Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мақомоти молии ИМА ба далели хуруҷи вируси корона фоизи қарзҳои бонкиро қариб ба сифр баробар карданд

Мақомоти молии ИМА ба далели хуруҷи вируси корона фоизи қарзҳои бонкиро қариб ба сифр баробар карданд

17-03-2020, 09:15
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти молии ИМА ба далели хуруҷи вируси корона фоизи қарзҳои бонкиро қариб ба сифр баробар кардандНизоми захираи федеролии ИМА сатҳи қарзҳои асосиро ба 0 - 0,25% расониданд. Ба ин тартиб, мақомоти амрикоӣ мехоҳанд, зарареро коҳиш диҳанд, ки иқтисоди ИМА аз вируси корона хоҳад дид.

Пойин овардани сатҳи қарзҳо то 0% маънои фаро расидани қарзҳои камфоизро дорад. Дар чунин шароит бонкҳо барои рушди тиҷорат ва бозсармоягузории қарзҳои мавҷуд имкон пайдо мекунанд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, фоизҳо дар чунин сатҳ то замоне боқӣ хоҳанд монд, ки ба гуфтаи мақомоти молии ИМА, "иқтисоди он кишвар аз ҳаводиси кунунӣ берун ояд".

Ин тадбир имкон медиҳад, ки захираи коғазҳои қиматбаҳои Бонки марказии ИМА 700 миллиард доллар афзоиш ёбад. Тасмими ахир чунин маъно дорад, ки давлат саҳмияҳои аз қимат уфтодаро аз сармоягузорон харидорӣ мекунад ва ба ин тартиб, иҷозат намедиҳад, ки саҳмияҳо беқурб шаванд.

Дар саросари дунё бештар аз 162 ҳазор кас мубталои вируси корона шуда, 6446 тани дигар фавтидааст. Ҳамчунин 75,5 ҳазор шифо ёфтааст. Дар бештари кишварҳо муассисаҳои таълимиву истеҳсолӣ ё баста шудаанд ё фаъолияташон маҳдуд шудааст. Аммо ширкатҳо маҷбуранд, ки маоши кормандонро пардозанд ва дигар пардохтҳоро анҷом диҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: