Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ-ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТИЮ ХЕШТАНШИНОСӢ

ҲХДТ-ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТИЮ ХЕШТАНШИНОСӢ

Сегодня, 10:30
Хабарро хонданд: 13 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ-ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТИЮ ХЕШТАНШИНОСӢ
Ақида ва азму мароми сиёсӣ, ки омили созмон ёфтани як иттиҳоди неруҳои фаъоли ҷомеа ва ба арсаи сиёсат ворид гардидани ин неруи ояндасоз мегардад, танҳо дар он ҳолат муваффақият пайдо карда, мақоми пешбарии ҷомеаро сазовор мегардад, ки идеяҳои пешбаранда ва ҳадафҳои аслии он ифодагари орзуву ормонҳои аксарияти мардуми он кишвар бошад.
Агар ба таърихи эҳёи андешаҳои миллату давлатсозӣ ва баъдан, ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар андӯзем, поягузори ин ҳизби даврони истиқлоли Тоҷикистон наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар мушкилу монеаҳои он замон бо азму мароми ватандӯстона пайравону ҷонибдорони хешро таҳти шиори сулҳу ваҳдатофарӣ ва ояндаи Тоҷикистони азизамон сарҷамъ намуданд.
Хиради азалӣ ва фидокориҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили иттиҳоду ҳамовозӣ ва ҳидояти мардум дар масири бунёдгузории давлати тозаистиқлол гардид.
Чуноне ки ҳамагон огоҳӣ дорем, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд.
Гарчанде ки дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бинобар иштибоҳу дасисабозиҳо Тоҷикистон ба гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандӣ печида, беш аз як миллион нафар ҳамдиёронамон иҷборан ба дигар кишварҳо фирор намуда буданд, аммо, хушбахтона, бо зуҳури меъмори Истиқлол, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллати мо аз нестӣ наҷот ёфт.
Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ коршиносону сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ масири тайнамудаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба асрҳо баробар арзёбӣ менамоянд. Чуноне ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ин маврид иброз доштанд: “Дар ин давра дар тафаккури халқи тоҷик дигаргуниҳои дар ҳақиқат инқилобие ба вуҷуд омаданд, ки ба давраҳои таърихии сипаришуда муқоисанашаванда мебошад”.
Дарвоқеъ, корномаи фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи сулҳу ваҳдатофарӣ ва бунёдгузории давлати тозаистиқлоламон беназир аст ва бо гузашти даҳсолаву асрҳои оянда ин миллати тамаддунофар ба дарки моҳияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат бештар хоҳанд расид ва ба хизматҳои таърихсози наҷотбахши миллату давлати хеш бештар арҷ хоҳанд гузошт.
Ин далели таърихӣ ҳам дар саҳифаҳои даврони соҳибистиқлолӣ сабт хоҳад гардид, ки чӣ гуна дар он лаҳзаҳои тақдирсоз, яъне 26-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат карда шуд, ки ҷидду ҷаҳди худро баҳри фаврӣ қатъ кардан ва аз рӯзгори ҷомеа дур кардани ҷанги бародаркушӣ муттаҳид намоянд.
Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, изҳори умед карда буд, ки Муроҷиатномаи мазкурро аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату иттиҳодияҳо, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри тантанаи ақли солим ва адлу инсоф ба хотири дар қаламрави Тоҷикистон пойдор шудани сулҳу муросо дастгирӣ хоҳанд кард.
Бо гузашти солҳо ва тадриҷан ба эътидол омадани вазъи ҷомеа ҳизбҳои нави сиёсӣ ба вуҷуд омадан ва дар ҳамон марҳилаи муҳимми таҳкими ғояи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши меҳварӣ бозид.
Мавриди зикр аст, ки ин неруи ояндасози Тоҷикистон дар оғоз бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон амал мекард. Тавре нахустин ҳамсафони Сарвари ҷавони кишварамон дар ёддоштҳояшон дарҷ намудаанд, идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат буд, маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буданд.
Ҳамин тавр, 10-уми декабри соли 1994 ҷаласаи Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Анҷумани ин неруи сиёсӣ таъкид намуда буданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоидоштаи давлати мо сарчашма гирад. Яъне, ҳизби навтаъсис мо бояд, пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.
Маҳз дар ин марҳилаи муҳимми таърихӣ 9-уми марти соли 1996 бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони 30 ҳизби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон”-ро имзо карда буданд.
Ин ҳуҷҷати дорои моҳияти таърихӣ дар ҳаёти сиёсии кишварамон нақши ниҳоят муҳиммеро бозид. Чунки маҳз бо шарофати ин андешаи миллату давлатсозӣ бори аввал дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, новобаста аз ақида ва мавқеъҳои сиёсии мухталиф, ба хотири ба даст овардани муттаҳидию ягонагии сиёсию миллии халқи тоҷик ва миллатҳои дигари сокини ҷумҳурӣ муросо намуданд.
Дарвоқеъ, дар он солҳо роҳбарону сиёсатмадорони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон” баҳои баланд дода, онро ҳамчун як иқдоми ҷиддӣ дар роҳи ба даст овардани сулҳу оромии Тоҷикистон ҳисобиданд.
Баъдан, дар арафаи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 25-уми июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон баргузор шуд ва бо таклифи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Тоҷикистон номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро гирифт.
Сипас, бо гузашти як соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, яъне баъд аз Анҷумани IV, ки 18-уми апрели соли 1998 баргузор гардид, Президенти маҳбуби кишварамон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини қадамҳои устувор гузоштан дар арсаи сиёсат бо роҳбариву барномаҳои дурнигаронаи Президенти кишварамон миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфуз пайдо намуд.
Тӯли фаъолияти бомароми ҳизб дар масири сиёсат, бахусус дар ҳар давраи баргузории интихоботи президентӣ ва парлумонӣ бо татбиқи барномаҳои ҷадиди созандагиву миллату ватансозӣ миёни мардум маҳбубияти бештару бештар пайдо кард. Зеро ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб аз орзуву ормонҳои халқ сарчашма мегирад, ки бо шарофати он бо мурури солҳо мардум ба зиндагии шоиста, амалисозии ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва татбиқи дурнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардида истодаанд.
Дар ин давра Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шиори “Пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду ободии Ватан” ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид.
Чуноне ки дар ин маврид Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Мақсади стратегии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфи назар аз мансубияти миллӣ, баромади иҷтимоӣ, дину мазҳаб, тамоюлҳо ва одоти фарҳангӣ, ҷонибдори муттаҳид намудани ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи ҳалли масъалаҳои мушаххас ва таърихан ҳалшавандаи умумимиллӣ, пойдор намудани тараққиёти аз ҷиҳати сиёсӣ соҳибихтиёри иқтисодӣ, якпорчагии мамлакат ва давлати ҳуқуқбунёди аз ҷиҳати ахлоқӣ устувор мебошад, ки он ҷузъи таркибии сохтори ҳозиразамони хоҷагидории умумиҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ буда, тавонад бо ҳамаи мамлакатҳои хориҷии ҳам Шарқу ҳам Ғарб дар фазои мусолимат вуҷуд дошта бошад”.
Мақсад, вазифаҳо ва сиёсати асосии фаъолияти ҳизб дар Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври зайл дарҷ гардидааст: “Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, расму ойин ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатгароӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризмро қатъиян маҳкум намуда, таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносию худохоҳӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ мешуморад”.
Дарвоқеъ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нақши меҳварӣ дошта, омили рушду пешрафти Тоҷикистон ва ҳам ташаккулу эътибори шахсияти Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешво ва роҳнамои миллат арзёбӣ мегардад.
Самараи фаъолияти таърихсозу пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва саъю талоши ватандӯстонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ки халқ дар симои Президенти кишвар ҳомии Истиқлол ва поягузори давлатдории навин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари арзишҳои миллату давлатдорӣ ва ҳидоятгари миллатро дар роҳи амалисозии орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллиро мебинад.

Наврӯз ҲУСЕЙНЗОДА,
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон


























Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: