Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ТОҶВИРУС» ҶАҲОН ДАР ТАШВИШ

«ТОҶВИРУС» ҶАҲОН ДАР ТАШВИШ

29-01-2020, 12:45
Хабарро хонданд: 684 нафар
Назарҳо: 0
«ТОҶВИРУС» ҶАҲОН ДАР ТАШВИШ
Дар ҳоле ки аз кашфи вируси нави маргбори «тоҷвирус» (коронавирус) дар музофоти Хубэйи ҶХХ беш аз даҳ рӯз гузашт, дар мавриди босуръат паҳн шудани он дар шаҳри Ухан ва баъзе аз кишварҳои дигархабарҳо мерасанд.
Тибқи тозатарин иттилои сомонаи чинии «South China Morning Post» сухангӯи раиси шаҳр Чжоу Сианван гуфтааст, тақрибан 5 миллион сокинони Ухани Чин, ки маркази паҳншавии коронавирус аст, пеш аз он ки мақомот рафтуомадро манъ кунанд, ин шаҳрро тарк кардаанд.
Ин мақоми ҳукумати шаҳр шарҳ додааст, ки як сабаби аз Ухан берун рафтани сокинон тарси коронавирус бошад, сабаби дигар,таътили Соли нав аст, ки дар Чин аз 25 январ оѓоз ёфт. Чиниҳо одатан таътилоти солинавии худро дар маҳали дигар ва ё хориҷ аз кишвар мегузаронанд.
Бо вуҷуди ин, тавре гуфта мешавад, ҳоло дар шаҳр тақрибан 9 миллион нафар боқӣ мондаанд. Аз ин шумора, акнун 2,7 ҳазор одам таҳти назорати табибон қарор доранд ва мақомот интизори тасдиқи тақрибан 1000 ҳолати сироятро интизоранд.
Бино ба хабарҳо, дар маҷмӯъ, якшанбе, 26 январ, дар ин шаҳр 533 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Аввалин нишонаи мубтало шудан ба пневмония дар Ухан декабри соли гузашта ё тақрибан беш аз як моҳ пеш ба қайд гирифта шуда буд. Баъдтар маълум шуд, ки сабаби ин беморӣ намуди нави вирус мебошад, ки онро «тоҷвирус» (коронавирус) номиданд.
Теъдоди қурбониёни ин навъи пневмония қариб ба 100 нафар расида,шумори мубталоёнба3ҳазор нафар мерасад. Табибон гуфтаанд, ки гирифторони вирус асосан одамони 40-60-сола ҳастанд.

«Баҳсҳои беҳударо як тараф монед»

Сафорати Тоҷикистон дар Пекин бо нашри паёме аз донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чин хост, ки баҳсҳои беҳударо канор гузоранд ва талаботи мақомоти чинӣ дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ дар робита ба паҳн шудани тоҷвирус(коронавирус)-ро бечунучаро иҷро кунанд.
Дар ин муроҷиатнома омадааст: «Ҳукумати кишвари абарқудрати Чин вазъиятро ба пуррагӣ таҳти назорат дошта, роҳҳои дурусти ҳалли масъаларо дида истодааст. Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубэй ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард».
Ин муроҷиат пас аз он сурат гирифт, ки чанде аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Ухан тавассути расонаҳои хабарӣ изҳори ташвиш карданд, ки эълони карантин дар ин шаҳр ва то 3 маротиба боло рафтани нархҳо онҳоро дар як вазъи душвор қарор додааст ва дар ин шароит намедонанд, чӣ кор кунанд ва ба куҷо бираванд. Сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин,ҳамчунин, хост, ки дар ҳолатҳои фавқулода бояд фавран ба мақомоти маҳаллӣ ва мустақиман ба масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Чин муроҷиат намоянд.
Дар ҳамин ҳол, тавре аз нақли худи шаҳрвандони тоҷик бармеояд, вазъият чуноне ки ВАО хабар медиҳанд, чандон даҳшатнок нест ва зиндагӣ давом дорад.
Мубориз Неъматиён, як унвонҷӯи тоҷик 26 январ гуфтааст, ки маъмурияти донишгоҳ аз онҳо хост, бе зарурат ба берун набароянд ва агар аз бинои хобгоҳ хориҷ шуданд, даҳонбанд (маска)-и тиббӣ бигиранд.
Бино ба нақли ӯ: «Ҳоло дар назди аксар биноҳо, аз ҷумла хобгоҳи онҳо ҳарорати бадани одамонро месанҷанд. Дар сурати кашф шудани ягон нишонаи вирус зуд шахсро бистарӣ мекунанд».
Ба гуфтаи ӯ, шумораи донишҷӯёни тоҷик дар Ухан хеле зиёд буда, танҳо дар Донишгоҳи геологии Чин дар ин шаҳр 17 нафар таҳсил доранд.
Аммо тибқи маълумоте, ки сафорат 27 январ нашр намуд, айни замон 48 нафар шаҳрвандони мо дар музофоти Хубэй қарор доранд. Ҳамаи онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии ин музофот буда, бо сафорат дар тамос шудаанд ва ё дипломатҳои тоҷик тавассути WeChat бо онҳо алоқа барқарор намудаанд.
Чанде азтаҳлилгаронизҳор доштаанд, ки бинобар оѓози таътилоти солинавӣ гаштугузори мардум дар хиёбону кӯчаҳои шаҳрҳои Чин, аз ҷумла дар Ухан ҳам кам шуда, ки ин метавонад барои пешгирӣ азпаҳн шудани вирус мусоидат кунад. Зеро аксаримаѓозаву идораҳо бе ин ҳам то ду ҳафта таътиланд. Ягона иқдоме, ки сокинонро бештар нигарон мекунад, манъи даромаду баромади одамон ба шаҳр аст.
Аммо тавре аз паёми масъулони сафорат мехонем, барои донишҷӯён гуфта шудааст, «Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубэй ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳалхоҳад кард».
Ба гуфтаи шоҳидон, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вирус, дар шаҳр аз соати 5-и бегоҳ то 9-и шаб вақти комендантӣ эълон шудааст. Мақомот дар ин соатҳо ба воситаи мошину ҳавопаймо ва чархбол ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дору мепошанд.
Меҳроҷ, донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи геологии Чин дар Ухан таҳсил мекунад, дар бораи ҳолати шаҳр мегӯяд, «Овозаи хуруҷи вирус ва беморӣ волидони онҳоро сахт нигарон кардааст, аммо дар ин ҷо вазъият ба гунае бад нест, ки тасвир мешавад. Бале, дар кӯчаҳо одам кам аст ва дари аксар идораву маѓозаҳо баста, аммо ин бештар ба хотири соли нави чинӣ аст».
Ба гуфтаи ӯ, аҳолии шаҳр11 миллион нафар аст, аммо танҳо 2 миллион нафари онҳо сокинони бумиянд.«ТОҶВИРУС» ҶАҲОН ДАР ТАШВИШ
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар пайи паҳн шудани ин вируси хавфнок дар Чин эълон намуд, ки то кунун касе бо чунин беморӣ дар кишвар сабт нашудааст. Бо вуҷуди ин, Вазорати тандурустӣ бо фиристодани номаи расмӣ аз Вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи рушди cайёҳӣ хост, дар сафари сайёҳон ва шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ба Чин маҳдудият ҷорӣ кунанд. Бар асоси иқдомоти махсус назорати афроди азин кишвар ба Тоҷикистон воридшаванда низ сахт шудааст.
Ҳамзамон парвози ҳавопаймоҳо дар масири Тоҷикистону Чин ва аз Чин ба Тоҷикистон ба таври муваққат қатъ гардидааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ чора мебинанд

Барои пешгирӣ аз вуруди ин хатар ба минтақа дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам иқдомоти мушаххасро мавриди иҷро қарор додаанд.
Аз ҷумла, ӯзбекистон дарбаробари иқдомоти пешгирона, эълон кард, ки 30 донишҷӯи ӯзбекро, ки дар шаҳри Ухан, маркази кашфи вируси нав дар Чин мондаанд, ба кишвар бармегардонад.
Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов ин матлабро 25январ дар нишасти навбатии пресс-клуби ин вазорат эълон кард. Комилов гуфт, «Ҳоли ҳозир вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва тандурустӣ дар ин замина кор мекунанд».
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар шаҳри Ухан тақрибан 250 шаҳрванди ин кишвар, асосан донишҷӯён, ба сар мебаранд. Бисёре аз донишҷӯён баъди адои даврае аз таҳсил барои таътили солинавӣ ба кишвар баргашта будаанд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев дар саҳифаи Твиттер навишт, ки ба ҳукумат дастур додааст, барои пешгирии паҳншавии вируси нав –«коронавирус» аз Чин ба ин кишвар тамоми чораҳоро биандешад.
Фаъолияти бахши қазоқистонии Маркази байналмилалии ҳамкориҳои назди марзии «Хоргос» муваққатан қатъ, назорат дар фурудгоҳ ва дар марз бо Чин сахттар шудааст. Ҷаласаи ҳукуматӣ, ки 26 январ ба раёсати сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин доир шуд, инчунин тасмим гирифт, «назорати санитарию эпидемиологӣ ва муҳоҷирон дар гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо сахттар шавад».
Қирғизистон, кишвари дигари минтақа, ки бо Хитой қариб 860 километр марзи муштарак дорад, низтадбирҳоеро барои пешгирӣ азвуруди ин вирус мавриди иҷро қарор додааст.
Илова бар ин, 38 нафар бемороне, ки табобат гирифта буданд, аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Дар 20 музофот 1965 ҳодиса бо гумони коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Ин вирус дар 30 минтақаи Чин паҳн гардидааст.
Бино ба гузоришҳо, то як рӯзи пеш берун аз қаламрави Чин панҷҳолати сироят дар Гонконг, ду ҳолат дар Макао, се ҳолат дар Тайван, чор ҳолат дар Таиланд, ду ҳолат дар Япония, ду ҳолат дар Кореяи Ҷанубӣ, ду ҳолат дар ИМА, се ҳолат дар Ветнам, се ҳолат дар Сингапур, як ҳолат дар Непал ва ду ҳолат дар Франсия, ҳамчунин, як ҳолат дар Австралия бақайд гирифта шудаанд.
31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония)-и номаълум дар шаҳри Ухан, воқеъ дар қисми марказии ин кишвар хабар дода буданд. Аммо коршиносон баъдтар ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV будааст.
С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: