсолаҳо дар андешааш парваридаро пиёда созад, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд. Як нуктаи тааҷҷубовар он аст, ки ошӯби генерали наҳзатӣ дар замоне рух дод, ки дар он сӯи Ому ҷангиёни «Давлати исломӣ» кайҳост, ки кӯшиши ба Тоҷикистон ва ба Осиёи Миёна воридшавиро доранд, вале то ҳанӯз чунин имкониятро пайдо накардаанд. Шояд, агар Назарзода метавонист, ки фазои сиёсии Тоҷикистонро ноором созад, барои воридшавии ҷангиёни ДИИШ заминае фароҳам меомад, зеро хоҷагони ҳарду гурӯҳи ифротгаро ҳамоно якеанд, ки дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои геополитикӣ доранд. Беҳуда нест, ки дар ҳамон шаби ошӯби Назарзода баъзе сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дарҳои худро бастанд ва чизеро интизорӣ мекашиданд. Бо шикасти ошӯби Назарзода дар айни ҳол нақшаи ҳамаи онҳо барбод рафт ва бори дигар ба мардуми Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҳатто камтарин пайванди дину сиёсат барои давлати миллие, ки дар иҳотаи давлатҳои қудратталаб қарор дорад, чӣ паёмадҳои манфие дошта метавонад ва исломи сиёсишуда чӣ чеҳрае дорад. Нуктаи дигари муҳим он аст, ки давлатҳои қудратманде, ки дар Осиёи Марказӣ манфиати геостратегӣ доранд, ба пойдории низомҳои сиёсии дунявӣ дар ин кишварҳо манфиатдор нестанд. Сабаб дар он аст, ки низомҳои дунявӣ ба паҳншавии ҳаракатҳо ва ақидаҳои динӣ-ифротӣ маҳдудият эҷод менамоянд. Барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқанд, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд доранд ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё месозанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд ва дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кардани ташкилоти диниро талаб карда, аз арзишҳои суннатӣ ҳифз менамоянд, то ки заминае барои низоъҳои динӣ-сиёсӣ ба вуҷуд наояд, нороҳат мешаванд ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ сӯйистифода намоянд. Аз ин нуқтаи назар низ ҳузури ҳизби сиёсии динӣ дар сохтори давлатӣ барои давлатҳои миллии рушдкунанда метавонад манбаи хатар бошад. Дар иртибот ба ин масъала содир шудани ҳукми Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҲНИТ иқдоми ҷавобгӯ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амну субот дар кишвару минтақа маҳсуб мешавад. Нурулҳақов Қамар сардори Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ Дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.