Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сокинони Тошкандро барои нақзи карантин беш аз 1 млн сӯм ҷарима карданд

Сокинони Тошкандро барои нақзи карантин беш аз 1 млн сӯм ҷарима карданд

30-03-2020, 09:29
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони Тошкандро барои нақзи карантин беш аз 1 млн сӯм ҷарима кардандСокинони шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 27 март сарфи назар аз эъломи карантин кушиш карданд, ки дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи зисти ноҳияи Чилонзор тӯй баргузор кунанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, як қисми иштирокчиёни тӯй ниқоби тиббӣ надоштанд.

Баъди муроҷиати сокинони бино ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҳозир шуда, баргузории тӯйро манъ карда, бо иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Нақзкунандагони карантин ба маблағи беш аз 1 миллион сӯм (100 доллар) ҷарима карда шуданд.

Дар Ӯзбекистон ба иллати коронавирус аз 16 март карантин эълом шудааст. Ҳамчунин аз 27 март сокинони ин кишвар вазифадор шудаанд, ки бидуни зарурат ба берун набароянд. Онҳо танҳо ба хотири хариди дору ва ғизо ҳаққи берун рафтанро доранд.

Дар ин кишвар то рӯзи 30 март шумори мубталоён ба коронавирус ба 144 нафар расидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: