Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Давлатдорӣ ва Конститутсия

Давлатдорӣ ва Конститутсия

7-11-2017, 14:19
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Давлат ва ҳуқуқ ҳамавақт вуҷуд надошт. Вале қудрат вуҷуд дошт, ки ҳокимият аз рӯи одатҳо, расму анъанаҳо амал мекард.
Дар ҳар мамлакат барои мустаҳкам кардани сиёсати давлатӣ, ҷорӣ кардани низому тартибот ва дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои ташкилотҳо ба шахсони алоҳида қонунҳо қабул карда мешуданд.
Чунин қонунҳо қувваи олии ҳуқуқӣ доштанд. Мардум маҷбур буд, ки он қонунҳоро иҷро кунанд. Зеро барои иҷро накардани қонунҳо ҷазои сахт медоданд. Ҳатто бо амри баъзе қозиҳо шоҳон ба одамон ҷазои вазнинтарин-ҳукми қатл медоданд. То қабул шудани Конститутсия ҷони одам арзише надошт.
Аввалин Конститутсия дар таърихи давлатдорӣ соли 1787 дар ИМА ва баъдан соли 1791 дар Фаронса қабул шуд. Мақсади асосии қабули ин конститутсияҳо беҳтар кардани низоми идоракунии ҷомеа буд. Вале номи конститутсия ҳануз аз давраи мавҷудияти империяи Руми қадим маълум буд. Санадҳои алоҳидаи ҳуқуқиро конститутсия ном мебурданд.
Конститутсияҳои солҳои 1787 ва 1791 қабулшуда бо вуҷуди бисёр камбудиҳояш таҳкурсии ҳуқуқии давлатҳои дунявиро бунёд карда, барои демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ асос гузоштааст.
Ба ақидаи эъҷодкунандагони қонунҳо Конститутсия бояд фаъолияти ҳукуматдорон ва рафтори одамонро ба танзим медароварданд ва барои пешгирии бенизомиҳо хотима мегузоштанд. Баъдтар конститутсия дар ҳамаи давлатҳо қабул карда шуд.
Соли 1919 дар Олмон Конститутсия қабул карда шуд, ки он ба номи Конститутсияи Веймарӣ машҳур аст. Ин Конститутсия сарқонуни демократитарин дар ин давра буд. Дар Олмон соли 1933 ҳизби сиёсие бо раҳбарии А. Гитлер ба сари ҳокимият омад, ки сиёсати нажодпарастӣ ва ғайридемократиро пеша кард. Дар мамлакат диктатураи фашистӣ ҷорӣ карда шуд. Дар Конститутсияи ИҶШС, соли 1929 сохтори Давлати Шӯравӣ демократӣ эълон шуда буд. Вале ин талаботи Конститутсионӣ ба бе суд ва далелҳои шайъӣ нест кардани миллионҳо шаҳрвандон оварда расонид.
Барои ҷорӣ кардани сохторҳои демократӣ ва сиёсати демократӣ инчунин маърифати баланди ҳукматдорон ва шаҳрвандон лозим аст.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон вобаста ба дигаргуниҳои ба амал омада, қабули Конститутсияи нав зарур шуд. Аз ин рӯ, соли 1992 лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муҳокимаи оммавӣ гузошта шуд. Дар хусуси ном ва мазмуни Конститутсия баҳси калоне бархоста буд, ки дар муҳокимаи он натанҳо кормандони соҳаи ҳуқуқ балки одамони касбу кори дигар ҳам фаъолона иштирок карданд. Комиссияи махсусе, ки барои тартиб додани лоиҳаи Конститутсия ташкил шуда буд, фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандонро ҷамъбаст намуда, бо назардошти ин лоиҳаи Конститутсияро тартиб дода, онро ба номи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокима пешниҳод карданд. Лоиҳа аз нав дида баромада, дар райъпурсии умумихалқии 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд. Дар сарсухани Конститутсияи Тоҷикистон омадааст. «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Ба он се маротиба, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Дар боби якум моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Дар моддаи 98-99 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст.
«Моддаи 98. Таѓйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
Моддаи 99. Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд».
Бояд зикр намуд, ки маҳз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи давлату миллати халқи тоҷик муайян гашт ва барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаро муҳайё намуд.
Наргис Шамсова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: