Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҳфили «Хонадон» дар Деваштич

Маҳфили «Хонадон» дар Деваштич

5-03-2018, 10:31
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
		Маҳфили «Хонадон» дар Деваштич
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар хонаи Маданияти маркази ноҳия маҳфили «Хонадон» баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки давраи аввали маҳфил дар ҳамаи деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуда буд. Дар маҳфил намояндагони ҳамаи Ҷамоатҳо, шӯрои занон, шӯрои маҳаллаҳо, оилаҳои ҷавон, масъулини шӯъбаи маориф ва тандурустӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин маҳфил дар амал татбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» инчунин дар бораи ҳимояи давлатии оила, мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии зӯроварӣ дар оила мебошад.
Дар маҳфил ёрдамчии калони прокурори ноҳия Фурқат Абдуқаюмзода, котиби суди ноҳия Наимӣ Гулноза, муовини сардори ШВКД-и ноҳия Бобоҷон Қосимов, равонншинов-омӯзгор Шараф Зикруллоев, имомхатиби ноҳия Наҷмиддин Бобоҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Лоиқ Тӯйчиев корманди КИН ҲХДТ дар ноҳияи
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: