Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Президенти Туркманистон тавсия дод, дар муассисаҳои давлатӣ ҳазориспанд дуд кунанд

Президенти Туркманистон тавсия дод, дар муассисаҳои давлатӣ ҳазориспанд дуд кунанд

17-03-2020, 09:20
Хабарро хонданд: 43 нафар
Назарҳо: 0
 Президенти Туркманистон тавсия дод, дар муассисаҳои давлатӣ ҳазориспанд дуд кунанд
Дар Туркманистон мавзуи паҳншавии вируси корона дар саросари ҷаҳон баррасии густарда надорад. Дар яке аз гуфтугӯҳо дар бораи вируси корона президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тавсия дод, ки ҳазориспанд ҳамчун василаи пешгирӣ аз вируси нав истифода шавад.
Баъди ин тавсияи президент дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои Туркманистон маъракаи дуд кардани ҳазориспанд шуруъ шуд. Президенти Туркманистон 13 март гуфт, ки ба бовари вай, ҳазориспанд давои "чандин дард аст".
Ба иттилои расонаҳо, мақомоти Туркманистон борҳо ба сокинон тавсия додаанд, ки барои дармон ёфтанд аз бемориҳои гуногун ҳазориспанд истифода кунанд.
Мақомоти расмии Туркманистон расидани вируси навро ба ин кишвар тасдиқ намекунанд, аммо ҳанӯз 3 март расонаҳо хабар дода буданд, ки ҳадди ақал ду сокини кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Туркманистон нуқтаҳои карантин ташкил шуда, шумори афроде, ки ба ин нуқтаҳо фиристода мешавад, ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: