Маҳфили мубоҳисавии занон13-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 340 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Шаҳристон бо занону духтарони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия маҳфили мубоҳисавии занҳо дар мавзӯъҳои “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Пешгирии никоҳи хешутаборӣ” муҳокима гардид.
Барои равшанӣ андохтан ба масъалаҳои мазкур аз ташкилоти ибтидоии “БМН” духтури калони шӯъбаи амрози занона Эралова Лола баромад намуд. Инчунин аз собиқадорони ҲХДТ Алиҷонова Саломат оиди сабабҳои асосии вайроншавии оила маҳз дар ҳамин масъалаҳо баромад кард. Мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Примқулова Зебо низ оиди масъалаҳои мазкур аз нуқтаи назари сиёсӣ баромад намуд. Ҳамаи занҳои фаъол дар масъалаҳои мубрами рӯз, бетараф набуда, сараввал дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро баъдан барои роҳ надодан ба ин масъалаҳои мазкур аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, иҷро менамоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.