Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи Президент ифодаи маҳбубияти халқ аст

Таҷлили Рӯзи Президент ифодаи маҳбубияти халқ аст

16-11-2016, 11:20
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
16 ноябри соли 1994 Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон қасам ёд карда, ба хотири арҷ гузоштан ба ин рӯзи таърихӣ ва,пеш аз ҳама, ба хизматҳои бузурги тақдирсози ин шахсияти таърихӣ баҳри аз парокандагӣ раҳо додани миллат, аз нестшавӣ нигоҳ доштани давлат ва аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намудани халқ, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати навини тоҷикон, рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии он, бо Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон аз 14 майи соли 2016, №1320 ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид карда шуда, тибқи он,аз ин баъд, ҳамасола, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рӯзи ид қайд карда мешавад.
Тоҷикистон аз лиҳози танзими конститутсионии ташаккул ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, як муддат солҳои 1990-1992 ва баъдан аз 6 ноябри соли 1994, пас аз қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонамалан ҷумҳурии президентӣ буд ва ҳаст, вале маҳз президентӣ будани он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дарҷ нагардида буд.
Аз ин рӯ, 22 майи соли 2016 ба моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дуюм илова карда шуд, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода гардида, ин меъёри конститутсионӣ шакли идоракунии ҷумҳуриамонро возеҳу равшан намуд.
Боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент бахшида шуда, тибқи моддаи 64-и он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Мутобиқи моддаи 65-и Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Дар моддаи 69-и Конститутсия салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки тибқи он, ӯ,аз ҷумла, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад, ба қонунҳо имзо мегузорад, ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
Тибқи моддаи 72-и Қонститутсия Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷастатарин симои сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буда, аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштани миллат ва давлати тозабунёди тоҷикон, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ дар ҷомеа, рушду нумуи кишвар,ташаккули пояҳои давлати демократӣ ва иқтисоди миллӣ маҳз ба номи ин шахсияти бузург вобастаанд.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сурат гирифта, заминаҳои устувори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиа ва амнияти миллӣ фароҳам оварда шуданд.
Бо дарназардошти ин воқеият ва бо такя ба райъи мардуми кишвар, 25 декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул карда шуда, он нигоҳ доштани ваколатҳои алоҳида, таъсир дар бамалбарории сиёсати давлатӣ, дахлнопазирии шахсӣ, молу амвол ва бархурдории Пешвои миллатро аз имтиёзҳо муқаррар намуд.
Тибқи қисми 3-и моддаи 1-и Қонуни мазкур ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда шуд.
Тағйироте, ки 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумхалқӣ ба моддаи 65-и Конститутсия якдилона қабул карда шуд, ба Қонуни мазкур заминаи конститутсионӣ бахшида, ҳамзамон муқаррар намуд, ки ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, татбиқ намегардад.
Ин тағйирот ба анъана ва расму оинҳои таърихӣ ва муосири давлатдорӣ асос ёфта, ҳадафи он ҳифзи бардавомии давлатдории миллӣ дар пешорӯи таҳдидҳо ва имтиҳонҳои навин мебошад.
Дар кишварҳои шарқӣ роҳбари давлат чун анъана меҳвари ҳокимият, мояи ваҳдати миллӣ, кафили амнияту субот ва рушду нумӯи кишвар буда, пояҳои давлатдорӣ, тартибу низом ва сулҳу осоиш то замоне устуворанд, ки пешвои матину қавиирода ва аз бовариву муҳаббати мардум бархурдор, дар сари қудрат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои ҳамаи ин сифатҳо буда, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи ҷаҳонӣ, барҳақ, ҳамчун наҷотбахши миллати тоҷик эътироф шудааст.
Чунин эътирофу эҳтиромвақадрдонӣ ба Пешвои миллат онро ифода мекунад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихӣ, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст.
Бинобар ин, шахсияти таърихӣ бояд имконияти идомаи корҳои оғознамуда итақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату ватанро ба қуллаҳои мурод расонад. Аз ин лиҳоз, идомаи роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи мардуми шарифи Тоҷикистон, кафолати амнияту субот, пойдорӣ ва рушду нумӯи давлати мустақили тоҷикон мебошад.
Инчунин, ҷузъи муҳими тағйиру иловаҳоеро, ки 22 майи соли ҷорӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шуданд, чӣ тавре қайд карда шуд, муайян намудани мақоми конститутсионии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатташкил медиҳад.
Дар қисми4-и моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тағйирот ворид карда шуд, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатр оқонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Бо ин мақсад, 26 октябри соли 2016 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузорисулҳуваҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат» аз 25 декабри соли 2015,Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузорисулҳуваҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат»қабул ва он 08 ноябри соли 2016 аз тарафи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон қабул карда шуда, вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
Аз ҷумла, Қонуни конститутсионии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллат баҳогузорӣ намуда, саҳми беназир ва нақши арзандаи ӯро ҳамчун Сарвари давлат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дарҷ карда, хизматҳои бузурги тақдирсози ӯро баҳри аз парокандагӣ раҳо додани миллат, аз нестшавӣ нигоҳ доштани давлат ва аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намудани халқ, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон дарҷ кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Қонуни конститутсионии мазкур дар қатори салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҷумҳурӣ муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсӣ-ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯро дар давраи фаъолияташҳамчун Президентва баъди он, муқаррар менамояд.
Аз ҷумла, дар моддаи 3-и ин Қонун салоҳияти якумраи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муқаррар карда шудааст.
Чунончӣ, ӯ метавонад ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар Қонуни конститутсионӣ таъмини хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, нафақа, суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муқаррар карда шудаанд.
Дар робита бо ин, ҳамзамон, 26 октябри соли 2016 аз тарафи вакилони халқ ба ҷои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 04 ноябри соли 1995, №204, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва он 08 ноябри соли 2016 аз тарафи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни дигаре, ки бевосита ба институти президентӣ дарТоҷикистон бахшида шудааст, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006, № 192 мебошад.
Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад.
Тибқи моддаи 1-и ин Қонунрамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамин тариқ, агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудан, аз як тараф баҳри ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин самт равона шуда бошад, аз тарафи дигар, бо итминони комил гуфта метавонем, ки таҷлили он,бори дигар, барои ифодаи маҳбубияту самимияти халқи шарифи Тоҷикистон ба сарвари худ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муттаҳид гаштани онҳо дар гирди ӯ-ҳамчун Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, асосгузори давлати навини тоҷикон ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни ӯ дар хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ,пойдории суботи сиёсӣ дар кишвар, боз як имконияти дигар фароҳам меоварад.

Сафарзода Баҳриддин,
прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа,
мушовири адлияи дараҷаи 1
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: