Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ: АЗ СУННАТИ БОСТОНӢ ТО АРЗИШҲОИ МУОСИР

ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ: АЗ СУННАТИ БОСТОНӢ ТО АРЗИШҲОИ МУОСИР

18-03-2026, 12:13
Хабарро хонданд: 29 нафар
Назарҳо: 0
ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ: АЗ СУННАТИ БОСТОНӢ ТО АРЗИШҲОИ МУОСИР
Ҷашни Наврӯз танҳо маросими суннатӣ ё ёдгориҳои фолклорӣ нест, балки падидаи мураккаби иҷтимоӣ-фарҳангие мебошад, ки дар худ ҷаҳонбинӣ, низоми арзишҳо ва тафаккури таърихии мардуми тоҷикро таҷассум мекунанд. Аз нигоҳи илмӣ, ин ҷашн ҳамчун унсури муҳимми хотираи фарҳангӣ хизмат мекунад, ки пайванди байни гузашта, имрӯз ва ояндаро нигоҳ медорад.
Наврӯзро на танҳо ҳамчун ҷашни суннатӣ, балки ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-фарҳангӣ буда, нақши он дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҳувияти фарҳангии тоҷикон хеле арзишманд аст. Арзишҳои ахлоқӣ ва тарбиявии Наврӯз куҳнанашаванда буда, имрӯз низ дар таъмини суботу осоиши ҷомеа нақши муҳим бозида метавонанд. Ин ҷашн инсонро ба ҳамоҳангӣ бо табиат, поксозии маънавӣ ва навсозии муносибатҳои иҷтимоӣ даъват мекунад. Чунин баррасӣ нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо як анъанаи фарҳангӣ, балки як мактаби тарбияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба муҳити зист мебошад.
Наврӯз ҷашни эҳёи табиат ва оѓози соли нав инсонро ба ҳамоҳангӣ бо муҳити зист, поксозии руҳу андеша ва навсозии муносибатҳои иҷтимоӣ даъват мекунад. Ин ҷашн дар сатҳи худшиносии миллӣ нақши калидӣ дорад, зеро ҳисси тааллуқ ба тамаддуни бостонӣ ва идомаи як суннати ҳазорсоларо дар зеҳни ҷомеа таҳким мебахшад.
Наврӯз, ки бо арзишҳои меҳнат, адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба неъматҳои замин алоқаманд аст, фарҳанги меҳнатдӯстӣ ва масъулиятро нисбат ба захираҳои табиӣ ташаккул медиҳад. Аз дидгоҳи иҷтимоӣ, он инсонро ба қадршиносии меҳнати худ ва дигарон ҳидоят намуда, пояҳои ахлоқии ҷомеаро мустаҳкам мекунад. Ин ҷашн ҳамчун ҷашни нур, гармӣ ва пирӯзии дониш бар торикӣ, рамзи ҷустуҷӯйи маърифат ва пешрафти ақлонии инсон аст. Он дар шароити муосир метавонад ҳамчун омили тарбияи тафаккури илмӣ ва эҳтиром ба неруҳои созандаи инсонӣ хизмат намояд.
Аз нигоҳи антропологӣ, ҷашни Наврӯз низоми рамзиеро ташкил медиҳад, ки тавассути маросим, ойин ва анъанаҳо арзишҳои асосии фарҳангӣ ба наслҳои нав интиқол меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки хатарҳои яксоншавии фарҳангӣ зиёд шудаанд, нақши ин ҷашн дар ҳифзи ҳувияти фарҳангии тоҷикон боз ҳам муҳимтар мегардад. Он на танҳо ҳисси ифтихори миллиро бедор мекунад, балки ҳамчун воситаи муқовимати нарм ба бегонашавии фарҳангӣ амал менамояд. Муассир будани ҷашни Наврӯз аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза на танҳо дар шакли маросим, балки дар сатҳи маърифатӣ ва арзишӣ дарк ва татбиқ карда мешавад. ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ: АЗ СУННАТИ БОСТОНӢ ТО АРЗИШҲОИ МУОСИР
ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ: АЗ СУННАТИ БОСТОНӢ ТО АРЗИШҲОИ МУОСИР
Вақте Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ҳамчун мактаби инсондӯстӣ, эҳтиром ба табиат, адолат ва ҳамбастагии иҷтимоӣ фаҳмида мешаванд, онҳо метавонанд ба абзори қавии таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҳувияти фарҳангии тоҷикон табдил ёбанд. Дар ҳамин ҳолат, ин ҷашнҳо на танҳо мероси гузашта, балки сарчашмаи рушди маънавӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосир хоҳанд буд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ҳамчун ниҳоди тарбиявию фарҳангӣ пешниҳод карда шуд. Пешниҳоди бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз имкони нодирест, ки Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашн, балки чун низоми фалсафӣ ва тарбиявӣ дар зеҳни наслҳои оянда ҷой гирад. Фалсафаи Наврӯз, ки бар пояи эҳёи табиат, тавозун, навсозии ахлоқӣ ва ҳамбастагии инсон бо олам устувор аст, метавонад ба манбаи пурқуввати тарбия табдил ёбад, агар он ба забон ва ниёзҳои ҷавонони имрӯза мутобиқ гардонда шавад.
Пеш аз ҳама, Маркази мазкур бояд Наврӯзро ҳамчун мактаби зиндагӣ, на чун маросими суннатӣ муаррифӣ намояд. Тавассути барномаҳои омӯзишӣ метавон ба ҷавонон фаҳмонд, ки идеяи “нав шудан” танҳо иваз кардани сол нест, балки бознигарии рафтор, афкор ва масъулият нисбат ба худ, ҷомеа ва табиат аст. Ин фалсафа метавонад дар тарбияи худшиносӣ, худтанзимкунӣ ва тафаккури интиқодӣ нақши муассир бозад. Аз ҷиҳати амалӣ истифодаи шаклҳои муосири таълим - семинарҳои интерактивӣ, платформаҳои рақамӣ, филмҳои маърифатӣ, озмунҳои эҷодӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳанд, ки арзишҳои Наврӯз ба таҷрибаи зиндаи ҷавонон пайваст шаванд. Масалан, идеяи поксозӣ метавонад дар шакли ташаббусҳои ҳифзи муҳити зист, идеяи оштӣ дар барномаҳои муколамаи иҷтимоӣ ва идеяи баробарӣ дар тарбияи фарҳанги шаҳрвандӣ татбиқ гардад.
Ҳикмати Наврӯз, ҳамчунин, дорои иқтидори бузурги байнимаданист, зеро он арзишҳои умумибашариро таблиѓ мекунад. Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ҷавононро ба муоширати фарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба гуногунрангӣ даъват намояд, ки дар ҷаҳони пуртаниши имрӯз аҳамияти хосса дорад. Муҳим он аст, ки ин Марказ фазои зинда, боз ва ҷалбкунандае бошад, ки дар он ҷавонон на шунавандагони пассив бошанд, балки иштирокчиёни он бояд фаъол гарданд. Танҳо дар ҳамин ҳолат фалсафа ва ҳикмати Наврӯз метавонанд аз сатҳи ҷашн ба сатҳи тарбияи устувори маънавӣ ва шаҳрвандии наслҳои оянда гузаранд ва ҳамчун сарчашмаи арзишҳо дар зиндагии онҳо ҷойгоҳи воқеӣ пайдо кунанд.
Ҳамоҳанг сохтани арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва суннатҳои башардӯстонаи гузаштагон бо ниёзҳои ҷомеаи имрӯз ва раванди ҷаҳонишавӣ таѓйири шеваи дарк ва истифодаи ин меросро тақозо мекунад. Ин арзишҳо набояд ҳамчун маҷмуи қоидаҳои таѓйирнопазир ё ёдгориҳои муқаддаси дур аз зиндагӣ муаррифӣ карда шаванд, балки бояд ҳамчун низоми зиндаи маънӣ ва таҷрибаи инсонӣ фаҳмида шаванд, ки қобили тафсир ва мутобиқшавӣ ба замон аст.
Аз дидгоҳи илмӣ зарур аст, ки мероси тамаддуни ориёӣ аз қолаби сиёсӣ ё фолклорисозии сатҳӣ берун оварда шуда, дар заминаи таҳқиқоти муосири таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангшиносӣ бознигарӣ гардад. Танҳо чунин муносибат имкон медиҳад, ки мо моҳияти умумибашарии арзишҳо, аз қабили адолат, ростқавлӣ, эҳтиром ба дониш, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии инсон бо табиатро ошкор намоем ва онҳоро ба забонҳои ҷаҳони имрӯз тарҷума кунем. Ҳамзамон, нақши маориф ва тарбия калидист: агар ин арзишҳо дар барномаҳои таълимӣ на ҳамчун маводи ҳифзшаванда, балки ҳамчун мавзуи баҳс, таҳлил ва таҷрибаи амалӣ ворид карда шаванд, онҳо барои насли ҷавон маънодор мегарданд.
Истифодаи технологияҳои рақамӣ, фарҳанги визуалӣ ва фазои шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба зинда нигоҳ доштани ин арзишҳо мусоидат намояд, ба шарте ки мундариҷа эҷодӣ, дақиқ ва ҷавобгӯи тафаккури муосир бошад. Аз лиҳози иҷтимоӣ, ҳамоҳангсозии суннат ва муосирият танҳо дар мавриде муваффақ мегардад, ки арзишҳои гузашта дар амал қобили мушоҳида бошанд: дар фарҳанги муколама, дар адолати иҷтимоӣ, дар муносибат бо қонун, табиат ва инсон. Ҷаҳонишавӣ дар баробари манбаи хатар будан имконият низ ҳаст, агар мо ба он бо ҳувияти устувор ворид шавем. Вақте тамаддуни ориёӣ на чун муқобили ҷаҳони муосир, балки ҳамчун манбаи арзишҳои умумибашарӣ муаррифӣ карда мешавад, он метавонад дар гуфтугӯи фарҳангҳо саҳм гузорад. Дар ҳамин маврид суннатҳои башардӯстонаи гузаштагон зинда мемонанд, зеро онҳо на дар гузашта, балки дар рафтор, тафаккур ва интихоби ҳаррӯзаи ҷомеаи имрӯз идома меёбанд.
Маркази байналмилалии Наврӯз низ аз ҷиҳати илмӣ ва фарҳангӣ дорои аҳамияти фаромиллӣ мебошад. Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимаи ориёӣ решаҳои амиқи фалсафӣ, табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ дорад. Он на танҳо оѓози соли нави астрономӣ, балки рамзи таҷдид, тавозуни инсон бо табиат ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ мебошад. Таҳқиқоти этнологӣ ва фарҳангшиносӣ нишон медиҳанд, ки Наврӯз давоми асрҳо ҳамчун механизми нигоҳдории ваҳдати иҷтимоӣ, интиқоли арзишҳои ахлоқӣ ва таҳкими муносибатҳои байниҷамъиятӣ хизмат кардааст.
Аз нуқтаи назари илмҳои иҷтимоӣ, таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз имконият медиҳад, ки ин ҷашн на танҳо ҳамчун маросим, балки чун падидаи тамаддунӣ таҳлил карда шавад. Дар доираи Марказ метавон масъалаҳои марбут ба фарҳанги сулҳ, дипломатияи фарҳангӣ, муколамаи тамаддунҳо ва ҳамзистии халқҳоро баррасӣ намуд. Ин, махсусан, дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо муноқишаҳои фарҳангӣ ва идеологӣ рӯ ба рӯст, аҳамияти хосса дорад.
Маркази байналмилалии Наврӯз, инчунин, метавонад ба рушди илми фарҳангшиносии муқоисавӣ мусоидат намояд. Наврӯз имрӯз дар бисту ду давлат ҷашн гирифта мешавад ва ҳар миллат унсурҳои хоси худро ба он ворид кардааст. Омӯзиши ин гуногуншаклӣ аз нигоҳи илмӣ имкон медиҳад, ки равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ ва мутобиқшавии анъанаҳо дар муҳитҳои гуногун таҳлил карда шаванд. Ин раванд барои фаҳмиши қонунияти рушди фарҳангҳои суннатӣ дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим аст.
Аз ҷиҳати сиёсати фарҳангӣ ин Марказ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳифз ва тарѓиби мероси ѓайримоддии башарият мусоидат мекунад. Эътирофи Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ѓайримоддӣ ва нақши фаъоли Тоҷикистон дар ин раванд далели он аст, ки кишвар дорои захираҳои бузурги фарҳангӣ ва дипломатии нарм мебошад. Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ин захираҳоро ба сатҳи нави институтсионалӣ барорад.
Дар маҷмуъ, Маркази байналмилалии Наврӯз қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои илмӣ-фарҳангии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба ҳамгироии илм, фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва манфиатҳои стратегии давлат мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун вориси тамаддуни куҳан ва иштирокчии фаъоли муколамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Дар дарозмуддат чунин Марказ метавонад барои рушди устувори маънавӣ, илмӣ ва иҷтимоии ҷомеа заминаи боэътимод гузорад.
Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бунёд намудани Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе аҳамияти бузурги фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ ва сайёҳӣ дорад. Ин Марказ ба омӯзиш, ҳифз ва таблиѓи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик, ки решаҳои амиқи ориёӣ доранд, мусоидат мекунад.
Бунёди иншоот дар таҳкими ҳувияти миллӣ, бахусус, дар байни насли ҷавон нақши муҳим мебозад, зеро онҳо имкон медиҳанд, ки ҷавонон бо таърих ва анъанаҳои пурарзиши ниёгон бештар шинос шаванд.
Маркази байналмилалии Наврӯз имконият фароҳам меорад, ки Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни тақвимӣ, балки ҳамчун бренди фарҳангӣ ва сайёҳии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад. Ин марказ ба платформаи байналмилалӣ барои гирдиҳамоии олимон, муҳаққиқон ва фарҳангшиносон аз кишварҳое, ки Наврӯз ҷузъи хотираи таърихӣ ва мероси маънавии онҳост, табдил меёбад. Ин Марказ, ҳамчунин, ба рушди таҳқиқоти илмӣ оид ба таърих ва маданияти тоҷикон ва саҳми онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ мусоидат карда, имконияти сайёҳиро васеъ мегардонад.
Аз нигоҳи сиёсати давлатӣ, Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба яке аз абзорҳои калидии пешбурди бренди миллии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи фарҳангӣ табдил ёбад. Дар маҷмуъ, ин иқдом нишон медиҳад, ки давлати Тоҷикистон ба ҳифзи мероси фарҳангии худ ва муаррифии он ба ҷаҳониён таваҷҷуҳи хосса дорад.
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе аз дидгоҳи илмӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ иқдоми дорои аҳамияти стратегии фарогир мебошад. Ин ташаббус дар заминаи сиёсати фарҳангии давлат қарор дошта, ба равандҳои амиқи бозшиносии ҳувияти миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва ҷойгиркунии Тоҷикистон дар харитаи тамаддуни ҷаҳонӣ иртиботи мустақим дорад. Дар шароити муосир, ки ҷаҳонишавӣ на танҳо имконият, балки хатарҳои аз байн рафтани хусусияти миллӣ ва фарҳангиро низ ба миён меорад, чунин иқдом ҳамчун василаи ҳифзи гуногунрангии тамаддунҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун идомадиҳандаи бевоситаи шохаи шарқии забонҳои эронӣ далели равшани пайвастагии таърихии миллат бо тамаддуни ориёӣ мебошад. Таҳқиқоти забоншиносӣ нишон медиҳанд, ки бисёре аз мафҳумҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, ки имрӯз дар фарҳанги тоҷик мақоми хосаро соҳибанд, решаҳои амиқи ориёӣ доранд. Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ба омӯзиши таърихи забон, таҳаввулот ва нақши он дар ташаккули тафаккури миллӣ равона шавад. Ин раванд барои ҳифзи забон ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Аз нуқтаи назари методологияи илм, таъсиси чунин Марказ имконият медиҳад, ки омӯзиши тамаддун дар асоси равиши байнисоҳавӣ амалӣ гардад. Имрӯз таҳқиқи тамаддунҳо танҳо дар чаҳорчӯби таърихи сиёсӣ маҳдуд намешавад, балки иқтисод, ҷомеашиносӣ, антропология, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ҳатто илмҳои табииро дар бар мегирад.
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад муҳити илмие фароҳам оварад, ки дар он таҳқиқот ба дарки қонунияти рушди ҷомеаҳои қадим ва таъсири онҳо ба ҷомеаи муосир равона гардад. Ин раванд ба ташаккули мактаби миллии ориёшиносӣ мусоидат мекунад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми илмии чунин Марказ бознигарии интиқодии тафсирҳои қаблии таърих мебошад. Давоми асрҳо таърихи Осиёи Марказӣ аксаран аз дидгоҳи беруна ва дар заминаи манфиатҳои сиёсӣ ё идеологӣ шарҳ дода мешуд. Ин ҳолат дар баъзе мавридҳо боиси коҳиши нақши воқеии тамаддунҳои маҳаллӣ дар таърихи ҷаҳонӣ гардидааст.
Маркази байналмилалии Наврӯз низ дорои аҳамияти хоси илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Наврӯз ҳамчун ҷашни куҳани ориёӣ падидаест, ки дар худ унсурҳои астрономӣ, табиатшиносӣ, иҷтимоӣ ва фалсафиро муттаҳид мекунад. Аз ҷиҳати илмҳои табиӣ, Наврӯз бо баробаршавии шабу рӯз ва оѓози давраи нави кишоварзӣ иртибот дорад, ки ин аз сатҳи баланди донишҳои тақвимӣ ва астрономии ниёгон шаҳодат медиҳад. Аз ҷиҳати илмҳои иҷтимоӣ Наврӯз ҳамчун механизми таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва интиқоли арзишҳои ахлоқӣ хизмат кардааст.
Таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз имконият медиҳад, ки ин ҷашн дар сатҳи академӣ ва муқоисавӣ таҳқиқ гардад. Наврӯз имрӯз дар даҳҳо давлат бо шаклҳо ва унсурҳои гуногун таҷлил мешавад. Омӯзиши ин гуногунрангӣ барои дарки равандҳои мутобиқшавии анъанаҳо ба муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии гуногун аҳамияти калон дорад. Ин масъала барои илмҳои фарҳангшиносӣ ва ҷомеашиносӣ хеле муҳим аст, зеро нишон медиҳад, ки чӣ гуна арзишҳои умумӣ метавонанд дар қолабҳои гуногуни миллӣ ҳифз шаванд. Ҳамчунин, ҷолиб аст, ки ҳарду Марказ метавонанд ҳамчун “фазои хотираи ҷамъиятӣ” хизмат намоянд. Дар назарияи ҷомеашиносӣ чунин фазоҳо ҷойҳое ҳастанд, ки ҷомеа дар онҳо хотираи таърихии худро нигоҳ дошта, бозсозӣ мекунад. Ин на танҳо бино ё осорхона, балки муҳите мебошад, ки дар он маъноҳо тавлид мешаванд. Барои ҷомеаи пасошуравӣ, ки давраҳои гуногуни гусасташавии хотираи таърихиро аз сар гузаронидааст, чунин фазоҳо аҳамияти махсус доранд, зеро онҳо ба барқарор намудани пайванди наслҳо бо гузашта ва таҳкими худшиносии таърихӣ мусоидат менамоянд. Нуктаи дигар нақши ин Марказ дар муколамаи дин ва фарҳанг аст. Тамаддуни ориёӣ ва Наврӯз дорои арзишҳое мебошанд, ки аз доираи як дин ё миллат фаротар мераванд: эҳтиром ба табиат, адолат, ростқавлӣ, некандешӣ. Ин арзишҳо метавонанд заминаи муҳимми гуфтугӯи фарҳангҳо ва динҳо бошанд. Марказҳо метавонанд минбаре шаванд, ки дар он ин арзишҳои умумӣ бо забони илм ва фарҳанг муаррифӣ гарданд, на бо баҳсҳои идеологӣ. Ниҳоят, ҷолиб он аст, ки ин иқдомро метавон ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат арзёбӣ кард. Агар роҳҳо ва биноҳо инфрасохтори ҷисмонии давлат бошанд, чунин марказҳо инфрасохтори маънавӣ ва зеҳнии онро ташкил медиҳанд.
Таърих нишон медиҳад миллатҳое, ки ба дониш, хотира ва фарҳанги худ сармоягузорӣ мекунанд, дар дарозмуддат устувортар ва рақобатпазиртар мемонанд. Аз ин рӯ, аҳамияти аслии ин ташаббусҳо шояд на танҳо имрӯз, балки бештар дар наслҳои оянда пурра эҳсос шавад.
Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ, ин Марказ метавонад ҳамчун фазои хотираи ҷамъиятӣ хизмат кунад. Хотираи таърихӣ яке аз унсурҳои асосии ҳувияти миллӣ мебошад. Барои ҷомеаи пасошуравӣ, ки дар натиҷаи таѓйироти сиёсӣ ва идеологӣ давраҳои гуногуни гусасташавии хотираи таърихиро аз сар гузаронидааст, барқарор намудани ин хотира аҳамияти махсус дорад. Марказҳои тамаддунӣ метавонанд муҳите фароҳам оваранд, ки дар он ҷомеа бо гузашта робитаи маънавӣ барқарор карда, онро дар заминаи ниёзҳои муосир бозтафсир намояд.
Аз ҷиҳати сиёсати фарҳангӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ин Марказ ба рушди дипломатияи фарҳангӣ мусоидат мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад худро ҳамчун давлати дорои тамаддуни куҳан ва фарҳанги сулҳпарвар муаррифӣ намояд. Наврӯз, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ѓайримоддии башарият эътироф шудааст, метавонад василаи муассири муколамаи тамаддунҳо гардад. Маркази байналмилалии Наврӯз ин равандро ба сатҳи институтсионалӣ бароварда, ҳамкории илмӣ ва фарҳангиро тақвият мебахшад.
Аз нигоҳи иқтисодию фарҳангӣ таъсиси чунин Марказ метавонад ба рушди сайёҳии фарҳангӣ ва иқтисоди эҷодӣ мусоидат намояд. Конфронсҳои байналмилалӣ, фестивалҳо, нашри осори илмӣ ва барномаҳои фарҳангӣ метавонанд на танҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ низ фоида оваранд. Таҷрибаи мамлакатҳои дигар нишон медиҳад, ки марказҳои тамаддунӣ метавонанд ба шаҳрҳо ҳувияти нави иқтисодӣ бахшанд. Дар маҷмуъ, бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба инфрасохтори маънавӣ ва зеҳнии давлат ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо ба ҳифзи мероси гузашта, балки ба ташаккули ҷаҳонбинии наслҳои оянда равона карда шудааст.
Таърих нишон медиҳад, ки ҷомеаҳое, ки ба дониш, фарҳанг ва хотираи худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, дар шароити таѓйирёбандаи ҷаҳонӣ устувортар ва рақобатпазиртар мемонанд. Аз ин рӯ, аҳамияти аслии ин ташаббусҳо на танҳо имрӯз, балки дар ояндаи дарозмуддати рушди илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаи тоҷик зоҳир хоҳад шуд. Мисолҳои мушаххаси таърихӣ:
ДАВРАИ СОСОНИЁН (АСРҲОИ III-VII)

Дар сарчашмаҳои таърихӣ қайд шудааст, ки дар давраи шоҳони Сосонӣ Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатии форсизабонон таҷлил мегардид. Дар ин рӯз подшоҳ мардумро қабул мекард, андозҳо бахшида мешуданд ва ба сарбозон мукофот дода мешуд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки як унсури муҳимми идоракунии иҷтимоӣ низ буд.
АСАРИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ “ОСОР-УЛ-БОҚИЯ”

Олими бузурги асри XI Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ Наврӯзро ҳамчун яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор тавсиф намуда, менависад, ки он рамзи эҳёи табиат ва оѓози соли нав мебошад.
“ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ

Дар “Достони Ҷамшед” дар “Шоҳнома” гуфта мешавад, ки Наврӯз аз замони подшоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Ба гуфтаи Фирдавсӣ, вақте Ҷамшед бар тахти заррин нишаст ва ҷаҳон нуронӣ шуд, мардум он рӯзро “Наврӯз” номиданд.
ТАДҚИҚОТИ ЭТНОГРАФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Муҳаққиқони тоҷик, аз ҷумла олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳқиқоти этнографӣ нишон додаанд, ки расму ойинҳои Наврӯз, аз ҷумла, омода кардани суманак, тоза кардани хона ва кишти рамзии гандум дорои маъноҳои рамзии кишоварзӣ ва эҳёи табиат мебошанд.
ТАДҚИҚОТИ АНТРОПОЛОГӢ

Дар пажуҳишҳои антропологӣ Наврӯз ҳамчун механизми иҷтимоии таҳкими ҳамбастагии ҷомеа арзёбӣ мешавад. Масалан, ҷамъомадҳои идона, бозию мусобиқаҳо ва зиёфатҳои умумӣ ба таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
ҚАРОРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОРАИ НАВРӮЗ (2010)

Соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф кард. Ин қарор дар натиҷаи тадқиқоти фарҳангшиносӣ ва таърихӣ қабул шуда, нишон медиҳад, ки Наврӯз мероси муштараки тамаддунҳои гуногун мебошад.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: