Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҳфили навбатии «Дугонаҳо»

Маҳфили навбатии «Дугонаҳо»

3-08-2017, 14:12
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Маҳфили навбатии «Дугонаҳо»
КОНИБОДОМ. Маҳфили навбатии «Дугонаҳо» дар кумитаи маҳаллаи «Мирмуъмин» доир гардид. Он бо иштироки бошандагони маҳал, занону духтарон ва меҳмонон аз дигар кумитаҳои маҳал дар маркази маҳалла баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини раиси шаҳр Ашурматзода З. ва муовини раиси КИШ ҲХДТ Холматова Х. ширкат варзиданд. Маҳфил бо намоиши ҳунарҳои дастии бошандагони маҳалла оғоз ёфта, меҳмонон аз он дидан карданд. Намунаҳои зебои ҳунари гулдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ ва пазандагӣ нишон дода шуд. Аз ҷониби арӯсони маҳал тарзи тайёр кардани наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом нишон дода шуд.
Аз тарафи ансамбли фолклории «Хоҳаракон»-и назди бахши фарҳанги шаҳр аз ҳаёти оилавии зани тоҷик саҳначае бо номи «Зулми хушдоман» ба намоиш гузошта шуд, ки таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуд. Ба маҳфил якчанд оилаҳои намунавии маҳалла — оилаи Соҳибовҳо, Раҳмоновҳо, Сатторовҳо ва Ҳалимовҳо ҳусни хоса зам намуданд. Хушдоманҳо аз ҳаёти чандинсолаи тифоқашон барои ҷавонон нақлҳо карда, ба сабурӣ ва ҳамдигарфаҳмию муҳаббат парваридан ба якдигар даъват намуданд. Мақсади ташкили маҳфил баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, бунёди оилаҳои солим, одоби рӯзгордорӣ ва фарҳанги либоспӯшиву маҳорати кадбонугӣ мебошад. Инчунин оид ба риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди мухокима карор дошт. Маҳфил басо хотирмон анҷом ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: