Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Равуо дар саросари Итолиё ба хотири коронавирус маҳдуд шуд

Равуо дар саросари Итолиё ба хотири коронавирус маҳдуд шуд

10-03-2020, 09:42
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Равуо дар саросари Итолиё ба хотири коронавирус маҳдуд шуд
Сарвазири Итолиё Ҷузеппе Конте гуфт, ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус дар саросари ин кишвар чораҳои маҳдудкунанда эълом карда мешавад. Аз ҷумла, равуо дар дохили Итолиё низ манъ хоҳад шуд.

"Минтақаҳои ба истилоҳ, "сурх" нахоҳад буд. Сар аз рӯзи сешанбе тамоми Итолиё минтақаи муҳофизатшуда эълом карда мешавад", - изҳор дошт Конте дар суҳбат бо хабарнигорон.

Дар Итолиё шумори мубталоён ба коронавирус дар давоми як рӯзи ахир - 9 март 1807 нафар афзоиш ёфтааст. Ҷамъан дар ин кишвар 9172 ҳолати гирифторшавӣ ба вирусӣ нав ба қайд гирифта шудааст, ки 463-тои онҳо марговар мебошанд.

Дар саросари ҷаҳон то шоми 9 март 114 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шуда, аз ин миён 4004 кас ҷон бохта, 62 834 нафари дигар шифо ёфтаанд. Дирӯз, 9 март дар ҷаҳон 199 кас (97 нафар танҳо дар Итолиё) аз вируси мазкур ба ҳалокат расидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: