Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҳфили ”Мактаби хушдоман"

Маҳфили ”Мактаби хушдоман"

20-07-2018, 08:07
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Маҳфили ”Мактаби хушдоман"
Оила чун ниҳоди асосии ҷомеа дар рушди такомули давлат мақоми хоса касб кардааст.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то арзишҳои асосии фарҳанги оиладории тоҷикӣ ҳифз карда шаванд. Огаҳии комил доштан оид ба маърифати оиладорӣ иқдоми ҷиддиест дар ҳалли мушкилоти оиладорӣ.
Роҳандозӣ гардонидани маҳфили “Мактаби хушдоман” дар кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаҳодат аз он медиҳад, ки мо дар эҳё кардани анъанаҳои хуби оиладорӣ, мустаҳкам кардани нуфузи оила дар ҷомеа, дастгирии муқаддасоти оилавӣ ба мисли муҳаббат, вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми босазо ва мондагор мегузорем.
Лозим ба ёдоварист, ки ин навбат маҳфили “Мактаби хушдоман” бо сарварии мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимзода дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом гузаронида шуд.
Оила макони беолоиш ва бехатар барои ҳар як аъзои оила мебошад.
Оила ҷаҳони хурдест, ки фалсафаи худро дорад.
Ин ва дигар нуктаҳо дар маҳфили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шаш оилаи намунавӣ бо барномаҳои ҷолиб баромад намуда, оиларо чун макони муқаддас, тарбияи шахси комили ҷомеъа муаррифӣ намудаанд.
“Бо эътимоду боварии комил гуфта метавонем, ки баргузории чунин маҳфилҳо аҳмияти назаррас доранд ва барои баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд”,- мегӯяд, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева
Дар маҷмӯъ, маҳфили “Мактаби Хушдоман” метавонад одамонро барои барпо кардани оилаи намунавию солим ҳавасманд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: