Дар Туркманистон ба забон овардани "коронавирус" манъ шуд1-04-2020, 12:59
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Туркманистон истифодаи "вируси корона"-ро манъ карданд. Ин ибора на танҳо дар расонаҳои давлатӣ, балки дар варақаҳои иттилоотие ҳам истифода намешавад, ки дар мактабҳову беморхонаҳо тақсим мекунанд.
Дар ин бора сомонаи мустақили Turkmenistan Chronicle иттилоъ додааст. Ба гуфтаи сокинон, гуфтугӯ дар кӯча дар атрофи вируси корона метавонад, бо боздошт хатм шавад. Ба ҷуз ин, кормандони мақомот дар либоси оддӣ миёни мардум мегарданд ва ба гуфтугӯи онҳо гӯш медиҳанд. Ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон ҳеч ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст. Аммо дар он кишвар тадбирҳои пешгирӣ аз густариши вируси корона амалӣ мешавад. Ин тадбирҳо ба кишварҳое монанд аст, ки вируси корона дар онҷо роҳ ёфтааст. Ба иттилои расонаҳо, дар Туркманистон мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ баста мешаванд ва ба таври дастаҷамъӣ ҳарорати сокинонро месанҷанд. Таътили баҳорӣ дар мактабҳо тамдид шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.