Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Театр дар меҳмонии кӯдакон

Театр дар меҳмонии кӯдакон

24-12-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 506 нафар
Назарҳо: 0
Театр дар меҳмонии кӯдаконДар асоси дастуру супоришҳои роҳбари муаззами ҳизб, Президенти кишвар - Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи Соли нави мелодӣ дар тамоми гушаву канори кишвар аксия аёдати ятимони бепарастор ва пирони ниёзманд амалӣ шуда истодааст. Дар ин замина, 24 декабр Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №3 шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-хайриявиро таҳти унвони “Театр дар меҳмонии кӯдакон” бо иштироки ҳунарпешагони театри бачагонаи “Лухтак” баргузор намуд.

Ҳайати эҷодии театр барномаи ҷолиберо ба кӯдакон намоиш дода, хотири онҳоро болида намуданд.

Дар фарҷоми намоиш ба ҳамаи кӯдакони ин муассисаи таълимӣ шириниҳо ва тӯҳфаҳо тақдим намуда шуд.

Бо ибтикори Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чунин чорабиниҳои фарҳангӣ – хайриявии ҷолиб ва хотирмон баргузор намуда шуданд. Дар аксари чорабиниҳои доиргардида ба кӯдакони ятиму эҳтиёҷманд ва маъюб тӯҳфаҳо супорида шуд.

Дар давоми сол ба 1000 оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, хона-интернатҳои кӯдакони ятим аз тарафи ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ кӯмаки моддиву молиявӣ дар арафаи иду чашнворахо расонида шудааст.
©Гулҳаёи Мадимар
Театр дар меҳмонии кӯдакон
Театр дар меҳмонии кӯдакон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: