Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИМРӮЗ-РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Докторанти риштаи ҳуқуқ Сиёвуш Наботов роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ҷараёни ташаккули ниҳоди президентӣ дар кишвари мо изҳори назар мекунад

ИМРӮЗ-РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Докторанти риштаи ҳуқуқ Сиёвуш Наботов роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ҷараёни ташаккули ниҳоди президентӣ дар кишвари мо изҳори назар мекунад

16-11-2018, 09:43
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
ИМРӮЗ-РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Докторанти риштаи ҳуқуқ Сиёвуш Наботов роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ҷараёни ташаккули ниҳоди президентӣ дар кишвари мо изҳори назар мекунад
Ноябрь 16, 2018 08:22

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар» /. Ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди нави конститутсионӣ ва сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад. Дар маводе, ки дар зер оварда мешавад, роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ҷараёни ташаккули ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан меравад.

Тавре маълум аст, истилоҳи “президент” ифодакунандаи сардори давлат дар бисёре аз мамлакатҳои дорои шакли идоракунии ҷумҳурӣ мебошад. Биноан, мафҳуми «пре­зидент», ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои конститутсионӣ-ҳуқуқии сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия истифода шудааст, ба шакли пайдоиши классикии ин ниҳод дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқ меояд, ки ба андешаи мо, ин шакли масъалагузорӣ қобили қабул мебошад.

Бояд гуфт, ки ниҳоди президентӣ 27 сол пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар марҳилаи ташаккул ва авҷи мукаммалшавӣ аст. Таҷрибаи 27- солаи таъсиси ин ниҳод, албатта чандон тӯлонӣ нест, вале новобаста аз ин таҷрибаи ташаккули ин ниҳоди давлатдорӣ мавзӯи доираҳои таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Муҳаққиқон бо бардошт аз таҳлили таҷрибаи пайдоиш ва зарурати таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон чанд омилро асос мешуморанд. Пеш аз ҳама, зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули оҷилии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ба андешаи мо зарурати объективии таъсиси мансаби Президент дар Тоҷикистон бо чунин омалҳо асос меёбад:

Дар низоми сиёсии ҷомеа тағйироти куллӣ ба миён омаданд, ки бо пош хӯрдани низоми фармоишӣ-маъмурӣ ва даст кашидан аз узвияти ҳизби коммунистӣ зич алоқаманд аст:
Пурқувват гаштан ва инкишоф ёфтани фаъолияти бевоситаи қонунгузорӣ ҳокимияти иҷроияро заиф гардонид, ки ин камбудиҳои ҷиддиро дар амалигардонии қарорҳои қабулшаванда ба миён овард. Мансаби Президент ва таъсиси мансаби мазкур ҷиҳати иҷрои қонунҳо ва дигар қарорҳои давлатӣ зарурати ҷиддӣ дошт;
Замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ принсипи роҳбарии якҷоя- коллективӣ таҳриф гардида, ба бемасъулиятӣ, камбудиҳо ва суиистифода аз мансаб роҳ дода мешуд, ки ба пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, таъсиси мансаби президентӣ ва ниҳоди президентӣ оварда расонид.
Бегумон, таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории чандинсолаи мамлакатҳои хориҷӣ, хусусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки таъсиси расмӣ ва ташаккули қонунӣ ёфтани ин мансаб ба замоне рост омад, ки халқи тоҷик дар ҳолати бесарусомонӣ ва ва вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Аз ин сабаб, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқдоми асосӣ дар роҳи таъсиси ин мансаб аз тарафи сиёсатмадорони ҳукумати онвақтаи Тоҷикистони Шӯравӣ гирифта шуд. Зеро пеш аз ин, масъалаи таъсиси ниҳоди президентӣ на як бору ду бор пайдо шудааст. Бори аввал ин масъала ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи дуюми Конститутсияи ИҶШС ва бори дуюм солҳои 60-уми асри гузашта пеш омада буд.

Дар адабиёт таъкид шудааст, ки руҷуъ ба таърихи навини давлатдорӣ ва ҳатто тамаддунҳои собиқ шаҳодати он аст, ки нақш ва нуфузи мансаби президентӣ дар ҳаёти халқу миллатҳои имрӯза аҳамияти бориз доштааст. Вале дар замони муосир, ки таҷрибаи ҳастӣ ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши Президент ба маротиб афзудааст.

Дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ чун яке аз намудҳои сарварии давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад ва маҳз ҳамин таҷрибаи бою ғанӣ сабаб шуд, ки дар аксари кишварҳо ин ниҳод таъсиси расмӣ ёбад.

Президент дар адабиёти илми ҳуқуқи конститутсионӣ аз ҷониби олимон сарвари давлат ва Ҳокимияти иҷроия тавсиф ёфтааст. Президент дар давлатҳои шакли идораи ҷумҳурии президентӣ сарвари давлат буда, аз тарафи халқ дар интихоботи умумӣ баргузида мешвад, масалан дар ИМА, Франсия, Россия, Тоҷикистон, Покистон, Қазоқистон ва ғ. Аслан дар давлатҳои шакли идораи ҷумҳурии парлумонӣ мансаби Президент бештар хислати рамзӣ дошта, дар парламент интихоб мегардад, масалан дар Австрия, Германия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо.

Таҷрибаи мамолики хориҷии дорои шакли идораи ҷумҳуриявӣ аз он дарак медиҳад, ки дар амалия шаклҳои гуногуни мавқеи президент дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас дар тамос бо ҳокимияти иҷроия созмон ёфтаанд: президент -сардори давлат (масалан, Германия); президент-сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия (масалан, ИМА); президент-сардори давлат ва роҳбари воқеии ҳукумати кишвар (масалан, Франсия). Дар ҳар се тарҳи номбурда президент чун сардори давлат тавсиф меёбад, вале фарқияти муайянкунанда дар нақши президент мавриди тамос бо ҳокимияти иҷроия зоҳир мегардад. Ба андешаи мутахассисон, шаклҳои маъмули ҳолати президентро ба ибораи дигар, шартан аввалро модели аврупоӣ, дуюмро – модели амрикоӣ ва сеюмро — модели франсузӣ номидан мумкин аст.

Раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум ба тамоюли бавуҷудоии ниҳоди конститутсиониву ҳуқуқии «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» замина гузошт.

Шурӯъ аз аввали солҳои 90-ум собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии худро қабул карданд. Дар Тоҷикистон низ Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, бо Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон», Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 қабул гардид. Тибқи ин санадҳо эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ заминаи сиёсиву ҳуқуқӣ гузошт.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» аз 29 ноябри соли 1990 ниҳоди президентӣ таъсис ёфт. Баъдан дар натиҷаи гирифторӣ ба буҳрони нави мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва пас аз даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи соли 1978 аз 27 ноябри соли 1992 дар Тоҷикистон, ҳокимияти президентӣ дар кишвар дубора бекор карда шуд ва ба ҷои он Шӯрои Вазирон созмон ёфт. Дар адабиёти тафсирӣ-ҳуқуқӣ дуруст зикр мегардад, ки барҳамдиҳии ин ниҳод ва ба ҷои он ташкил намудани идоракунии дастаҷамъии ҷумҳурӣ ба хотири ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар ин замина мутахассисони ватанӣ мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҳамчун падидаи нави конститутсионии сиёсию ҳуқуқӣ сифат додаанд, ки ӯ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад.

Ташаккули ниҳоди конститутсионӣ-ҳуқуқии «президент» дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора ва якзайл ба вуқӯъ напайваста, асосҳои ғоявии худро аз таҷрибаи ҷаҳонии ин ниҳод гирифтааст. Ба тамоили бавуҷудоии ниҳоди конститутсионӣ-ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум замина гузошт.

Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990» «Дар бораи таъсис додани Комиссияи омода намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки барои хеле фаъол шудани кори Комиссияи конститутсионӣ ва таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гардид. Бо қарори Шӯрои Олӣ ҳайати нави Комиссия бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Бо назардошти қарори ҷаласаи ХVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсия ба баррасии Комиссия ду лоиҳаи алтернативиро пешниҳод намуд. Ҳарду лоиҳа шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ, афзалияти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тақсими ҳокимият, шаклҳои гуногуни моликият, ниҳоди президентӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва ба таври қонунӣ мавҷуд будани ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин вазъи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро пешбинӣ мекард.

Ғайр аз ин, лоиҳаҳои пешниҳодшуда сарсухане (преамбулае) доштанд, ки дар онҳо чунин дастовардҳо, ба мисли сулҳи шаҳрвандӣ, ризоият, боварӣ, некӣ ва адолат баррасӣ шуда буданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин, эътибор ба идеяҳои давлатдории миллӣ, эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бемамониат тасдиқ карда шуд.

Ҳар ду лоиҳа Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва унитарӣ эълон намуда, барои ҳар як шаҳрванди он шароитеро кафолат медод, ки барои ҳаёт ва меҳнати сазовор, новобаста аз миллат, эътиқоди динӣ ва ақидаҳои сиёсӣ шароит фароҳам меовард. Ҳамзамон дар лоиҳаҳо фарқиятҳои зиёде оид ба низоми давлатдорӣ ва идораи ҳокимият вуҷуд дошт.

Комиссияи конститутсионӣ баъди муҳокимаи лоиҳаҳо барои ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия намудан ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани лоиҳаи Конститутсияи президентӣ қарор қабул намуд.

Мувофиқи қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нав дар воситаҳои ахбори омма нашр карда шуд.

Баъди муҳокимаи васеъ ва баррасии такрорӣ бо назардошти эроду пешниҳодҳо мувофиқи Қарори сессияи бистуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 он барои баррасӣ аввалан бо тартиби муҳокимаи умумихалқӣ (референдум) пешниҳод ва дар воситаҳои ахбори омма нашр карда шуд. Баъди нашри лоиҳаи Конститутсия то референдум (раъйпурсӣ) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул намудан ва ба амал татбиқ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.

Дар сарсухани қонуни номбурда зикр карда шудааст, ки бо ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ, дар рафти тадриҷан бартараф намудани оқибатҳои он дар натиҷаи меҳнати сулҳоварона ва пуршиддати мардуми тоҷик, саъю кӯшишҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо дастгирии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар мамлакатҳои дӯсту бародар, ташкилотҳои байналхалқӣ шароит барои амалӣ намудани дигаргунсозиҳои асосӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият дар асоси Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.

Зикр карда шуд, ки муҳокимаи умумихалқии моҳҳои апрел-июни соли 1994 баргузоршудаи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафти он ҷонибдории васеи мардумро ёфт, зарурати амалӣ намудани ислоҳоти конститутсиониро тасдиқ мекунад ва дар рӯзҳои наздиктарин қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ (референдум)ро талаб мекунад. Дар қарори номбурда зикр гардид, ки ниҳоди президентии дар лоиҳаи Конститутсия пешбинишуда, эътирофу ҷонибдории аксарияти халқи тоҷик- иштирокчиёни муҳокимаи онро пайдо намуд ва ин барои ба таври васеъ ба роҳ мондани кори омодасозӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.

Дар қисмати қарори қонун дар қатори дигар муқаррарот муайян карда шуда буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда ҳисобида мешавад, агар ба ҷонибдории вай зиёда аз нисфи интихобкунандагони дар раъйпурсӣ ширкатварзида овоз диҳанд.

Бо қонуни номбурда мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, муқаррар гардид, ки интихоби он дар асоси қонуни махсуси конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад.

6 ноябри соли 1994 раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 2 535 437 нафар шаҳрвандон ё 94,4% шумораи умумии интихобкунандагон иштирок намуданд. Барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 352 554 ё 87,59% ва ба интихоби Президент 84,7% овоз доданд. Конститутсия бо ҳамин ҳукми қонунӣ пайдо намуда, қабулшуда эътироф карда шуд.

Дар Конститутсияи соли 1994 ба ин ниҳоди конститутсионӣ-ҳуқуқӣ боби махсус: боби чаҳорум, ки «Президент» (м.м. 64-72) ном дорад, бахшида шудааст. Аз ин ба баъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳисоб карда шуда, вай ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ҳомии Конститутсия будани Президенти кишварро бо вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии ӯ алоқаманд намудааст, ки моҳияти онро бо чунин омилҳо ошкор кардан мумкин аст:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвар-мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол бо тартиби муқарраршуда интихоб менамоянд;

Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, вазъи конститутсионии ҳуқуқии ӯро Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Тоҷикистон танзим менамоянд. Тибқи қисми аввали моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду сифати айнии вазъи ҳуқуқиаш ҳамчун сарвари давлат ва ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи хосса дорад.

Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтан дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент — Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо мебошад.

Вазъи ҳуқуқии Президентро салоҳиятҳои ӯ, ки дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, қонунгузорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ ва муайян кардани низоми он, ҷобаҷогузории кадрҳо муайян намудааст, ки нақш ва мақому манзалати ӯро дар мураттабсозии ташкили низоми ҳокимияти давлатӣ вусъат мебахшад. Яъне қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии Президент ба раванди мураккаби бо ҳам алоқаманди ташкилию ҳуқуқӣ ва сиёсие алоқаманд мебошад, ки он, пеш аз ҳама, интихоб шудан ва шурӯъ намудан ба мансаб ва маҳдудиятҳои муқарраршударо дар бар мегирад. Ин меъёр чунин маънӣ дорад, ки бе роҳи интихоби қонунӣ ягон шаҳрванд ҳақ надорад мансаби Президенти кишварро ишғол намояд ва ё соҳиби салоҳияти ӯ гардад.

Тавре аз адабиёти ҳуқуқӣ-тафсирӣ бармеояд, биноан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Ба мансаби Президент шаҳрванди Тоҷикистон ба тариқи муқарраргардида интихоб шуда метавонад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Тартиби интихоби Президентро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.07.1994, № 1043 бо тағйироту иловаҳо аз 3.09.1999 (№384) ва аз 28.12.2005 (№140) танзим менамояд.

Барои ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бояд таҳти ҳимояи қонун ва таъминоти махсус қарор гирад. Масъалаҳои таъминот ва ҳимояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.11.1995, № 204 «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент қасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия баромад менамояд ва ин аз бонуфуз будани ҳамин ниҳод дар низоми ҳокимияти давлатӣ дарак медиҳад. Падидаҳои ҳокимияти давлатӣ дар кадоме аз низоми ҳуқуқӣ таъсис дода нашавад, новобаста аз сатҳи инкишофашон ҳокимияту итоаткуниро тақозо намуда, ҳамгироии фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатиро ба хотири ваҳдати он, пайдо нашудани «қувваи марказгурез» дар низоми давлатдорӣ, ба таври фаврӣ ва дар мусолиҳа ҳаллу фасл намудани масъалаҳои умдатарини давлату ҷомеа талаб менамояд. Ин салоҳиятро Президент доро мебошад, ӯ ҳамчун мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ намояндаи ягонаи умумихалқӣ мебошад, ки аз номи халқ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона доранда ва барандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вай ба тарзҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ шахси масъули бонуфуз дар механизми тавозуни (боздорӣ ва мувозинаи) ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок менамояд. Зеро амалисозии самтҳои фаъолияти Президент, ки аз салоҳиятҳои ӯ бармеоянд, бо низоми ҳокимияти иҷроия, мақомоти қонунгузор ва судӣ алоқаи зич дорад. Вай дар таъсисдиҳӣ ва фаъолияти онҳо бевосита салоҳияти конститутсионии хешро амалӣ месозад (моддаҳои 62, 69 Конститутсия). Масалан, Ҳукуматро таъсис медиҳад, Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъйин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъйин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад механизми мураттабсозӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, усули тавозуни ҳокимияти давлатиро ба таври воқеӣ истифода барад. Усули мазкур имкон медиҳад, ки мувофиқа ё ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кафили ягонагии ҳокимият ва сиёсати давлат амалӣ гардад ва дар асл ба дуализм ё анархияи ҳокимият роҳ дода нашавад, пойдориву бардавомии ҳокимияти давлатӣ таъмин гардад.

Барои амалӣ сохтани ин ҳуқуқҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон механизму тарзҳои гуногуни баамалбарориро истифода бурда метавонад: якум, бевосита ҳангоми истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ; дуюм, бевосита дар вақти ба қонун ё қисми он розӣ набудан Президент метавонад аз имзои он даст кашида, дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо қонунро ба Маҷлиси намояндагон баргардонад; сеюм, ба воситаи намояндаи худ дар парламент ҳангоми баррасии қонунҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ғайра мавқеи худро оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси Олӣ бо сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ки онро Президент муайян менамояд, равшану возеҳ мегардонад.

Албатта, ин тарзҳо истисноӣ набуда, вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳим ва вазъияти объективии бамиёномада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад дигар тарзу воситаҳои ҳуқуқиро истифода намояд.

Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори «секунҷаи» рукнҳои давлатӣ –ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ме­бошад, ба ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин нуқтаро аз муроҷиати шаҳрвандон ба Президенти кишвар чӣ бевосита, чӣ бавосита, бо воситаи хабаррасонии электронӣ (интернет) чунин шарҳ додан мумкин аст, ки Президент ягона нозири волои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ва шахси мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар таъмини кафолати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он баромад мекунад. Таҷрибаи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки на ҳама шахсони мансабдори мақомоти иҷроия ва судӣ вазифаи конститутсионии худро дар таъмини кафолати иҷрои Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври зарурӣ иҷро менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили риояи қарордодҳои байналмилалӣ, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян месозад. Зеро Конститутсия муқаррар намудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Ташкили қолаби нави фаъолият ва идораи давлат бо роҳбарии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол ва зуҳури ниҳоди президентӣ падидаи навини сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти давлатдории тоҷикон аз замони ҳокимияти асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ то имрӯз назир надорад. Сарфи назар аз дигаргуниҳову душвориҳо ва ислоҳот дар қолаби идораи давлат дар худ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои рукни ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроияро, ки бо он алоқаманд аст, ҳифз намуд.

Ҳамин тавр, қадами аввалин дар роҳи таъсис ва рушди ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон ба чор давра: ду давраи дар ҳайати иттиҳод будан (дар мафкура ва шуури ҳуқуқӣ) ва ду давраи нисбатан мустақилият доштан ҷудо шуда, ҳар кадоми онҳо ба марҳилаҳои муайян алоқаманд дониста мешавад.

Давраи охири зуҳури ниҳоди мазкур сифатан нав буда, бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз меёбад, ки ин давраи рушди ниҳоди президентиро низ метавон шартан ба чор марҳалаи ба ҳам зич алоқаманд тақсим намуд: солҳои 1994-1999; 1999-2003; 2003-2016; 2016 то ба имрӯз.

Ниҳоди президентӣ падидаи ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамто надорад. Новобаста аз душвориҳо тамоси худро ба тамоми соҳаҳо ва шохаҳои ҳокимият, хусусан ҳокимияти иҷроия нигоҳ дошта, минбаъд низ вобаста аз ислоҳот дар қолаби идораи кишвар таъсири хосиятҳои худро нигоҳ дошт.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки ҳар як сарвари давлат дар марҳилаи давлатдории тоҷикон баҳри ободии кишвар, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, равнақ додани як соҳаи хоҷагидорӣ ва ё илм, сохтмони шаҳрҳо, ташаккули мафкураи аҳолӣ кӯшишҳо ба харҷ дода, номи худро абадӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷик сабт намудаанд.

Дар ин миён дар рушд ва инкишофи давлатдории миллии тоҷикон саҳми беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назари қиёс бо вазни худ муқоисашаванда набуда, дар таърихи давлатдории тоҷикон назир надорад.

Сиёвуш НАБОТОВ,
докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: