Русия аз сохтани усули ташхиси дақиқи вируси корона хабар дод1-04-2020, 13:04
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Донишкадаи марказии илмиву пажуҳишии эпидемиологии Русия дастгоҳ ё василаи ташхиси дақиқи вируси коронаро сохт.
Ин ташхис аз санҷиш гузашта, барои истифода дар ҳудуди Русия сабт шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Роспотребнадзор хабар дод. Усули ташхиси нав номи "АмплиСенс Cov-Bat-FL"-ро гирифтааст. Бино ба иттилои ситоди фаврии назорати вазъи вируси корона, дар 71 минтақаи Русия то санаи 30 март 1836 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус сабт шудааст. 11 кас дар он кишвар аз вируси корона фавтидааст. Бештари гирифторон ба шаҳри Москва рост меояд. Дар ин шаҳр 1200 ҳолати гирифторӣ ва 7 ҳолати марг сабт шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.