
Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабутари сабо мешунавам.
“Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад!”
Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам”.
Ғоиб Сафарзода
Бо парвози кабутарони сабову паёмрасони сулҳ ба машоми инсоният омад-омади фасли баҳор бо ҳамаи накҳаташ таровату ҳаловат мебахшад. Ҳамин тавр, онро чун “маликаи фаслҳо” ва “арӯси сол” пазируфта, бо омаданаш ҷашнҳо баргузор мекунанд. Табиатан, бо фаро расидани баҳор аҳримани кина фирор карда, фариштаи сулҳу оштӣ бол мекушояд ва ба қавли Ҳофизи бузург:
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигар бора ҷавон хоҳад шуд
Баҳор фаслест, ки бо нахустин қадамҳои худ ба табиату тамоми мавҷудоти олам ҳусну тароват бахшида, ба инсоният хушҳолӣ, хурсандӣ ва хушбахтӣ фароҳам оварда, бо гулҳои рангорангу шукуфони худ ба дилу дидаҳо паёми озодиву оромиву ободӣ меоварад.
Файласуфи машҳури Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ омадани фасли баҳорро манбаи файзу баракат, эҳёи ишқу муҳаббат ва эҳтиром бо табиат дониста, дар яке аз шеърҳояш онро чунин васф мекунад:
Биё, соқӣ навои мурғи зор аз шохсор омад,
Баҳор омад, нигор омад, нигор омад, қарор омад.
Кашид абри баҳорӣ хайма андар водиюу саҳро,
Садои обшорон аз фарози кӯҳсор омад.
Ҳамин тавр, бо омадани ин фасли файзбахшу фараҳбахш аввали соли нави хуршедӣ оғоз шуда, ҷашни Наврӯз ба истиқболи он барпо мешавад.
Таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ, аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Ат-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони тоҷику форс маълумоти фаровон оварда шудааст.
Мутобиқи баррасиҳои ситорашиносон, бо вуруди Наврӯз офтоб ба бурҷи ҳамал ворид шуда, соли нав фаро мерасад, ки бо фарорасии он шабу рӯз баробар шуда, кишту кори баҳорӣ оғоз меёбад.
Донишманд ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ низ дар асарҳояшон роҷеъ ба Наврӯз ишораҳои хуб карда, қайд намудаанд, ки Наврӯз дар сари соли шамсӣ ё дар аввали ҳамал оғоз шуда, аз ҷашнҳои қадимии мардумон маҳсуб мешавад. Ба андешаи устод Айнӣ, халқи тоҷик як ҳафта ҷашн гирифта, вуруди онро дар аввали ҳамал “чун ҳама чиз дар амал” пиндори нек медонад.
Дар ҳақиқат, фасли баҳор ва вуруди Наврӯз бо пошидани тухмии киштҳои ғалладона ва шинонидани дарахту ниҳолҳои рангоранг тавъам омада, омили фаровонӣ шуда, сабаби бақои ҳаёт мегардад.
Бо ишораҳои устод Айнӣ, айёми Наврӯз деҳқонону кишоварзон ба майдонҳо ҷамъ шуда, гӯштигирӣ ва дигар ҳаракатҳои баданӣ карда, тани аз сармои зимистон афсурдаи худро қуввати нав бахшида, ба сайру гашти умумӣ мебароянд ва ба кишту кор оғоз мекунанд. Устод мефармоянд:
Зимистон гузашта, шуда навбаҳор,
Фалак беғубору замин сабзазор.
Зи бас ҷашни фирӯзу наврӯз буд,
Ҳама чиз гӯё, ки фирӯз бод.
Зикр кардан бамаврид аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ, бахусус Покистон фарҳангу забону адаби қадимаи муштарак дошта, аз гузашта то ба имрӯз миёни ҳам робитаҳои нек доранд.
Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Миёни давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ кишвари Покистон бо минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон пайванди наздики ҷуғрофӣ дорад.
Аввалин маротиба соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе ифтитоҳ гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба Покистон сафар намуда, то ба имрӯз барои иштирок дар нишасту ҷаласаҳо пайваста аз ин давлат дидан мекунанд.
Дар доираи он кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон аз даврони аввали истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор намуда, бо доштани пайвандҳои муштараки адабу фарҳанг, забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ дорад.
Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди гуфтугӯҳои ҳайатҳои тоҷикию покистонӣ таъкид намуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо Покистон дар чаҳорчӯбаи робитаҳои дутарафа ва бисёртарафа ҳамчун омили сулҳ ва оромӣ дар минтақа назар мекунад”.
Байни Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёде вуҷуд доранд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Бояд қайд кард, ки 30-юми сентябри соли 2009 Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО Наврӯзро ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ба Феҳристи мероси ҷаҳонии худ шомил кард ва 23-юми феврали соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз пазируфт.
Миёни мардумони Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёди фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо таҷлили ҷашну маросими наврӯзӣ мебошад. Ҳар ду кишвар шомили ҳавзаи фарҳангии Наврӯз мебошанд, ки яке аз марказу манбаи асосии ҳамгироии тамаддунҳо маҳсуб меёбад.
Кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ падидаи фарҳангии муштарак ва таърихи чандинҳазорсола дошта, бо ташаббуси Тоҷикистон чун ватани Наврӯз эҳё гардида, дар соли 2010 миёни кишварҳои ҷаҳон расман эътироф шуд.
Ба ҳавзаи фарҳангии наврӯзӣ кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва Ироқ шомиланд, ки Наврӯзро ҳамчун як ҷашни қадимаи аҷдодӣ, эҳёву таҷдиди табиат, некандешиву некукорӣ, ҳамбастагӣ ва сулҳу дӯстӣ пазируфта, таҷлил мекунанд.
Ҳамгироии фарҳангии мардумони ҳавза бо доштани таърихи қадима шомили Эрону Хуросону Шибҳи Қора ва Мовароуннаҳру Қавқоз мебошад, ки Мавлоно 800 сол қабл роҷеъ ба он “Мо барои васл кардан омадем” ишора карда буд.
Давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ дар гузаштаи начандон дур ба сони дӯстони фарҳангӣ ва хонаводагӣ дар фарозу фуруди таърих бо ҳам буда, дар ранҷу шодиҳо шарики ҳам буданд.
Ҳамин тавр, соли 2016 бо қарори созмони ЮНЕСКО Покистон низ ба рӯйхати кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ шомил гардид, ки миёни сокинонаш бештар ба номи “Новроз” ва ё “Ҷашни баҳорон” шинохта шудааст.
Дар доираи он дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар аввалин маротиба 5-уми апрели соли 2018 ҷашни байналмилалии Наврӯз расман таҷлил гардид.
Мавриди зикр аст, ки тибқи баррасиҳо, мардуми Покистон, бахусус, вилоятҳои Панҷобу Балуҷистону Суба Сарҳад бештар онро ҷашн гирифта, ба мисли тоҷикон шабу рӯзҳои наврӯзӣ дар хонаҳои худ маҳфили наъту ғазалсароӣ баргузор намуда, барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани он сарояндагонро даъват мекунанд.
Сокинони шаҳри Кветтаи Покистон онро ботантана ҷашн гирифта, ҳунару маҳорати худро нишон дода, кулчаҳои махсус ва шириниҳои хос, ба монанди "Рас малоӣ", "Суҳон ҳалво" ва "Барфӣ" пухта, якдигарро табрику муборакбод менамоянд.
Дар манотиқи шимолии кишвар, аз ҷумла Своту Балтистон, Хунҷуробу Гилгит ва Ҳунзаву Болокуту Читрол, ки дар наздикии сарҳади Тоҷикистон қарор доранд, Наврӯзро низ ҷашн гирифта, сокинон аз омадани фасли баҳор хурсандиҳо барпо мекунанд.
Дар минтақаи Читроли Покистон, ки дар наздикии долони Вахон ва қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ҷойгир аст, сокинон фестивалу ҷашнҳо, бахусус “Чиллум Ҷошӣ” баргузор мекунанд, ки ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷии зиёд аз Шоҳи Қалъа, Водии Калаш ва Боғи Читрол дидан мекунанд.
Бештари мардуми вилояти Панҷоб, бахусус аҳолии шаҳри Лоҳур, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, фарорасии баҳору Наврӯзро бо барпо намудани фестивали "Ҷашни баҳорон" бо як шавқу завқи хос истиқбол мегиранд.
Сокинони ин шаҳр бо омадани баҳор ҷашнеро бо номи "Рӯзи басант" ё "Ҷашнвораи парвози бодбодакҳо" доир карда, бо таҳияи ғизои гуногун хушиву хурсандиҳо барпо карда, ба якдигар тухмҳои рангин низ ҳадя мекунанд. Илова аз он, боздид аз хонаводаҳои якдигар ва тамошои чавгонбозӣ яке аз расму русуми мардуми ин ҷо мебошад. Ҳамин тариқ, дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ маҳфили шеъру суруд ва наъту ғазалсароӣ баргузор карда, барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани он овозхонони машҳурро даъват мекунанд.
Дар ниҳоят, бояд баён дошт, ки ба андешаи Бежан Арзонии Бирконӣ, ҷавҳару ҳадафи асосии Наврӯз сулҳ ва оштӣ миёни миллатҳо буда, дар зоти худ се асл ва коркарди муҳим дорад ва он шодмонӣ, ободонӣ ва озодӣ аст, ки доимо бо ҷиноят, палидӣ ва вайронгарӣ дар ситез ва мубориза ҳастанд.
Хулосаи калом, кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ бо истифода аз мактаби сулҳу созандагӣ зери формулаи PEACE (СУЛҲ)-и Тоҷикистон бояд робитаҳоро баҳри таҳкими сулҳу суботи пойдор идома дода, бо тарғибу ташвиқи фарҳангӣ, рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии форумҳои лоиҳавӣ, барномаҳои муассири пазируфташуда, ҳамкориву фаъолияти муштараки худро рушд дода, минтақа ва ҷаҳонро ба самти фардои неку дурахшон ҳидоят намуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.
Боварӣ дорем, ки ворисони кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ ва аҳли донишу қалами онҳо огоҳона баҳри ҳамдилӣ ва ҳамгироӣ қаламу қадам гузошта, ба қавли Ҳофиз “дарахти сулҳу дӯстӣ” мекоранд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Наврӯз бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор таҷлил гардида, пайванднамои дипломатияи фарҳангӣ миёни кишварҳои ҷаҳон ва ҳавзаи наврӯзӣ, бахусус Тоҷикистону Покистон боқӣ хоҳад монд.
Бо вуруди он сокинони сайёра зебоиҳои муҳити оламро бештару беҳтар қадрдонӣ намуда, бо дили софу меҳри инсонӣ зиндагӣ карда, барои равнақу шукуфоии он пайваста барномаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор мекунанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ