Маҳфили «Кадбону»27-02-2017, 11:24
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
![]() Гулдухтарону бонувон дар чорабинӣ бо дастранҷи худ аз ҷумла, таомҳои миллӣ, хуришҳо ва либоси миллии омодакарда иштирокдоронро ба ҳайрат гузоштанд. Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова дар суханронии хеш қайд намуд, ки Шумо бонувону духтарон тарбиятгари насли оянда буда, баҳри посдории фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ саҳми арзанда доред. Барои иштироки фаъолонаи бонувону духтарон Сипосномаи Раиси ноҳия супорида шуд. Баҳри болидахотирии ҳамагон бо иштироки сарояндагон барномаи фарҳангӣ низ баргузор гардид. Лоиқ Тӯйчиев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.