Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВКД Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: дар интернет вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст

ВКД Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: дар интернет вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст

30-06-2017, 09:45
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0

ВКД Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: дар интернет вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки дар шабакаи интернет боз як вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст, — омадааст дар иттилоияи паҳннамудаи сомонаи расмии ВКД ҶТ.

Тибқи иттилои мазкур, тарзи паҳнкунии он дар шабакаи интернетӣ ба монанди вируси «WannaCry» мебошад.

Дар робита ба ин ВКД ҳушдор медиҳад: «Усули ҳифзи аз ҳама оддитарин аз вируси «Petya» ва дигар вирусҳои ҳаммонанд ҷавоб надодан ва накушодани мактубҳои шубҳанок аз ҷониби шахсони ношинос мебошад. Дар ҳолати пайдо шудани чунин мактуб фавран онро тоза (удалить) намоед. Бодиққат бошед, windows ва таъмини барномаҳои зиддивирусиро (антивирусное ПО) навсозӣ намоед!».

Ёдовар мешавем, ки вируси нав рӯзи душанбе фаъол шуда, аввал ба компютерҳои Украина ҳамла кардааст. «Вируси мазкур баробари боз кардани компютерҳо дастрасӣ ба файлҳоро манъ карда, бар ивазаш аз соҳиби компютер 300 доллар «биткойн» талаб мекунад»,- иттилоъ медиҳад «РИА Новости» бо истинод ба ширкати «Group-IB. Ҳамла соати 11:00 (ба вақти Москва) оғоз шуда, то соати 18:00 аллакай ба биткоин-кашелёкҳои муқаррарнамуда нӯҳ интиқоли пул сурат гирифтааст. Бо назардошти комиссия нафарони зарардида ба хакерон 2,7 ҳазор доллар интиқол додаанд.

Аз рӯи маълумоти ширкати зиддивирусии ESET, аз ин вирус аз ҳама бештар Украина, пасон Италия ва Изроил зарар дидаанд. Ба кишварҳои даҳгонаи зарардида – Сербия, Венгрия, Руминия, Полша, Аргентина, Чехия ва Германия шомиланд. Россия дар ин рӯйхат дар ҷойи 14-ум аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: