Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Москва роҷеъ ба коронавирус ҳолати омодабош эълом шуд

Дар Москва роҷеъ ба коронавирус ҳолати омодабош эълом шуд

6-03-2020, 09:47
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Дар Москва роҷеъ ба коронавирус ҳолати омодабош эълом шуд
Шаҳрдори Москва Сергей Собянин бо имзои як фармон дар робита ба таҳдиди паҳни коронавирус ҳолати омодагии баланд эълом кард. Собянин талаб кардааст, онҳое, ки аз Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Итолиё, Эрон, Испониё, Олмон ва Фаронса меоянд, ду ҳафта дар карантин нигаҳдорӣ шаванд.

Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои дорои ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус қарор доштанд, бояд аз баргашти худ ба Русия мақомотро огаҳ кунанд.

Шаҳрдори Москва гуфтааст, дар ҳоли ҳозир вазъ дар пойтахти Русия ором аст ва мақомот барои манъи чорабиниҳои оммавӣ заруратеро намебинанд.

Собянин дастур додааст, ки дар асоси беморхонаи рақами яки касалиҳои сироятии Москва барои мубталоён ба коронавирус бемористони махсус ташкил карда шавад. Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки маҳалли ошкоршавии коронавирус аст, маҳз ҳамингуна беморхона бунёд карда буданд.

Расонаҳо пештар хабар доданд, ки шаҳрдории Москва барои мубориза зидди коронавирус чанд нақшаеро таҳия кардааст. Аз ҷумла, эҳтимол дорад, кори нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ, даромаду баромад аз шаҳр манъ, ҳолати изтирорӣ эълом ва кӯчаҳо назорат шаванд.

Нахустин ҳолати гирифтории сокини пойтахти Русия ба коронавирус 2 март сабт шуд. Дар ҳоли ҳозир дар саросари ҷаҳон 97 ҳазор одам ба ин вирус мубтало шуда, беш аз 3300 кас ҷон додаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: