Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муборизаи ҷаҳон бо «каронавирус», Русия марзбандӣ кард

Муборизаи ҷаҳон бо «каронавирус», Русия марзбандӣ кард

17-03-2020, 14:04
Хабарро хонданд: 36 нафар
Назарҳо: 0
Муборизаи ҷаҳон бо «каронавирус»,  Русия марзбандӣ кард
Ҳукумати Русия эълон кардааст, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз 18-уми март то 1-уми майи соли равон рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро ба қаламраваш манъ мекунад. Аммо қарор ба дипломатҳо, ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, ҳайатҳои расмӣ, соҳибони санади иқомати доимӣ дар Русия ва ҳамчунин мусофироне, ки Русияро ба ҳайси масири транзитӣ интихоб кардаанд, дахл надорад.
Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) маҳдудияти ворид шудан ба ин ду кишвар ҷорӣ гардид.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин нињод тавсия медиҳад шаҳрвандони мамлакат аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ ҳоло худдорӣ намоянд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар Қазоқистон 9 ва дар Узбекистон 8 њолати гирифтор шудани сокинон ба коронавирус тасдиқ шудааст.
Дар робита ба бемории сироятии коронавирус ҳамаи донишҷӯёни мактабҳои олӣ, мактаббачагон ва хонандагони муассисаҳову ташкилоти томактабии Ӯзбекистон аз 16 март ба таътил равон карда мешаванд.
Дар ин бора сарвазири Ӯзбекистон зимни баргузории як нишаст иттилоъ додааст.
Хотиррасон мешавем, ки рӯзи якшанбе, 15 март, соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ дар Институти вирусологӣ аз як нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Франсия ба ватан баргаштааст, нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Шумораи аввалин кишварҳои сироятшуда қариб ба вируси нав ба 130 адад наздик шудааст, ин дар ҳолест, ки дар Чин хурӯҷи он коҳиш меёбад.
Шабонарӯзи гузашта ба рӯйхати кишварҳои сироятшуда чор давлати африқоӣ – Намибия, Ҷумҳурии Конго, Руанда ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ шомил гардиданд.
Дар умум, тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, субҳи 15 март дар ҷаҳон зиёда аз 142,6 ҳазор нафар сироят ёфта, 5393 нафар фавтидаанд.
Дар Чин мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии тандурустӣ, тӯли як шабонарӯз 20 нафар сироят шуда, 1370 нафар аз беморхона рухсат шудаанд. Вале шумораи фавт то 10 нафар афзуда, дар маҷмӯъ, 80844 нафар бемор шуда, 66911 бемор сиҳат шуданд ва 3199 нафар дучори марг шуданд. Аксари беморӣ ва фавт ба Ухани Чин рост меояд.
Дар Аврупо паҳншавии коронавирус ҳоло идома дорад: дар Испания дар як шабонарӯз беморӣ аз 1,5 ҳазор то ба 5,7 ҳазор расидааст, шумораи фавт инҷо қариб ба 200 нафар мерасад. Ҳукуматдорон ҳаракати одамонро дар саросари кишвар маҳдуд намудаанд. Италия дар Аврупо ба маркази хурӯҷи коронавирус табдил ёфтааст, инҷо 1441 нафар ҳалок гашта, шумораи мубталоён ба 17 750 нафар расидааст.
Тибқи иттилои CNN, дар Америка шумораи сироят ба 2795 расида, 57 нафар дучори марг шудаанд.
Коронавирус охири соли гузашта дар Чин кашф шуд Муњаќиќон бар он назар њастанд, ки коронавирус натанҳо боис ба талафоти ҷонӣ шудааст, балки ба иқтисоди кишварҳо низ зарбаи сахте задааст.
Хушбахтона, то кунун сирояти коронавирус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале новобаста ба ин, чораҳои амалӣ ҷиҳати пешгирии вуруди сирояти мазкур ба мамлакати мо пурзӯр карда мешаванд.


Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: