Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд

Сегодня, 13:15
Хабарро хонданд: 13 нафар
Назарҳо: 0
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошандСолҳои охир таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми ҳукумат табдил ёфтааст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Ҳамзамон Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои иқтисоди рақамӣ суханронӣ намуда, таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумотро ҳамчун яке аз ҳафт самти муҳими дар панҷсолаи оянда пайгиришаванда арзёбӣ намуданд.

-Дар асри XXI иттилоот ба яке аз захираҳои муҳимтарини стратегӣ табдил ёфтааст. Пешрафти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди интернет, густариши хизматрасониҳои электронӣ ва иқтисоди рақамӣ барои рушди давлатҳо имконияти нав фароҳам овардааст. Дар баробари ин чунин тағйирот боиси пайдо шудани хатарҳои нав низ гардидаанд.

Бояд иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ҷорӣ гардидааст. Ҳамаи ин пешравиҳо самараи сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вале ин пешрафтҳо ҳамзамон хатарҳои нави киберӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои хакерӣ, қаллобӣ дар интернет ва паҳншавии маълумоти беасосу бардурӯғро ба вуҷуд меоранд. Шумораи корбарони хизматрасониҳои маҷозӣ пайваста зиёд шуда, пардохтҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ заминаи мусоидро барои фаъолтар шудани ҷинояткорони киберӣ фароҳам овардаанд.

Ҳар қадаре, ки ҷомеа бештар рақамӣ шавад, ҳамон қадар масъалаи ҳифзи иттилоот, амнияти низомҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Барои давлатҳое, ки дар марҳилаи рушди иқтисоди рақамӣ қарор доранд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберӣ яке аз шартҳои асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Ҳифзи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз таҳдидҳои муосир яке аз самтҳои асосии амнияти мамлакат маҳсуб мешавад. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки қувваи пешбарандаи пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад, таҳлили хатарҳои мавҷуда ва навро дар ин самт талаб карда, устувории инфрасохтори иттилоотӣ ва такмили пайвастаи воситаҳои идоракунии амнияти кибериро пешбинӣ мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти махзанҳои маълумот тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Бо ин мақсад дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд. Фаъолияти он ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумоти шахсӣ ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатиро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо низомҳои давлатии идоракунӣ, соҳаи молия, хизматрасониҳои электронӣ, шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҳатто ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон ба низомҳои рақамӣ такя мекунанд. Аз ҳамин сабаб ҳифзи ин низомҳо аз таҳдиду ҳамлаҳои киберӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

Амнияти иттилоотӣ маҷмуи чораҳои ташкилӣ, техникӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ба ҳифзи иттилоот аз дастрасии беиҷозат, тағйирёбӣ, ифшо ё нобудшавӣ равона шудаанд.

Ин мафҳум тамоми намудҳои иттилоотро фаро мегирад, новобаста аз шакли нигоҳдорӣ ё интиқоли онҳо. Ба он маълумоти электронӣ дар низомҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои коғазӣ, маълумоти махфии мақомоти давлатӣ ва ташкилот, маълумоти шахсӣ ва маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил мешаванд.

Дар назарияи амнияти иттилоотӣ се принсипи асосӣ мавҷуд аст, ки ҳамчун модели CIA маъруф мебошанд:

Махфият (Confidentiality) – иттилоот бояд танҳо барои шахсони ваколатдор дастрас бошад.
Пуррагӣ ё дурустӣ (Integrity) — яъне маълумот набояд бе иҷозат тағйир дода шавад.
Дастрасӣ (Availability) – иттилоот ва низомҳо бояд барои шахсони ваколатдор дар вақти зарурӣ дастрас бошанд.
Дар амал аксар вақт мафҳумҳои амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ як хел ҳисобида мешаванд, аммо дар воқеият онҳо сатҳҳои гуногуни муҳофизатро ифода мекунанд.

Амнияти иттилоотӣ мафҳуми васеъ буда, объекти ҳифзи он ҳама гуна иттилоот мебошад. Он ҳифзи иттилоотро аз ҳама гуна таҳдидҳои техникӣ, физикӣ ва ташкилӣ тавассути пешбурди сиёсат, идоракунӣ ва назорати физикӣ дар бар мегирад.

Амнияти киберӣ ҷузъи амнияти иттилоотӣ буда, ба ҳифзи муҳити рақамӣ аз ҳамлаҳои киберӣ равона шудааст. Агар амнияти иттилоотӣ тамоми намудҳои иттилоотро дар бар гирад, амнияти киберӣ асосан ба ҳифзи шабакаҳои компютерӣ, серверҳо, марказҳои коркарди маълумот, низомҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳо тавассути технологияҳои абрӣ ва инфрасохтори рақамии давлатӣ аз ҳамлаҳои киберӣ равона шудааст.

Мисол, агар корманд ҳуҷҷати коғазиро бо муҳри БИХ (барои истифодаи хизматӣ) аз идора берун бурда, ҳуҷҷат ба шахсони сеюм маълум гардад, ин ҳодисаи амнияти иттилоотӣ ҳисоб мешавад, на ҳодисаи киберӣ. Дар ҳолати тавассути осебпазирии API шикаста гирифтани маълумот аз низоми иттилоотии давлатӣ ин ҳодисаи киберӣ мебошад.

Аз ин рӯ метавон гуфт, ки амнияти киберӣ танҳо як ҷузъи низоми васеи амнияти иттилоотӣ мебошад.

Дар муҳити рақамӣ таҳдидҳои гуногуни киберӣ ба вуҷуд меоянд, ки муҳимтарини онҳо инҳоянд:

Фишинг — қаллобон бо истифода аз паёмҳои қалбакӣ ё сомонаҳои сохта маълумоти шахсӣ ё молиявиро ба даст меоранд.
Муҳандисии иҷтимоӣ — ҷинояткорон бо роҳи фиреб додани инсон маълумоти махфиро ба даст меоранд.
Вируси тамаъҷӯ – барномаҳои зарароваре, ки маълумот ё низомҳои иттилоотиро маҳкам карда, барои барқарор кардани он маблағ талаб мекунанд.
Ҳамлаҳои DDoS — бо фиристодани миқдори зиёди дархостҳо кори сервер ё сомона қатъ карда мешавад.
Бо рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи васеи хизматрасониҳои маҷозӣ чунин таҳдидҳо дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба назар мерасанд.

Инчунин дар баробари амнияти киберӣ солҳои охир мафҳуми гигиенаи рақамӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Гигиенаи рақамӣ ин маҷмуи қоидаҳо, фарҳанги рафтор дар фазои маҷозӣ ва одатҳои дурусти истифодаи технологияҳои рақамӣ буда, ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти инсон мусоидат мекунад.

Тибқи мониторинги мутахассисони соҳавӣ, бахши молия ва махзанҳои маълумот яке аз объектҳои осебпазир ба ҳамлаҳои киберӣ мебошад. Новобаста аз он ки имрӯз ташкилоти қарзию молиявӣ бо барномаҳои муосири ҳифз ва мутахассисони баландихтисос таъмин мебошанд, ин ҷо шаҳрвандон ҳамчун мизоҷони ташкилоти қарзию молиявӣ ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд. Бинобар ин, яке аз самтҳои калидии ҳифз баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон дар бораи таҳдидҳои киберӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарзи шинохти мактубҳои фишингӣ, ҳифзи эътимодноки маълумот ва канорагирӣ аз истинодҳои шубҳанок аз ҷониби мутахассисон муҳим дониста мешавад.

Дар баробари андешидани тадбирҳои техникӣ аз ҷониби мақомоту ташкилоти дахлдор ва технологияҳои муосири ҳифзи иттилоот нақши худи шаҳрвандон низ дар ҳифзи маълумоти шахсӣ муҳим мебошад. Риояи қоидаҳои гигиенаи рақамӣ метавонад хатари бисёр ҳодисаҳои кибериро коҳиш диҳад.

Аксари ҳодисаҳои киберӣ на аз сабаби камбудиву норасоиҳои техникӣ, балки аз иштибоҳи худи инсон ба амал меоянд. Истифодаи рамзҳои осон, ворид шудан ба пайвандҳои шубҳанок ва паҳн кардани маълумоти шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисоли онҳо мебошанд.

Барои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва пешгирии таҳдидҳои киберӣ корбарон бояд якчанд қоидаҳои одиро риоя намоянд:

Истифодаи рамзҳои мустаҳкам — рамз бояд аз ҳарфҳо, рақамҳо ва аломатҳо иборат бошад ва дар ҳар низом рамзи якхела истифода нашавад.
Фаъол кардани тасдиқи дузинагӣ – ин усул сатҳи иловагии муҳофизатро таъмин мекунад.
Навсозии мунтазами нармафзор – навсозиҳо аксар вақт осебпазирии амниятиро ислоҳ мекунанд.
Канорагирӣ аз пайвандҳои шубҳанок – санҷидани манбаъ пеш аз ворид шудан ба сомона ё зеркашии файл.
Муҳофизати маълумоти шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ – маълумоти шахсӣ набояд бе зарурат дар сомонаҳои интернетӣ нашр карда шавад.
Истифодаи шабакаҳои бехатари интернет – ҳангоми истифодаи Wi-Fi-и ҷамъиятӣ ворид кардани маълумоти молиявӣ тавсия дода намешавад.
Солҳои охир бо рушди босуръати технологияҳои рақамӣ таҳдидҳои киберӣ на танҳо ба масъалаи техникӣ, балки ба масъалаи иқтисодӣ ва амнияти миллӣ табдил ёфтаанд. Тибқи таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҳаҷми зарари иқтисодӣ аз ҷиноятҳои киберӣ дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, солҳои охир ба триллионҳо доллар мерасад. Ин нишон медиҳад, ки ҷиноятҳои киберӣ имрӯз ба яке аз соҳаҳои фаъолтарини ҷинояткории фаромиллӣ мубаддал гардидаанд. Дар чунин шароит давлатҳо маҷбур мешаванд барои ҳифзи инфрасохтори рақамии худ сиёсати махсуси амнияти кибериро истифода намоянд.

Дар таҷрибаи кишварҳои пешрафта амнияти киберӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, дар якчанд кишварҳои Аврупо ва Осиё марказҳои миллии мониторинги ҳодисаҳои киберӣ, гурӯҳҳои фаврии вокуниш ба ҳодисаҳои компютерӣ (CERT) ва марказҳои амалиётии амниятӣ (SOC) таъсис дода шудаанд, ки вазифаи онҳо мониторинг, таҳлил ва пешгирии ҳамлаҳои киберӣ мебошад. Чунин таҷриба нишон медиҳад, ки барои таъмини устувории инфрасохтори рақамӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва муассисаҳои илмӣ зарур мебошад.

Яке аз масъалаҳои дигари амнияти киберӣ ҳифзи инфрасохтори муҳими иттилоотӣ мебошад. Ба чунин инфрасохтор низомҳои бонкӣ ва молиявӣ, шабакаҳои энергетикӣ, низомҳои идоракунии нақлиёт, алоқа ва инчунин низомҳои ҳукумати электронӣ дохил мешаванд. Ҳамла ба чунин низомҳо метавонад на танҳо ба фаъолияти иқтисодӣ, балки ба амнияти давлат ва зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандон низ таъсири ҷиддӣ расонад. Бинобар ин, дар бисёр кишварҳо ҳифзи инфрасохтори муҳими иттилоотӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати амнияти миллӣ муайян гардидааст.

Дар баробари таҳдидҳои маъмули киберӣ, аз қабили фишинг, ҳамлаҳои DDoS ва барномаҳои зараровар солҳои охир таҳдидҳои мураккабтар низ пайдо шудаанд. Аз ҷумла, ҳамлаҳои дарозмуддати ҳадафнок (APT), ҳамлаҳо тавассути занҷири таъминот (supply chain attacks), дуздии маълумоти калонҳаҷм (data breach) ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои анҷом додани ҳамлаҳои киберӣ ба назар мерасанд. Ин гуна таҳдидҳо нишон медиҳанд, ки муҳити киберӣ пайваста мураккаб гардида, усулҳои муҳофизати иттилоот низ бояд пайваста такмил дода шаванд.

Бо рушди технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои абрӣ ва ашёҳои интернетӣ (IoT) масъалаи амнияти киберӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Имрӯз миллионҳо дастгоҳҳои рақамӣ ба шабакаҳои интернетӣ пайваст буда, ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумотро анҷом медиҳанд. Агар чунин дастгоҳҳо бо сатҳи кофии амниятӣ таъмин набошанд, онҳо метавонанд ба манбаи таҳдидҳои нав табдил ёбанд. Аз ин рӯ, таъмини амнияти муҳити рақамӣ бояд на танҳо ба ҳифзи серверҳо ва низомҳои иттилоотӣ, балки ба тамоми экосистемаи рақамӣ равона карда шавад.

Ҳамзамон масъалаи омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи амнияти киберӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон норасоии кадрҳои касбӣ дар ин соҳа мушоҳида мешавад. Аз ин сабаб рушди барномаҳои таълимӣ, таъсиси лабораторияҳои амнияти киберӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир яке аз омилҳои муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи такмили заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии амнияти киберӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ қонуни алоҳида «Дар бораи амнияти киберӣ» қабул нагардидааст ва инчунин стандартҳои миллӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ пурра ташаккул наёфтаанд. Дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ ва густариши хизматрасониҳои электронӣ таҳияи чунин санадҳои меъёрӣ зарурати воқеӣ дорад, зеро онҳо метавонанд асосҳои ҳуқуқии ҳифзи низомҳои иттилоотӣ ва маълумоти шаҳрвандонро мустаҳкам намоянд.

Бо вуҷуди ин, дар самти ташаккули сиёсати давлатии амнияти киберӣ корҳои муайян амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии амнияти киберии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” таҳия гардида истодааст. Ин ҳуҷҷат ба ташаккули низоми ягонаи идоракунии амнияти киберӣ, рушди инфрасохтори муҳофизати иттилоот, такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа равона гардидааст.

Дар маҷмуъ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди устувори давлат табдил ёфтаанд. Таъмини амнияти муҳити рақамӣ, ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва устувории инфрасохтори иттилоотӣ на танҳо масъалаи техникӣ, балки шарти муҳими эътимоди ҷомеа ба технологияҳои рақамӣ мебошад.

Бинобар ин, барои рушди минбаъдаи низоми амнияти киберӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили қонунгузорӣ, рушди инфрасохтори мониторинги таҳдидҳои киберӣ, омодасозии мутахассисони соҳавӣ ва баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон аҳамияти калидӣ доранд. Танҳо дар чунин шароит метавон фазои рақамии бехатар ва устуворро барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти ҷомеа таъмин намуд.

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз унсурҳои калидии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, муайян ва безарарсозии манбаъҳои эҳтимолии хатар, ки аксаран аз муҳити рақамӣ сарчашма мегиранд, бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳар ниҳоди давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.

Дар шароити ҷаҳони рақамӣ амнияти иттилоотӣ на танҳо масъалаи техникӣ, балки шарти муҳими суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба самти бехатарии киберӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои таъмини амнияти иттилоотии мамлакат тамоми тадбирҳоро меандешад, вале дар ин раванд нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилот низ муҳим аст. Мо дар якҷоягӣ метавонем фазои маҷозии бехатарро барои рушди устувори Тоҷикистон ва ояндаи бехатар таъмин намоем.

Ҷомеае, ки фарҳанги баланди истифодаи технологияҳои рақамиро дорад, метавонад аз имконияти иқтисоди рақамӣ самаранок истифода бурда, дар баробари ин худро аз таҳдидҳои киберӣ ҳифз намояд.

Фирдавс ШОҲЗОДА,
сардори Раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди махзани маълумоти
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: