Хобҳо низ амалӣ мешаванд!31-12-2015, 14:00
Хабарро хонданд: 396 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба Соли нави 2016 дар театри Ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи ба номи А.С. Пушкини шаҳри Чкалов барои кӯдакони маъюби шаҳр намоишномаи бачагона таҳти унвони «Хобҳо низ амалӣ мешаванд» баргузор гардид. Намоишнома фарогири мавзӯъи мӯъҷизаҳои Соли навӣ ва рӯйдодҳои рангини афсонавӣ буд. «Мақсади асосии намоишнома болидахотирӣ ва шодиву нишоти кӯдакон хосатан маъюбон аст. Тӯли чанд рӯз намоишномаи мазкур ба саҳна гузошта шуда буд ва имрӯз мо тасмим гирифем, ки кӯдакони маъюбро низ ҷалб карда бошем. Гумон мекунам, намоиши ин гуна саҳнаҳо табъи кӯдаконро болида гардонида барои боз ҳам бештар ба мӯъҷиза бовар кардани онҳо мусоидат менамоянд» – иброз дошт директории театр Муқимҷон Абдуфаттоев. Намоишнома дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, баъди анҷоми он дар ошёнаи дуюми театр тамошобинон бо Бобои барфӣ, барфак ва қаҳрамонҳои афсонавӣ дар бозиҳои шавқовар иштирок карданд ва аз тарафи Бобои барфӣ ба тамоми кӯдакон тӯҳфаҳои Соли навӣ супорида шуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.