Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАШНҲОИ БАҲОРӢ ВА НАВРӮЗ ДАР АВРУПО АЗ УРФУ ОДАТҲОИ ШАБЕҲ ТО ТАҶЛИЛИ ОНҲО

ҶАШНҲОИ БАҲОРӢ ВА НАВРӮЗ ДАР АВРУПО АЗ УРФУ ОДАТҲОИ ШАБЕҲ ТО ТАҶЛИЛИ ОНҲО

18-03-2026, 12:25
Хабарро хонданд: 31 нафар
Назарҳо: 0
ҶАШНҲОИ БАҲОРӢ ВА НАВРӮЗ ДАР АВРУПО АЗ УРФУ ОДАТҲОИ ШАБЕҲ ТО  ТАҶЛИЛИ ОНҲО
Дар таъриху фарҳанг ва тамаддуни кишварҳои гуногуни олам ҷашнҳое мавҷуданд, ки ифодагари рамзи ин ё он фасли сол мебошанд. Мардум дар тӯли қарнҳо онҳоро такмил дода, дар пайвастагӣ бо расму ойин ва бовари манотиқи худашон таҷлил менамоянд.
Яке аз фаслҳое, ки фарорасии он ҷашнҳои зиёде дар пай дорад, фасли баҳор мебошад. Аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки шабоҳати ҷашнҳои наврӯзӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва ҷаҳон нисбат ба дигар фаслҳо зиёдтар ба назар мерасанд.
Вақте мо ба оинаи таърих назар меандозем, мебинем, ки ҷашнҳои баҳорӣ дар ҳамаи кишварҳои Аврупо ва дигар қитъаҳои олам, амсоли Италия, Фаронса, Олмон, Австрия, Швейтсария, Ҳолланд, Австралия, Зеландияи Нав ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.
Ҷолибтараш он аст, ки ҳамаи ин ҷашнҳо шабеҳи ҷашнҳои наврузӣ мебошанд. Ҷашнгирии наврӯзӣ ба ҳама мардумони Шарқу Ғарб пайвастагӣ дорад. Рӯзи 19-уми март иди рӯзадорӣ дар Италия одатан бо ҷашни фароғатии Сан Ҷузеппе (Сент Ҷозеф) ба охир мерасад. Дар бисёр ҷойҳо дар ин рӯз гулханҳои зиёд, ки ба моҳи март хос мебошанд, барафрӯхта мешаванд. Аз ин рӯ, аз замонҳои қадим мардуми сарватманди итолиёвӣ дар ин рӯз барои мардуми камбизоат кӯмак мерасонанд. Одатан онҳо ба назди пиронсолон, барҷомондагон, бенавоён ва кӯдакон барои аёдат мераванд. Дар рӯзи ҷашн ҳамагон либосҳои хоссаи идона ба бар мекунанд, ки ин нишонаи воқеии шабоҳати ҷашни Наврӯзи тоҷикон мебошад.
Сан Ҷузеппе дар Италия хеле маъруф аст. Ӯ ғайр аз камбизоатон ва ятимон, инчунин, шарикон ва духтарони оиладорро, ки дар ёфтани шавҳар мушкилот доранд, сарпарастӣ мекунад. То имрӯз шуъбаҳои Ҷузеппе низ вуҷуд доранд ва рузи 19-уми март онҳо дар Италия ба хиёбонҳои зиёде баромада, фавран кулчақандҳо (zepple)-и анъанавии монанди донаҳои шаклдорро омода мекунанд.
Бояд зикр кард, ки ин кулчақандҳоро дар хиёбонҳо ба ҳамагон ройгон тақсим менамоянд, ки ин худ яке аз нишонаҳои ҷашн ба шумор меравад.
Дар Фаронсаи католикӣ ҷашни якуми фарорасии баҳор муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун рӯзи шамъ таҷлил мешавад. Мисли дигар кишварҳои Аврупо, дар Фаронса низ ба муносибати маросими поксозӣ маросими диндорон ташкил карда шудаанд: ин маросимҳо, махсусан, дар қарнҳои миёна ботантана ҷашн гирифта мешуданд.
Сарзамини зебоманзар ва тамаддунофари Фаронса барои аҳли башар ошно буда, тӯли садсолаҳо бо доштани фарҳанги бою ғанӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ин кишвар ҳамасола ҷашнҳои дорои ҷабҳаҳои гуногуни фарҳангиву маънавӣ ба таври бошукӯҳ ва шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.
Агар дар муқоиса бо кишвари Тоҷикистон таҷлили шабоҳати ҷашнҳои баҳориро дар Фаронса баррасӣ намоем, метавон чанд ҷашнҳоро ба мушоҳида гирифт, ки ба айёми маросими наврӯзӣ рост омада, ҳамзамон, бо ойинҳои ҷашни бузурги Наврӯз наздикӣ доранд.
Қобили қайд аст, ки дар Фаронса 8-уми март ҳамчун “Рӯзи модарон” ё “Рӯзи бибиҳо” таҷлил мегардад. Ҷашни дигаре, ки “Франкофония” унвон дорад, асосан барои донандагони забони фаронсавӣ баргузор мешавад ва ин ҳам дар рӯзҳои ҷашнҳои баҳорӣ рост меояд.
Бояд зикр кард, ки дар Фаронса низ иди 8-уми мартро ҳамчун иди занон таҷлил менамоянду дар ин рӯз ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекунанд. Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки дар ин кишвар якшанбеи аввали моҳи мартро ҳамчун “Рӯзи модаркалонҳо” (бо истилоҳи фаронсавӣ - la Journée des Grands-mères) таҷлил менамоянд, чуноне ки дар Тоҷикистон 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад. Дар Фаронса низ дар “Рӯзи модаркалонҳо” наберагон ба онҳо туҳфаҳо тақдим менамоянд.
Дар тӯли таърих фаронсавиҳо урфу одатҳои миллиашонро нигоҳ доштаанд. Масалан, шамъҳое, ки дар рӯзи “Чандилак” баракат меоварданд, тамоми сол қариб дар тамоми хонадонҳо нигоҳ дошта мешавад. Чунин шамъҳо баъзан дар назди дару тирезаҳо ҳамчун тӯмор бо аломати салиб гузошта мешавад ва онҳо гӯё арӯсу домодро баракат медиҳанд. Деҳқонони фаронсавӣ рӯзи шамъро ҳамчун яке аз муҳимтарин ҷашнҳои баҳорӣ таҷлил мекарданд, зеро он мувофиқи эътиқодҳо хеле муҳим мебошад. Ҳамчунин, дар бисёр минтақаҳои Фаронса корҳои кишоварзӣ маҳз дар ин давра оғоз мешаванд.
Аз ҳамон рӯз тасмим гирифта мешавад, ки кор дар саҳро, дар боғ ва токзорҳо оғоз ёбад. Маҳз ба муносибати ҷашнҳои шамъ суханони зиёд баён шудаанд. Дар бисёре аз музофотҳои Фаронса боварӣ доштанд, ки ҳавои хуб дар “Чандилак” нишонае буд, ки зимистон боз чил рӯз идома меёбад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин ҷашн бо баъзе аломатҳояш ба ҷашни Садаи тоҷикон хеле наздикӣ дорад. Мардуми Фаронса бар он муътақиданд, ки дар рӯзи “Чандил” хирс маконашро агар тарк кунад ва инчунин, ҳаво абрнок бошад, офтоб надурахшад, хирс ба макони худ баргашта, дар давоми чил рӯзи дигар ором хоб меравад.
Дар моҳи март деҳқонон бисёр ташвишҳо доранд. Чӣ тавре ки аз ҳаёти деҳот маълум аст, муҳлати кор мувофиқи тақвими калисо ҳисоб карда мешавад. Деҳқонон ба мисли кишоварзони Тоҷикистон ба тозакориҳо машғул шуда, бояд заминаи шудгори баҳорӣ, алафдаравӣ, кишти зироатро омода намоянд. Ноустувории ҳавои моҳи март ва вобастагӣ аз натиҷаҳои корҳои саҳроӣ деҳқонро водор менамояд, ки боду ҳаворо бодиққат назорат кунад. Ин мушоҳидаҳо дар мавриди ба даст овардани натиҷаи муваффақи ҳосил ҳатто боиси пайдо шудани аломатҳои зиёд ва ривоятҳо дар бораи обу ҳаво гардидааст.
Маросими “Ҷаҳидан аз оташ” низ дар кишварҳои Аврупо хусусиятҳои ба худ хос ва маънии гуногунро дорад. Ҷавонон паси ҳам, як ё ду ҷуфт - духтар ва писар дасти ҳамдигарро гирифта, ё баъзе бачаҳо танҳо аз болои оташи сурх меҷаҳанд. Ҷаҳидан аз болои оташ далолат бар он мекунад, ки ҷавонони ҷуфт ба умеди ҳамон сол издивоҷ кардан ва дигарон бо мақсади халос шудан аз ягон беморӣ ва ғайра ин амалҳоро анҷом медиҳанд.
Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон низ маросими “Оташпарӣ” то ҳол вуҷуд дорад, ки дар рӯзҳои наздикшавии ҷашни бузурги ниёгон - Наврӯз анҷом дода мешавад. Мардум, дар ҳоле ки аз болои оташ мепаранд, мисраъҳои шеърии “Сурхии рӯятро бидеҳ, Зардии рӯямро бигир”-ро замзама мекунанд.
Баргузории ҷашнҳои баҳорӣ дар қисмати ҷануби Фаронса хело ҷолиб аст. Дар ин муддат гулҳо мешукуфанд ва онҳо ба як ҷузъи муҳимми ҷашн табдил меёбанд.
Ҷашнҳои баҳорӣ дар Фаронса, махсусан бо он маъмулӣ аст, ки мувофиқи анъана "муборизаи гулҳо" ("комба де флуғ") ном дорад. Дар чунин идҳо тамошобинон дар хиёбонҳо қадам мезананд ё дар фойтунҳо савор мешаванду гулдастаҳои зеборо ба ҳамдигар тақдим менамоянд ё гирду атрофро пур аз гул мекунанд. Ин ҷашне аст, ки ҳама ҷо ороста бо гул аст. Маврид ба таъкид аст, ки ҷашни "муборизаи гулҳо" ("комба де флуғ") бо ҷашни Наврӯзи тоҷикон - “Сайри гули лола” хеле шабоҳат дорад .
Бузургтарин ҷашни баҳорӣ барои кишварҳои Олмон, Австрия, Швейтсария, Нидерланд ва Белгия ин “Карнавал” аст, ки як навъ ҷашнвораест дар Аврупо ва мардум дар он бо либосҳои идона ва гулҳои зиёд аспсавор дар хиёбонҳо гашту гузор мекунанд.
Дар Тоҷикистон шабоҳати ҷашни “Карнавал”-и Аврупо бузкашӣ ё аспдавонӣ буда, дар ин рӯзҳо озмунҳо роҳандозӣ гардида, ғолибон бо туҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида мешаванд. Аз ҷумла, автомобил, яхдон, телевизор ва ғайраҳо.
Дар Олмон бошад, ҷашни баҳорӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Мардум дар хиёбонҳо сайругашт мекунанд. Нақлиётро ончунон бо гулҳои зиёди рангоранг оро медиҳанд, ки кас гумон мекунад, ки он аз гул сохта шуда бошад.
Мардум ба ҳамдигар тухмҳои рангоранг, кулчақандҳо ва харгӯшчаи зиндаро ҳадя мекунанд, чунки он, ба назари олмониҳо, ҳайвони ҳалиму меҳрубон буда, таҷассумгари хушбахтӣ аст.
Дар ин кишвар ҷавонон ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд, ки ин рамзи асосии ҷашни баҳорӣ ва зебогиву солимӣ ба ҳисоб меравад. Ба рӯйи бонувонашон об мепошанд, чунки об сарчашмаи ҳаёт мебошад ва онҳо наслҳои солимро ба дунё оранд. Ба дигар маъно, азбаски об неъмати зинда аст, намӣ ва таровати зебогии пӯсти занонро нигоҳ медорад. Ҳатто дар замонҳои пеш аз масеҳият мардуми Олмон ҷашни бузурги эҳёи Офтобро бо қурбонӣ ва зиёфат ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн монанд ба ҷашни румиён буд. Дар натиҷаи робита байни ду фарҳанг як маҷмуи муайяни маросими ҳафта дар Панҷак таъсис дода шуд. Гузашта аз ин, румиён ҷашнгирие бо номи “Ҷаззоб” - (narrenfeest) доштанд, ки бо либоспӯшии хоси худ маълум буд ва олмониҳо низ ин чашнро аз онҳо гирифтаанд.
Нақши оташ, махсусан дар фарҳанги олмониён ва умуман, дар эътиқоди мардуми Аврупо таъсири бузурги поккорӣ ва ҳифзи табиат аз партовҳо ба ҳисоб меравад ва бениҳоят бузург аст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик низ мегӯянд, ки оташ таъсироти зарароварро нест мекунад ва баръакс, қувваҳои хуби ҳосилхезӣ ва шукуфоиро ба вуҷуд меорад. Бо ин назардошт, метавон гуфт, ки фарҳанги тоҷикон бо фарҳангҳои кишварҳои Аврупо шабоҳати наздик дорад.
Яке аз анъанаҳои ҷолиби ҷашнҳои баҳорӣ ҳафтаи Панҷак аст, ки то имрӯз аз ҷониби деҳқонони Ҷазираи Шовен, Нидерланд ва музофоти Зеландияи Нав нигоҳ дошта шудааст.
Нимаи дуюми рӯз деҳқонон аспҳои худро бо ёлҳо ва гулҳои зебо оро дода, ба беруни шаҳр мебаранд. Сипас, иштирокчиёни ҷашнвора ба аспҳо нишаста, ба соҳили баҳр мераванд ва чунин шарт аст, ки агар асп пойҳояшро ғарқ кунаду ба замин чуқуртар фурӯ равад, ҳамон қадар соҳиби асп ғолиб дониста мешавад. Вақте ки аспсаворон ба деҳа бармегарданд, вақти боқимондаро шабона бо рақс ва дилхушӣ мегузаронанд.
Дар Белгия бошад, ҳангоми ҷашнҳои баҳорӣ кӯдакон хона ба хона мераванд, суруд мехонанд ва барои онҳо чормағз, себ ва гӯшти яхнӣ дода мешавад. Масалан, дар фарҳанги тоҷикон ин ҷашнро ба истилоҳ “Идгаштак” ном мебаранд.
Дар Нидерланд бошад, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат порчаҳои гуногуни сурудҳое, ки ифодагари саховат ва дасткушодии мардум мебошанд, мехонанд ва ба ин восита гӯё дили ашрофонро “об карда”, чизҳои мехостагиашонро ба даст меоранд.
Дар Британияи Кабир то ба ҳол кабудизоркунӣ ҳамчун як хусусияти хоси ҷашнҳои баҳорӣ боқӣ мондааст. Дар арафаи ҷашн одатан ҷавонон ба ҷангал барои ҷамъ овардани сабзаҳо ва гулҳо мераванд ва ба шаҳр бо суруду мусиқӣ, дар даст шохаҳои сабз ва гулҳо бармегарданд.
Сокинони давлатҳои Скандинавия бошанд, дар моҳи март, қабл аз оғози корҳои кишоварзӣ, кӯшиш мекунанд, ки ҳавои ояндаро тибқи нишонаҳои гуногун пешгӯйӣ кунанд. Рӯзҳои на он қадар сард то ба аввалҳои баҳор ҳанӯз идома меёбад. Бисёриҳо боварӣ доштанд, ки эътидоли баҳорӣ мувофиқи тақвими пешинаи калисо ба 12-уми март (рӯзи Санкт Грегор-Грегорсесс) рост меояд. Ҳам шведҳо, ҳам норвегияҳо ва ҳам данияҳо бар чунин ақидаанд: "Дар рӯзи тақвими Грегор шабу рӯз баробанд". Мувофиқи тақвими шарқиён, хусусан Тоҷикистон, баробаршавии шабу рӯз ба 21-уми март рост меояд.
Мувофиқи эътиқоди маъмул, дар ин рӯз зоғ аз соҳил ба дохили Шведсия ва Норвегия мебарояд, ки ин бешак, фасли баҳорро тасвир мекунад. Аз ин рӯ, дар тақвимҳои қадима ин рӯз бо паранда қайд гардидааст, хусусан 12-уми март рӯзи “Зоғ” эълон мешавад.
Зарбулмасалҳо, оятҳо ва гуфторҳо дар бораи зоғон ба амал фаровон корбурд мешаванд. Дар моҳи март тӯфонҳо ва ҳавои ноустувор ҳанӯз ҳам кам намешаванд. Гарчанде ки аксарияти сокинони Скандинавия эътидоли баробаршавии шабу рӯзро 12-уми март ҳисобиданд, он дар баъзе минтақаҳо ба 21-уми март рабт дода мешавад. Онро "баробарии рӯз" (jamvår) номиданд.
Қисми зиёди маросим ва аломатҳо дар бораи обу ҳаво ба ҷашни калисои протестантӣ ва 25-уми март, инчунин, дар кишварҳои Скандинавия ҳамчун рӯзи “Бонувони донишманд” дониста мешавад. Донишҷӯёни донишгоҳҳои Уппсала, Лунд ва Стокҳолм шоми он рӯз дар хиёбонҳои шаҳр назди оташ истода, дар васфи баҳор сурудҳои мардумиро месароянд. Ҳамчунин, дар Скансен, осорхонаи мардумии шведӣ дар болои кӯҳи Дир оташи баланд афрӯхта мешавад. Ин оташ аз чандин километр намоён аст. Дар атрофи он ҳазорон нафар аз Стокҳолм ҷамъ меоянд.
Тибқи эътиқоди мардуми Дания ва Шведсия, ҷодугарон ва девҳо он шаб ба ҷамъомадҳои худ парвоз мекунанд ва чароғҳои оташ ба онҳо монеъ мешаванд, ки дар кӯҳҳо истода, ба одамон осеб расонанд. Дар калисоҳо иди масеҳият пас аз ид ҷашни баҳорӣ гирифта мешавад. Номи мардумии қадимии ин ҷашн “helgetortstag” буда, маънои Панҷшанбеи дурахшон-ро дорад, ки ин ба хотири руҳи гузаштагон мебошад. Масалан, дар Тоҷикистон низ ба ҳамин маъно бегоҳи панҷшанбе баъзеҳо барои руҳу арвоҳи гузаштагонашон оят мехонанд. Инчунин, интихоби "Арӯсу домод" (Сегона) низ аз ҷашнҳои маъмули баҳорӣ дар Скандинавия аст. Дар ҷараёни маросими ҳаҷвӣ, ки дар он ҳамроҳи мусиқинавозон ва "ҳадяи арӯсӣ" ҳамроҳ буданд, онҳо туҳфаҳо ҷамъ меоранд, ки аз тухм, гӯшти хук, нони ширин, шароб ва пул иборат мебошад.
Тибқи анъанаи қадим барои таҷлили ин ҷашн дар Шведсия духтар дӯстдор ё домодро интихоб мекунад. Бисёре аз маросимҳо, ки дар бораи Сегона гузаронида мешаванд, бо ибодати об ва чашмаҳо вобаста ҳастанд. Аксар вақт зиёратгоҳҳо "чашмаҳои муқаддас" буданд, ки аз онҳо ҳама маҷбур буданд як каф об нӯшанд. Оби ширин, инчунин, ба хона оварда, захира карда мешавад. Таҷлили ин рӯз дар мактабҳо бо рӯйдодҳо аз ҳаёти Папаи Рим - Григорий XIII, ки бо фаъолияти ислоҳотии худ дар соҳаи мактаб, мусиқӣ ва инчунин, ҷорӣ кардани тақвими нав дар асри XVI маълум буд, алоқаманд аст. Аз ин рӯ, эҳтироми ин ҷашн ҳамчун сарпарасти донишҷӯён, устодон, олимон, мусиқинавозон ва овозхонон ба ҷо оварда мешавад.
Дар ҳаёти иқтисодии деҳқонони Австрия рӯзи 17-уми март нақши бузург мебозад. То ин вақт оғози кор дар саҳро ва боғ ба таъхир мемонад. Дар маросими баҳорӣ урфу одатҳои вобаста ба кабудизоркунӣ, алалхусус, тамиз кардани хонадон ва эътимоди зиндагӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар Австрия, чун дар дигар кишварҳои Аврупо дарахтони хурмо, ки чун шохаҳои растаниҳои маҳаллӣ маъмуланд, бештар шинонда мешавад. Ин дарахтони хурди парваришёфта дар кунҷи боғ нигоҳ дошта мешаванд. Дар урфу одатҳои мардумӣ онҳо ба нақши як восита бар зидди қувваҳои бадӣ, бемориҳо, раъду барқ ва ғайра мусоидат мекарданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи панҷшанбе хӯрдани кабудӣ ва сабзавоти тару тоза, аз ҷумла, шӯрбои сабз аз ҳафт ё нӯҳ гиёҳ (рақамҳои ҷодугарӣ, ки аксар вақт дар эътиқоди мардумони австриягӣ) маъмул аст. Худи ҳамон рӯз дар Тирол бачаҳо бо садои “алафро бедор мекунем!” ба марғзорҳо мераванд.
Дар маросими баҳории Швейтсария намунаҳои гуногуни ҷашнҳо, ки ба бедории табиат нигаронида шудаанд, таҷлил мегарданд. Яке аз чунин ҷашнҳо ("Chalanda Mars") “Бедоршавии замин” мебошад, ки он зимнан аз тақвимҳои моҳи марти Римӣ пайдо шудааст.
Одати ҷашни “Бедоршавии замин” ё “алафи бедорӣ” дар дигар қисмҳои Швейтсария низ маълум аст. Дар ин рӯзҳо кӯдакон шохаҳои сабзро бо худ мегиранд ва ҳар як роҳгузарро оҳиста бо он мезананд. Ин амалҳо дар гузашта ва ҳоло низ ба мақсади огоҳ кардани мардум аз омадани ҷашни наврӯзӣ ва додани нидои кабудизоркунӣ дарак медиҳад.
Анъанаи “бедор кардани занбӯри асал” низ дар ин кишвар ба моҳи март рост меояд ва онҳо фарорасии гармӣ аз садои парандаро “эълон” мекунанд. Яке аз аввалин рақамҳои маъруфи баҳор 18-уми март маҳсуб меёбад, ки рамзи ҷашни баҳорро ифода мекунад.
Хулоса, аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки қариб ҳамаи кишварҳои Аврупо ҷашнҳои баҳории худро доранд, ки бештари онҳо ба ҷашни Наврӯзи кишвари мо шабоҳат доранд. Анъанаҳо монанд ҳастанд. Аз кабудизоркунӣ шуруъ гардида, то обдиҳӣ ва аз болои оташ ҷаҳидан ҷанбаҳои фарҳангие ҳастанд, ки дар кишвари мо низ ба таври густурда дар фасли баҳор анҷом дода мешаванд.
Дар арафаи ҷашнҳои баҳорӣ дар ҳамаи кишварҳои Аврупо устодон, олимон, шоирон, табибон, ҳофизон, мусиқинавозон ва ҳунармандон арҷгузорӣ карда мешаванд.
Дар кишварҳои Скандинавия 25-уми март “Рӯзи бонувони соҳибилм” қайд карда мешавад. Дар робита ба ин, хуб мешуд, ки бо назардоште, ки 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи модар” ҷашн гирифта мешавад, 9-уми март “Рӯзи бонувони соҳибилм” қайд карда шавад. Зеро бонувони донишманд дар ҳамаи самтҳои ҷомеа нақши шоистаи худро доранд.
Санавбарбону ВОҲИДОВА,
доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: