Иҷлосияи навбатӣ баргузор гардид29-12-2015, 12:10
Хабарро хонданд: 437 нафар
Назарҳо: 0
![]() 1. Ҳисоботи Раиси шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар соли 2015; 2. Дар бораи лоиҳаи буҷети маҳаллии шаҳри Чкалов барои соли 2016 ва ҳисобот оиди иҷрои буҷети маҳаллии шаҳр барои соли 2014; 3. Дар бораи муқарра намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Чкалов; 4. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Чкалов барои соли 2015; 5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №3 Валиева Мастура Набихоновна оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ; 6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр. ![]() Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл бо қарори Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар шаҳри Чкалов ба ҷои вакили ваколаташ пеш аз мӯҳлат қатъгардида, номзадии муовини Раиси шаҳр Мухторов Киромиддин пешбарӣ гардида буд. Дар ин радиф, санаи 27 декабр дар шаҳри Чкалов интитхобот баргузор гардид. Дар интихобот Мухторов К. бо гирифтани 74,6%-и овозҳо пирӯзӣ ба даст оварда, дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов ваколати вакил тасдиқ гардид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.