Риояи Конститутсия тантанаи адолат аст!5-11-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 792 нафар
Назарҳо: 0
21 сол муқаддам мардуми Тоҷикистон бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ сарнавишти худро бо дасти хеш рӯи китоб оварда, Қонуни асосии мамлакатро қабул кард ва бо ин иқдом дар саҳифаҳои таърихиву сиёсии кишврамон падидаи нав ва басо муҳим сабт гардид.
Халқи сарбаланди Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашаванда ва комилҳуққи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки маъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсияеро қабул кард, ки дар он аввалин маротибба падидаҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таҷассум гардиданд, ки минбаъд асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохт ва шакли идоракунӣ, режими сиёсии давлат, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, кафолати ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, инчунин таҷзияи ҳокимияти давлатӣ аз он сарчашма мегиранд. Тибқи ин Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои инкишофи озодонаи шахс шароит фароҳам оварда шудааст. Тавре Пешвои Миллат Сарвари Муаззаму Муаззафи кишварамон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: «Дар қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад». Мувофиқи моддаи 6. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Яъне шаҳрвандон бо роҳи райъпурсӣ Қонуни асосӣ ва дар ҳолатҳои алоҳида вобаста ба масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ қонунҳоро қабул ва ё ба онҳо тағйиру илова ворид мекунанд, ба воситаи интихобот бошад, Президенти малакат ва вакилони мақоми олии қонунгузор ё вакилони маҷлисҳои маҳаллиро интихоб менамоянд, ки онҳо аз номи халқ ва ба манфиати халқу давлат фаъолият менамоянд. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқиву сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки шаҳрвандон дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд таъмин намуд. Дар Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ аввалин бор арзишҳои озодии виҷдон ва этиқоди динӣ, ки аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дуввуним ҳазор сол пеш қабул гардида буд, маншаъ гирифта, муқаррар ва мустаҳкам гардидаанд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ ва бахтномаи миллат ба гуногунадешӣ ва бисёрҳизбӣ, ки дар заминаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд ва инкишоф меёбанд, имконият фароҳам оварда шудааст. Мувофиқи моддаи 8. Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯри сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Бояд қайд кард, ки ҳама гуна имконияту озодиҳо дар навбати худ сарҳаду уҳдадорӣ дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонунҳо, адолату инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад. Ба ибораи дигар истифодаи ҳуқуқу озодӣ бояд ба андозае бошад, ки ҳуқуқу озодиҳои дигарон, манфиатҳои милливу давлатӣ ва асосҳои сохтори конститутсиониро халалдор насозад. Бо вуҷуди имкониятҳои фароҳам ва кафолати конститутсионӣ бархе аз гурӯҳҳо ва азҳоби сиёсӣ мехостанд мақсади худро маҷбуран ба сари мардум бор кунанд. Бояд дар назар дошт, ки мардуми Тоҷикистон роҳи худро аллакай муайян ва интихоб намуда, арзанда будан ё набудани онро дарк кардаанд, ки интихоботи Президенти Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Мақоми олии қонунгузор ва маҷлисҳои маҳалли халқ исботи гуфтаҳои боло мебошад. Илова бар ин этиқоди диннӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мафҳумҳои гуногун буда, аз якдигар бо мазмуну мундариҷа ва мақсаду маромашон ба куллӣ тафовут доранд. Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқиву сиёсӣ барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд. Вобаста ба ин муҳимияти Конститутсия Пешвои Миллатамон Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалии Раҳмон чунин гуфтаанд: “Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳя ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад ҳангоми таҳяи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин, ба инобат гирифта шудаанд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар воқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст.” Мувофиқи Конститутсия дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, нақши ҳокимияти судӣ бисёр бузург аст. Бо ҳамин мақсад дар Конститутсия ба ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ боби махсус бахшида шудааст, ки тибқи муқаррароти он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Дар заминаи Конститутсияи замони истиқлол ислоҳоти судӣ оғоз ёфт, ки мувофиқи он нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, Шӯрои адлия таъсис ёфта, муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид, ки ин ҳадафҳо дар маҷмуъ ба таъмини нуфузи мақомоти судӣ дар ҷамъият ва мустақилияти судяҳо равона гардидааст. Илова бар ин, дар ин давом бо ташаббуси бевосита ва фармонҳои Президенти Мамлакат се маротиба барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид, ки ба рушду инкишофи ин рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ заминаи бо эътимод гузошт. Имрӯзҳо хушбахтона талаботҳои Конститутсионӣ ба пуррагӣ риоя мегарданд ва барои рушди ҷумҳурӣ маҳаки асосӣ шудааст. Аз ин рӯ, риояи талаботҳои Конститутсионӣ дар оянда низ тантанаи адолатро ба пуррагӣ таъмин карда метавонад! ©Қувватзода Фотеҳ судяи суди ноҳияи Тоҷикобод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.