Ташкили маҳфили омӯзишии «Кошонаи саодат»23-10-2015, 14:40
Хабарро хонданд: 516 нафар
Назарҳо: 0
![]() Иштирокдорони ин ҳамоищ андешаҳояшонро оиди масъалаи мазкур иброз намуда, ташкили ин маҳфили омӯзиширо айни муддао ва саривақтӣ ҳисобиданд. Собиқадори меҳнат, ходими давлатию сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова низ ташкили чунин маҳфили омӯзиширо мувофиқи мақсад ва манфиати онро барои ҷавонон хеле зиёд арзёбӣ намуд. Раиси ташкилоти ибтидоии КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд М.Дадобоева дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» суханронӣ намуд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова дар бораи ҳадафҳои асосии ташкили маҳфили омӯзишии «Кошонаи саодат» дар КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд истода гузашта, таъкид намуд, ки ба омӯзандагон дар баробари омӯзонидани ин ё он ҳунар сӯҳбати равонӣ, ҳуқуқӣ, машқи ташаккули маҳорати гуфтани «Сухани сеҳрнок», одоби муошират, рӯзгордорӣ ва омӯзонидани банақшагирии буҷаи оилавӣ ташкил карда шуда, дар ин суҳбату мулоқотҳо модарони собиқадор ва шахсони таҷрибаи бои зиндагидошта, кадбонуҳои беҳтарин, мутахассисони варзида, равоншиносону ҳуқуқшиносон дар бораи маърифати оиладорӣ маълумотҳои зарурӣ дода, сирри мустаҳкамии оиладориро бо роҳи пурсишу посух ба ҷавонон меомӯзонанд. Ин чорабинӣ идомаи чорабиниҳо бахшида ба Соли Оила ва ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.