Конститутсия-кафолати мустақилият5-11-2018, 10:46
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Зарурати қабули Конститутсияи нав ҳанӯз баъди эълони мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада буд. Зеро Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и то ин давра амалкунанда дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1978 қабул гардида, ба талаботи замони нав мувофиқат намекард. Ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуд, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардид. Лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, апрел-июни соли 1994 барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ва мавриди дастгирии васеи сокинони мамлакат қарор гирифт. Қишрҳои гуногуни аҳолӣ зарурати ҳарчӣ зудтар амалӣ сохтани ислоҳоти конститутсиониро пазируфтанд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард. Бо дастрасии Эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки лоиҳаи Конститутсия бо дарназардошти ҷамъбасти муҳокимаи халқӣ маъқул дониста, ба овоздиҳии халқӣ (референдум) гузошта шавад. Тибқи қонуни мазкур рўзи референдум 6 ноябри соли 1994 таъин гардида, муқаррар шуд, ки он ҳамчун рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳамчун Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардад. Инчунин, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва қарор шуд, ки дар як вақт бо референдум оид ба қабули Конститутсия интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад. Дар Қонуни мазкур бори аввал дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «қонуни конститутсионӣ» ворид шуда, муқаррар гардид, ки он дорои эътибори Қонуни конститутсионӣ мебошад ва ҳамчунин ба ташкил гардидани Суди конститутсионӣ ва нахустин судҳои иқтисодии ҷумҳуриамон асос ва заминаи устувор гузошт. Тибқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни мазкур судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд. Яке аз тадбирҳои иҷтимоию сиёсие, ки баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад, ислоҳоти ҳуқуқӣ аст. Ислоҳоти мазкур бо дарназардошти дурнамои рушди ҷомеа, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона маънидод шудааст, ҷараён гирифта, боиси ба амал омадани натиҷаҳои хеле муҳим гардидааст. Дар партави Конститутсия кишварамон дорои як силсила қонунҳои сарнавиштсоз гардид, ки инкишофи пайвастаи онро ҷониби ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ таъмин мекунад. Дар фосилаи кӯтоҳе аз ҷониби Парламенти мамлакат чандин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки барои тараққиёти ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани иқтисоди бозоргонӣ ва муҳимтар аз ҳама – ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нуфузу эътибор пайдо кардани он дар сатҳи байналхалқӣ заминаҳои устувору боэътимод фароҳам оварданд. Ислоҳоти судӣ ҳамон вақт ба дигаргунсозии ҷомеа, инкишофи мунтазами он мусоидат мекунад, ки агар роҳу усулҳои пурра татбиқ шудани қонунҳо аз ҷониби суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ таъмин шаванд. Аз ин сабаб, масъулияти бештаре ба дӯши мақомоти судӣ вогузор аст, зеро таъмини адолат боиси устувории пояҳои давлатдорӣ хоҳад буд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Адолати том ва таъмини ҳаққу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаю созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд. Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ дорад». Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ барои баровардани ҳокимияти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия асоси қонунӣ гузошта шуда, бори аввал ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар натиҷаи татбиқ ва риояи бемайлони меъёрҳои Конститутсия ҷомеаи ҳуқуқбунёди мо ба комёбиҳои бештар ноил хоҳад гардид. Раҳматулло Камолзода, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.