Кишварзода: Тағйирот ба Конститутсия тақозои замон аст18-05-2016, 18:00
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
То баргузории маъракаи сиёсии Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали эълон гардидани рӯзи Раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22-юми майи соли равон муайян гардидааст, бархе аз андешамандону шахсиятҳои алоҳида, дар мавриди зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия назару андешаҳои худро баён намудаанд. Перомуни масъалаи мазкур бо Абдурашид Кишварзода, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибае анҷом додем, ки мавсуф дар оғози суҳбат оид ба зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин шарҳ дод.
-Пеш аз ҳама бояд зикр намуд, ки зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд сабаб дорад. Якум, рушди босуботи ҷомеа, тақозо менамояд, ки дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа тағйиротҳои бемайлон ворид намоем. Мо бояд аз пешравиҳои ҷаҳони муосир қафо намонем ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хоса дар мукамал намудани қонунгузорӣ ва рушди босуботи давлат. Дуюм, тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи онҳо мусоидат менамояд. Ба ҳамаи мо маълумаст, ки мақомоти олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ мунтазам қонунҳои ҷориро такмил дода, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид месозад. Конститутсия ҳам қонун аст ва бо гузашти солҳо ба такмил додан зарурият дорад. Дар таърихи Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 дар Раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст, ду маротиба солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид шуда, такмил дода шуд. Ҳоло ҳам зарурият ба миён омадааст, ки меъёрҳои он такмил дода шавад. Сеюм, меъёрҳои асосии низоми давлатдорӣ, ки дар Конститутсия муайян карда шудаанд, ниёз ба дигаргуниҳо вобаста ба пешрафти ҷомеа доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радифи давлатҳои дар ҳоли рушд шомил буда, пешрафти ҷомеа аз чунин кишварҳо талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муносибату ҳамкории мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд. Барои ин ваколати баъзе мақомоти давлатӣ зиёд, баъзе маҳдуд ва бархе барҳам дода мешаванд. Чорум, бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар баъзе моддаҳои Конститутсия истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида мешаванд. Панҷум, мутобиқ сохтани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, ки ин бешубҳа ба муносибатҳои беруна ва ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳо ва давлатҳои хориҷӣ алоқаи зич дорад. Ба андешаи Шумо зарурияти аз ном ва матни Конститутсия хориҷ кардани калимаи «Сарқонун» дар чист, оё ин калима фарқияти Конститутсияи моро аз дигар давлатҳо ифода намекард? -Калимаи Конститутсия вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ буда, аз калимаи лотинӣ гирифта шуда маънояш «муайянкунанда, муқарарркунанда» мебошад. Калимаи «Сарқонун» маънои «боло», «баланд», «сарчашма»-ро ифода мекунад, аммо маънои пурраи Конститутсияро дар бар гирифта наметавонад. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон калимаи Конститутсия истифода мешавад. Аз ҳамин лиҳоз истифодаи калимаи «Сарқонун» дар ном ва матни Конститутсия зарурият надорад. Метавонед моҳияти бархе аз тағйиру иловаҳоро шарҳ диҳед? Дар моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда мешавад, ки тибқи он шакли идораи ҶумҳурииТоҷикистон президентӣ ифода мегардад. Аз соли 1994, ки Конститутсияи амалкунанда қабул шуда буд, шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «шакли президентӣ» муқарар шудааст. Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Аммо ин шакли идоракунӣ дар Конститутсия дарҷ нашудааст ва ин илова Конститутсияро мукаммал мегардонад. Дар моддаи ҳаштуми Конститутсия қисми шашум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки аҳамияти басо муҳими сиёсӣ – ҷамъиятиро дорост. Пешниҳод шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва диннидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. Таърих гувоҳаст, ки таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ хусусияти миллӣ ва диннидошта ба низоъи байни миллатҳо, халқиятҳо, мазҳабҳо ва равишҳои динидошта оварда расонидааст. Яъне, чунин ҳизбҳо асосан бо роҳи зӯроварӣ ба сари ҳокимият омаданро пеша месозанд, ки чунин амалҳо ғайриқонунӣ ҳисобида мешаванд. Инчунин ҳизбҳои хусусияти динидошта метавонанд аз эътиқоди мардум ба дин суйистифода намоянд, дар ҳоле, ки шахс дар интихоби дин озод ва мустақил аст. Аз ин лиҳоз гурӯҳи шахсони ғаразнок метавонанд, эътиқоди диннии мардумро бо сиёсат омехта намоянд. Ғайр аз ин дар дигар иловаю тағйиротҳо ба моддаҳои алоҳида ба хотири боз ҳам мустаҳкам кардани рукнҳои асосии давлатдорӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон пешниҳодҳо шудааст, ки басо аҳамияти муҳими таърихӣ доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.